Хабарҳо

slider_img
slider_img

Дар Душанбе Қарордод миёни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.

Санаи нашр: 24-10-2023 Просмотрено: 1946

24 октябр дар Душанбе, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)», маросими  имзои Қарордод миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳои (барйерҳои) муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ доир гардид.

Санадро аз ҷониби фармоишгар Вазири нақлиёти Ҷумҳурипи Тоҷикистон Азим Иброҳим, аз ҷониби иҷрокунанда – ширкати машваратии Кувайт  «NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants»  Намояндаи ваколатдор/менеҷер оид ба амалиёт ва технологияҳои  иттилоотӣ Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш имзо намуданд.

   Дар маросими имзои қарордод инчунин Нурулло Рузӣ – сардори Раёсати муносибатҳои байналмиллалӣ, Сӯҳроби Нурулло – сардори Шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ, Усмон Сиддиқов – ҳамоҳангсози лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и Вазорати нақлиёти ҶТ ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.

    Вазифаи ширкати машваратӣ - таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ  мебошад, ки дар онҳо тибқи талаботи меъёр (стандарт) бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин карда мешавад.

   Ширкат  инчунин хизматрасониҳои  машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд.

    Дар доираи лоиҳаи мазкур омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири  «Душанбе - Ваҳдат - Кӯлоб -Хоруғ - гузаргоҳи Қулма (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин - Шкев)»  ва масири «Ваҳдат – Рашт - Лахш - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон)» ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.