Тибқи натиҷаҳои соли 2023 саҳми соҳаи нақлиёт дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон 10 миллиарду 986,5 миллион сомониро ташкил дода, ба 8,4 фоиз расид, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 0,2 дарсад зиёд мебошад. Агар гузариш ба рақамисозӣ пурра анҷом дода шавад, ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам афзоиш ёбад. Дар ин бора Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 11 январ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат изҳор дошт.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара, ки дар кори он аъзои ҳайати мушовара, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2023 ва вазифаҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 маърӯза кард.
Дар маърӯзаи Вазир, аз ҷумла, натиҷаҳои асосии зерин зикр карда шуданд:
Соли сипаришуда дар соҳа 2623 корхонаи дорои шаклҳои гуногуни моликият фаъолият карданд, ки нисбат ба як соли қаблӣ 335 корхона ё 14,6% зиёд аст.
НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 120,5 миллион тонна бор ба нуқтаҳои таъинот расонида шуд, ки аз он 114,1 миллион тонна ба нақлиёти автомобилӣ (94,7%) ва 6,5 миллион тонна ба роҳи оҳан (5,3%) рост меояд.
Мусофиркашонӣ 899,3 миллион нафарро ташкил дод.
Дар муқоиса бо соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 16,6%, гардиши бор 17,5%, мусофиркашонӣ 9,8% ва гардиши мусофиркашонӣ 17,3% афзоиш ёфт.
Ин нишондиҳандаҳо, тибқи маълумоти оморӣ, имкон доданд, ки ҳиссаи нақлиёт дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат (130,8 миллиард сомонӣ) ба 10 миллиарду 986,5 миллион сомонӣ ё 8,4 фоиз расонида шавад, ки нисбат ба соли 2022 ба андозаи 0,2 фоиз зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ, ҳиссаи нақлиёт дар ММД – и ҷаҳонӣ 6%, дар кишварҳои пешрафта 4 -7%, дар кишварҳои рӯ ба инкишоф 6 - 15% – ро ташкил медиҳад.
Вазири нақлиёт бо таассуф изҳор дошт, ки соли гузашта ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар бозори байналмилалии боркашонӣ нисбат ба соли 2022 ба андозаи 8,6 фоиз коҳиш ёфта, 57,3 фоизро ташкил дод. Яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани ин нишондиҳандаҳо, ба гуфтаи ӯ, нарасидани борхатҳои байналмилалӣ шакли CMR мебошад. Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт ба Раёсати таҳлил ва ояндабинӣ ва бахши аудити вазорат супориш дод, ки тартиб ва ҳолати кунунии тақсимот, додан ва истифодаи ин ҳуҷҷатҳоро омӯзанд ва ҳисоботи дахлдор пешниҳод кунанд.
Бо мақсади муайян кардани талабот ба ҳамлу нақли байналмилалӣ, Вазири нақлиёт ба Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорат, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» супориш дод, ки сохтори борҳои содиротӣ ва воридотиро аз рӯи давлатҳо муайян кунанд ва барои татбиқи иҷозатнома ва борхатҳои электронӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Вазири нақлиёт тазаккур дод, ки соли гузашта 39483 воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар бо иҷозатнома ва борхат таъмин карда шуданд, ки 74,1% - и воситаҳои нақлиёти фаъолро ташкил медиҳад. Ҳарчанд фарогирии воситаҳои нақлиёт бо ин ҳуҷҷатҳо нисбат ба соли гузашта 4,3% афзоиш ёфтааст, 26% (ё 13830 адад) воситаҳои нақлиёт бе иҷозатномаю борхат кор мекунанд.
РАҚАМИКУНОНӢ
Яке аз самтҳои асосии рақамикунонии соҳаи нақлиёт системаи идоракунии дороиҳои роҳ мебошад, ки онро шарикони рушд дастгирӣ мекунанд. Дар айни замон, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» аз 26 модули рақамикунонии соҳа 8 модулро мавриди татбиқ қарор додааст.
Вазорати нақлиёт соли гузашта бори аввал дар таърих ба шиносномакунии роҳҳои кишвар, яъне бақайдгирии дороиҳои роҳ шурӯъ кард. Ин маърака аз роҳи автомобилгарди байналмилалии дорои аҳамияти стратегии «Душанбе – Кулма» оғоз пазируфт, ки дарозии он 1008 км мебошад. Дар маҷмӯъ, тӯли умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 26 600 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 14 339 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 348 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 127 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 8 864 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Шиносномакунии роҳҳо бо ёрии системаи муосири рақамии баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS гузаронида мешавад. Ин технологияи муосирест, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо истифода мешавад. Аз замони таъсисёбӣ дар солҳои 1990-ум ширкати Data Collection limited (DCL) - и Зеландияи нав таҷҳизоти ROMDAS-ро ба ширкатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон пешниҳод кардааст. Система на танҳо дар Осиё, балки дар ИМА ва Аврупо низ васеъ истифода мешавад. Ба он компютер (Notebook) бо ду клавиатураи беруна, қабулкунандаи GPS, ченкунаки масофаи лазерӣ бо муайянкунандаи азимут, камераи видеоӣ бо компютери иловагӣ, системаи гироскопҳо, камераи рақамӣ, дастгоҳи вуруди маълумоти овозӣ, ченкунакҳои суръати ҳаракат ва масофаи тайшуда, муайянкунандаи ҳамвории TPL дохил мешаванд.
Ба ҳолати имрӯза аз 3383,6 км роҳҳои байналмилалии истифодаи умумӣ, ки дар тавозуни вазорат қарор доранд, маълумот барои шиносномакунии минбаъдаи роҳҳо дар 1885,2 км ё 55,7% роҳҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.
Шиносномадиҳии роҳҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 no 1794 «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳҳо» минбаъд ҳамасола гузаронида мешавад.
ЛОГИСТИКА
МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вазифадор карда шуданд, ки якҷоя бо корхонаҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани вазъ дар ин самт, ташкили ҳамлу нақли байналмилалии бор ва хизматрасониҳои логистикӣ ба таври электронӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табдил додани кишвар ба кишвари транзитӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар назди Вазорати нақлиёт вазифа гузошта шудааст, ки инфрасохторро рушд бахшида, ҷуғрофияи ҳамлу нақлро васеъ созад ва гузаргоҳҳои нави транзитиро ба истифода диҳад.
Дар робита ба ин, Вазири нақлиёти ҶТ ба раёсатҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва робитаҳои байналмилалии вазорат, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» супориш дод, ки таҳия ва татбиқи тадбирҳоро ҷиҳати ташкили ҳамлу нақл тавассути долони мултимодалии нави «Чин - Тоҷикистон - Узбекистон - Туркманистон - Эрон - Туркия – Аврупо» равнақ бахшанд.
РОҲИ ОҲАН
Вазири нақлиёт нақши роҳи оҳанро дар интиқоли борҳои байналмилалӣ назаррас арзёбӣ намуд: 70,7% борҳо дар сатҳи байналмилалӣ соли гузашта бо ин намуди нақлиёт интиқол дода шуданд.
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ин давра ба буҷети мамлакат ба маблағи 74 млн.612 ҳазор сомонӣ андозҳои гуногун ворид намуд, ки нисбат ба як соли пеш 20,682 млн. сомонӣ ё 38 фоиз зиёд мебошад. Беш аз 6,4 миллион тонна бор ва 456,1 ҳазор нафар мусофирон тавассути роҳи оҳан интиқол дода шуданд. Ин нисбат ба соли 2022 ба андозаи 346,8 ҳазор тонна ё 5,7% бор зиёдтар аст. Мусофиркашонӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 100,1% - ро ташкил дод. Роҳи оҳани Тоҷикистон тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ вобаста ба намуд ва ҳаҷми маҳсулот ва самти интиқоли бору мусофирон мунтазам аз 30% то 80% тахфиф пешниҳод менамояд.
Вале бо вуҷуди ин, фарсудашавӣ ва вайроншавии вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона яке аз мушкилоти ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Кайҳо боз як қатор идораву корхонаҳо аз роҳи оҳан ба маблағи 402,7 миллион сомонӣ қарздоранд. Албатта, ин қарзҳо дар ҷараёни истеҳсолот танзим ва пардохт карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, қонеъ кардани талаботи боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар оянда барои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» душвор хоҳад гашт.
«Аз ин рӯ, масъулини корхона бояд дар ҳамкории зич бо Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёт, дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, инчунин дар доираи имкониятҳо аз ҳисоби даромади корхона барои давра ба давра навсозии парки локомотивҳо, вагонҳои боркаш ва мусофирбар тадбирҳои зарурӣ андешад», - таъкид кард Вазири нақлиёт.
НИГОҲДОРИИ РОҲҲО
Бино ба гуфтаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмир ва хизматрасонии роҳҳои автомобилгард аз буҷети ҷумҳуриявӣ 97,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба маблағи 85,1 миллион сомонӣ (ё нисбат ба соли 2022 114,6%) корҳо анҷом дода шудаанд. Ҳамчунин аз буҷети маҳаллӣ ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо 14,2 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба маблағи 14,8 миллион сомонӣ (99,6% нисбат ба соли 2022) корҳо анҷом дода шудаанд.
Илова бар ин, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти онҳо ба маблағи 238,5 миллион сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба як соли пеш 98,5 фоизро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо соли 2022 таъмири роҳҳо 106,8%, таъмири пулҳо -118,2%, таъмири қубурҳо-121,6%, таъмири ҷорӣ-67,8%, тарҳи ландшафтӣ-100,7%, хидматрасонии техникии нақлиёт ва равшаникунонӣ 142,1% - ро ташкил додааст.
Соли гузашта офатҳои табиӣ 309,17 км роҳҳо, 5 пул ва 2 қубурро хароб карда, ба маблағи умумии 9 млн. 081 ҳазор сомонӣ зарар расониданд. Аз ин шумора 294 км роҳ ва як қубур бо дарозии 10 ҳазор метр аз ҷониби муассисаҳои маҳаллии хизматрасонии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт ба маблағи 834,68 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуданд.
Гурӯҳи кории вазорат сатҳи омодагии муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро ба давраи тирамоҳу зимистон санҷид. Муайян карда шуд, ки бо мақсади таъмини ҳаракати бефосилаи нақлиёти автомобилӣ дар давраи тирамоҳу зимистон то 1 январи соли 2024 нақшаи тайёр кардани маводи зиддилағзиш (омехтаи регу намак) ба 101 фоиз (38874,6 метри мукааб аз 38 606), сӯзишвории дизелӣ ба 100 фоиз (175844 литр аз 175844), ангишт 100,4 фоиз (233 тонна аз 232,2) ва ҳезум 101,2% (432 метри мукааб аз 427) иҷро гардидааст. Аз ин захираҳо аллакай 3454 метри мукааб маводи зиддилағзиш, 22 066 литр сӯзишвории дизелӣ, 47,4 тонна ангишт ва 68,8 метри мукааб ҳезум масраф шудааст.
Инчунин маълум гардид, ки техникаи роҳнигоҳдорӣ на дар ҳама муассисаҳо барои мавсими зимистон омода аст. Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт ба роҳбарони идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои вилоятҳо ва минтақаҳо супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин барои таъмири техника ва механизмҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба гуфтаи Вазир, дар ҷумҳурӣ ҷойҳое ҳастанд, ки дар фасли тирамоҳу зимистон диққати махсусро талаб мекунанд. Масалан, дар минтақаи Ҳисор - ағбаҳои Фахробод, Султонобод ва маҳаллаи Мискинобод; дар минтақаи Рашт - маҳаллаи Лугур, ағбаи Карамик, дар минтақаи Кӯлоб – маҳаллаи Баҳри кабуд ва қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин; дар ВМКБ - роҳи автомобилгард аз ноҳияи Рӯшон то Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Бартанг, инчунин ағбаҳои Куйтезак ва Харгӯшӣ. Ва, албатта, шоҳроҳҳои «Душанбе-Чанок» ва «Душанбе – Кулма».
«Аз ин рӯ, масъулини соҳа бояд дар ин минтақаҳо захираи кофии воситаҳои техникӣ, зиддилағзиш, маводи сӯзишворӣ таъмин кунанд ва ҳамеша ҳушёр ва ба ҳама гуна ҳолатҳои ғайричашмдошт омода бошанд, дар вақти боришот шабонарӯзӣ навбатдорӣ кунанд, то раванди зимистонгузарониро зери назорат гирифта тавонанд», - гуфт Вазири нақлиёт.
Вай инчунин хотиррасон кард, ки маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудошуда сари вақт ва пурра ба суратҳисоби махсуси идораҳои хоҷагии роҳҳо барои иҷрои саривақтии корҳо ва хизматрасонӣ ворид карда нашудаанд. Барои беҳтар кардани вазъи корҳо дар ин самт Вазир ба роҳбарони ин идораҳо супориш дод, ки бо шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зич ба роҳ монанд.
ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт таҳти назорати махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт тибқи созишномаҳои қарзӣ-грантии имзошуда 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиард 52 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд.
Соли гузашта лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Қизилқалъа – Бохтар», «Хулбук -Темурмалик -Кангурт» бо дарозии 58,9 км, «Муминобод - Геш - Чилдухтарон» бо дарозии 12 км амалӣ карда шуданд, ки яке аз дастовардҳои соҳа дар ин давра ба ҳисоб мераванд.
Дар айни замон, дар километри 36-уми роҳи мошингарди «Душанбе- Кӯлоб -Хоруғ –Қулма» қитъаи садамавӣ бо ду гардиши хатарнок таҷдид карда, 10 км роҳи «Душанбе - Ваҳдат» таъмир ва равшан карда шуд.
Барои таъмини сифати баланд ва иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ оид ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ зарур аст, ки марказҳои татбиқи лоиҳаҳо азхудкунии маблағҳои лоиҳавиро тибқи нақшаҳои тасдиқшуда таъмин намоянд.
Дар баробари сармоягузории хориҷӣ соли 2023 аз буҷети давлатӣ барои корҳои сохтмонӣ ва таҷдиди 29 иншоот ба андозаи 25 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Вазири нақлиёт изҳор дошт, ки тибқи супориши Президенти мамлакат соли 2024 татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Калаихумб-Ванҷ -маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон» бо дарозии 93 км, ки барои ташаккули долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон - Туркия-Аврупо» аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дорад, бояд ба анҷом расад.
ЛОИҲАКАШӢ
КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти ҶТ соли 2023 корҳои заминсозӣ оид ба лоиҳакаширо дар 37 иншоот ба маблағи 20 млн.466 ҳазор сомонӣ ба ҷо оварда, нақшаи солонаро 133 фоиз иҷро намуд.
Вазири нақлиёт зикр намуд, ки имсол 631 км роҳи автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан, аз ҷумла роҳҳои «Хуҷанд – Ашт» (122 км), «Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ» (100 км), «Ғафуров - Булок - Пунгон», «Бохтар –Қубодиён –Шаҳритус-Айвоҷ» (170 км), «Балҷувон-Сари Хосор» (58 км), «Хоруғ –Роштқалъа» (40 км), «Леваканд – Данғара» (25 км), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (25 км), роҳи таворавии Душанбе «Чимтеппа-Чиртак» (40 км), сохтмони 2 пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 пул дар ноҳияи Восеъ, 5 пул бо 5 км роҳ дар минтақаи Рашт, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, роҳҳои оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ –Панҷи поён» (51 км) ва «Тугарак –МОИ Кӯлоб» тарҳрезӣ карда мешаванд.
Инчунин корҳои харитасозӣ дар роҳи «Варшез-Қулма» (294 км) ва асосноккунии техникию иқтисодии Метрои шаҳри Душанбе аз ҷониби коршиносони кореягӣ идома доранд.
Дар баробари ин, хариди техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо барои таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвар, тарҳрезии 449 км роҳҳои автомобилӣ, кор бо шарикони рушд оид ба ҷалби сармоя барои лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои «Гулистон-Кӯлоб» (32 км), «Гулистон –Фархор» (40 км), «Гулистон –Данғара» (49 км), «Ховалинг –Сангвор» (70 км), «Балҷувон -Сари Хосор» (61 км), «Хуҷанд-Конибодом» (75 км), «Ғафуров-Булок-Пунгон» (122 км) идома дорад.
НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ
Вазири нақлиёт иттилоъ дод, ки соли гузашта дар самти мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, хоҷагии роҳ, нуқтаҳои таъмир ва хизматрасонӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 2 ҳазору 117 адад иҷозатнома дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 119,4% - ро ташкил медиҳад. Инчунин мӯҳлати амали 521 адад иҷозатнома тамдид карда, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн.156 ҳазору 320 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 110 фоизро ташкил медиҳад.
Барои танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои назоратӣ ва хатсайрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5 ҳазору 235 маротиба санҷишу рейдҳо гузаронида шуда, 88 ҳазору 129 адад воситаҳои нақлиёт ба корҳои назоратӣ ҷалб гардида, нисбати ронандагони онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Барои риоя накардани шартҳо ва талаботҳои иҷозатномавӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 57 ҳазору 528 адад санад оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 114,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 476 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва гаронвазн ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо тибқи моддаи 311 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ санад тартиб дода шуда, ба маблағи 8 миллиону 418 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ситонда шуд, ки нисбат ба соли 2022 132,2 фоизро ташкил медиҳад.
«Бо вуҷуди рақамҳои дар боло зикршуда, - таъкид намуд Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим, - дар фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва КВД «Маркази сертификатсияи корҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» камбудиҳо мавҷуданд, ки ҳалли фаврии худро талаб мекунанд». Ба гуфтаи Вазир, сухан дар бораи зарурати ба роҳ мондани тартибот дар соҳаи назорат ва танзими фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ, додани иҷозатномаҳои байналмилалӣ, сертификатҳои салоҳият ва мутобиқат, боркашонӣ ва мусофиркашонӣ меравад.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Робитаҳои байналмилалӣ омили муҳими рушди соҳаи роҳу нақлиёт гардиданд ва барои тақвияти ин самти фаъолият дар соли сипаришуда 23 вохӯрӣ ва чорабиниҳо доир карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати робитаҳои байналмилалии вазорат бо мақсади таъмини заминаи ҳуқуқӣ дар самти ҳамкории байналмилалӣ 13 лоиҳа таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуданд.
Ҳамчунин соли гузашта роҳбарият ва намояндагони соҳа дар 42 чорабинии байналмилалӣ иштирок намуданд.
«Бо мақсади густариши ҷуғрофияи ҳамлу нақл Раёсати робитаҳои байналмилалӣ бояд раванди босуръати имзои созишномаҳоро бо давлатҳои хориҷӣ таъмин намояд ва инчунин пайваста бо институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ҳамкорӣ кунад», - гуфт Вазири нақлиёт.
ДАР ХОТИМА
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бори дигар аз натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашуда ёдовар шуда, иброз дошт, ки тибқи ин натиҷаҳо ҳангоми таъмини нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти соҳа як қатор камбудиҳо ба назар расиданд.
Азим Иброҳим ба зарурати дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф намудани камбудиҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти соҳа ва омодагии арзанда ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуд.