Ҳафтаи гузашта мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии Директори минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид. Дар мулоқот стратегияи нави ҳамкории Вазорати нақлиёти ҶТ ва Гурӯҳи БИР мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот, ки дар он ҳамчунин муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода ва директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе – Чаноқ”» Зафар Шарифзода ширкат намуданд, масъоили ҳамкориҳо бо Бонки мазкур ва маблағгузории лоиҳаҳо муҳокима карда шуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳокимашуда ба таҷдиди роҳи автомоиблгарди “Гулистон-Фархор-Панҷ –Дӯстӣ”, аз ҷумла қитъаи якуми он аз деҳоти Гулистон то ноҳияи Фархор рабт дошт.
Вазири нақлиёти ҶТ барои хамкорӣ ба намояндагони Боки Исломии Рушд изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки роҳи мошингарди “Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ”, ки аз ҷониби БИР маблағгузорӣ карда мешавад, як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалиест, ки барои баромадан ба кишварҳои дорои дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ шароити хуб фароҳам меорад.
«Роҳи мазкур аз аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ бархурдор буда, барои густариши мусофирбарию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд», - гуфт Азим Иброҳим.
Дар идома ӯ зикр кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Иброҳим Шукрӣ аз фаъолияти МД “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ” изҳори қаноамандӣ кард ва баён дошт, ки БИР ҷиҳати таҳкими захираҳои кории Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар омӯзиши усулҳои нави роҳсозӣ, ки ба назикӣ барои харид, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳо қабул карда шуда буданд, мушовири байналмилалӣ ҷудо мекунад,
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи интихоби сойири мушовирон ва паймонкоронро дар лоиҳаи мазкур муҳокима намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳори умедворӣ намуд, ки БИР дар татбиқи дигар лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон кумаки худро дареғ нахоҳад дошт.