Нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо дар кишвар (беш аз 90%) маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Аммо он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст. Дар ин бора имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва муассисаҳои зертобеи вазорат изҳори нигарогнӣ кард.
Вазири нақлиёт навореро мисол овард, ки онро як корбари Instagramm бо номи «@Palviz_tv H» дар ин шабакаи иҷтимоӣ паҳн кардааст ва дар ин навор пулеро дидан мумкин аст, ки зери мошини гаронвазн тоб наоварда, шикастааст.
Муовини вазир Фаррух Неъматзода дар бораи ин ҳодиса чунин иттилоъ дод: 4 январи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ мошини боркаши «Дулан», рақами қайди давлатиаш 12-13 ВВ РТ 01, ронандааш Мирзоев Ибодулло Аловиддинович, ҳангоми интиқоли сангу шағал аз болои пули нақлиётии байни деҳаҳои Тугарак ва Хосаи Қурбон бо вазни аз меъёр зиёд (тақрибан 50-52 Тонна) гузашта, боиси шикаста ва фурӯ рехтани ин пул гардидааст.
Андозаи пул 33 бар 3 метр буда, пеш аз он аломати роҳ бо нишондоди иқтидори борбардории пул – 40 тонна насб карда шудааст.
Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби муовини Раиси ноҳия Сабур Султонзода, сардори ШКҲФ ва МГ дар ноҳияи Восеъ подполковник Д. Ятимов, Раиси ҷамоати деҳоти Тугарак Нилуфари Амрулло, сармуҳандиси Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия С. Саидов ва нозири шуъбаи БДА-и ноҳия Ё. Шарипов тартиб дода, маводҳо ба прокуратураи ноҳияи Восеъ барои чораҷӯӣ супорида шуданд.
***
Тавре Вазири нақлиёт изҳор дошт, буҷет ҳамасола даҳҳо миллион сомониро аз сабаби бо вазни аз меъёр зиёд дар роҳҳо ҳаракат кардани мошинҳои боркаш аз даст медиҳад. Аммо дар пешгирии ин ҳолат, сарфи назар аз ҷаримаҳо, ҳанӯз натиҷаҳои назаррас ба назар намерасанд.
«Ин дар ҳолест, ки дар чумҳурӣ ҳаракати мошинҳои вазнин, ки беш аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ карда шудааст. Ғайр аз ин, дар баъзе роҳҳои калон дар фасли зимистон ва тобистон барои ҳаракати ҳама мошинҳои вазнин маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаваанд», - таъкид кард ӯ.
Мутахассисон мегӯянд, ки таъсири харобиовари як мошини боркаш ба роҳ ба таъсири 100 000 мошини сабукрав баробар аст.Ҳаракати мошини боркаш, ки тибқи меъёрҳо бор гирифтааст, ба мум (асфалт) баробари 20 000 мошини сабукрав, яъне панҷ маротиба камтар осеб мерасонад.
***
Ва боз... Мошинҳои гаронвазн барои дигар иштирокчиёнир ҳаракат дар роҳ хатар низ эҷод мекунанд. Аз ин сабаб, дар бораи вазни мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳо қарорҳои қатъии ҳукумат содир мешаванд.
Мошине, ки аз ҳад зиёд бор дорад, ба осонӣ суръат мегирад, вале хеле бо душворӣ ист мекунад. Ба ибораи дигар, чунин мошин одатан қодир аст зуд ҳаракат кунад, аммо идора кардан ва тормоз доданаш осон нахоҳад буд. Аз ин рӯ, садамаҳо бо мошинҳои пурбор метавонанд марговар бошанд. Инро садамаи нақлиётие, ки моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб рух дод, бори дигар собит намуд: бино ба хабари расмии ВКД ҶТ, автомобили боркаши «Дулан», ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, ҳангоми рӯ ба нишеб овардан системаи тормози он аз кор баромад. Дар натиҷа, автомобили гаронвазн ба якчанд мошин ва хонаҳои истиқоматӣ бархӯрда, сабаби марги одамон гашт.
***
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ ва воҳидҳои дахлдор супориш дод, ки ҷиҳати пурзӯр намудани назорати ронандагони мошинҳои боркаш бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд», аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи «Тарозуи ҳушманд» оид ба насби таҷҳизоти рақамии назорати вазн ва андоза дар роҳҳои автомобилгарди кишвар тадбирҳои мушаххас андешанд.
«Набудани омили инсонӣ дар раванди назорат хавфи амалҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад», - гуфт Вазир.
Ба гуфтаи ӯ, имсол ба риояи қатъии қонуну қоидаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода хоҳад шуд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 30 декабри соли 2024 таҳти рақами 668 соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд.
«Аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ дар он аст, ки дар зиндагӣ ва кору бори ҳар кадоми мо, дар ҳар як соҳа тартибу низом бештар мешавад. Дар ҷараёни маърифатноккунии ҳуқуқӣ принсипҳои асосии ҳуқуқ, вазифаҳои мақомоти давлатӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти онҳо омӯхта ва мукаммал гардонида мешаванд», - зикр намуд Азим Иброҳим.
***
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 47 Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794 тасдиқ шудааст, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард уҳдадоранд:
- роҳҳои автомобилгардро вайрон накунанд ё амалҳои дигареро содир накунанд, ки ба роҳҳои автомобилгард зарар расонида, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон монеъ шаванд;
-соҳибони воситаҳои нақлиёти тасмачарх ва воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёри муқарраргардида зиёданд, зарари ба роҳҳои автомобилгард расонидашударо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои хоҷагии роҳдорӣ... ҷуброн менамоянд.