Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он тибқи шартномаи қаблан имзошуда бо мутахассисони ширкати CERTSIGN S.A. -и Ҷумҳурии Руминия мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот, ки 29 феврали сооли равон доир шуд, муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии вазорат Нурулло Рузӣ, директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Сӯҳроб Ёқубзода, директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» Раҳмиддин Саломзода, муовини директори ин муассиса Ситора Шерзода, намояндагони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии нақлиётӣ» ва Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ иштирок карданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла мушкилот дар самти таъмини ронандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кортҳои рақамии тахограф, рушди ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо, тамдиди шартномаи ҳамкорӣ, инчунин гузариш ба насли нави корти рақамии тахограф - «Смарт карт» баррасӣ карда шуд.
Тахограф дастгоҳи техникии андозагирии бордон буда, барои нишондиҳии доимӣ ва бақайдгирӣ дар режими автоматии вақт, суръати ҳаракат ва масофаи автомобил, давраҳои вақти меҳнат ва истироҳати ронандагон пешбинӣ шудааст.
Дар ин раванд намояндагони ширкати CERTSIGN S.A. бо макони таъмини корти рақамии тахограф, ки дар бинои МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ҷойгир аст, аз наздик шинос гардида, бо кормандон ва ронандагони дар ин самт фаъолияткунанда аз наздик суҳбат намуданд ва ба суолу пешниҳодоти онҳо посух доданд.
1-уми март дар Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасниҳоли логистикӣ» бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии нақлиётӣ», Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва ширкати CERTSIGN S.A. семинари омузишӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушд ва навоварӣ дар соҳаи хидматрасонии рақамӣ» гузаронида, аз ҷониби мутахассисони CERTSIGN S.A. ба тариқи рунамо имкониятҳои ин ширкат пешниҳод ва ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасниҳоли логистикӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати руминиягӣ оид ба ҷорӣ намудани системаи тахографи рақамӣ шартнома баста буд. Ин шартнома бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст: соли 2011 кишвари мо ба Созишномаи Аврупо оид ба фаъолияти воситаҳои нақлиёт ҷиҳати ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ(EСTР) ҳамроҳ шуд.
Ширкати CERTSIGN S. A. бо қароргоҳи худ дар шаҳри Бухарест (Руминия), ба барномаҳои амнияти иттилоотӣ тахассус дорад ва хизматрасониҳои марбут ба ҳифзи иттилоот ва системаҳои иттилоотиро дар зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон пешниҳод мекунад.