Ҷаласаи ниҳоии машваратии Гурӯҳи коршиносони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭСКАТО; ESCAP) оид ба рақамикунонии нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақли мултимодалӣ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ аз 12 то 13 март дар Тошканд баргузор гардид. Дар он директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ёкубзода иштирок кард.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, ки бо рақамикунонии роҳи оҳан ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, масъалаҳои гумрукӣ ва рушди рақамӣ машғуланд, инчунин намояндагони ассотсиатсияҳои соҳаи нақлиёт иштирок намуданд.
Назари кишварҳои иштирокчӣ оид ба рақамикунонии нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақли мультимодалӣ, дастгирии технологии навсозии соҳаи роҳи оҳан пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар ин самт дар Тоҷикистон Директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти ҶТ Сухроб Ёкубзода сухан ронда, зикр кард, ки тадбирҳои вобаста ба рақамикунонӣ дар иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи давлатии «ТИК барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ", «Дар бораи имзои электронӣ», Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҶТ, «Барномаи ҷорӣ намудани системаи идоракунии роҳҳо бо дороищо дар ҶТ барои солҳои 2021-2024», Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 20212025 танзим карда мешаванд.
С. Ёкубзода ба иштирокчиёни ҷаласа хабар дод, ки соли 2022 бо қарори Ҳукумати ҶТ КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Имрӯз самтҳои асосии рақамикунонии соҳаи нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва сохтмони роҳҳо, ки дар 27 модул инъикос ёфтаанд, муайян карда шудаанд.
«Корҳо оид ба ҷорӣ намудани борхатҳои электронӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ, додани иҷозатномаҳои электронӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ идома доранд»,- гуфт ӯ. Кор оид ба ҷорӣ намудани системаи идоракунии дороиҳои роҳ (ҷамъоварии электронӣ, нигоҳдории маълумот, таҳлили ҳолати инфрасохтори роҳ) низ шуруъ шудааст. Портали ягонаи хизматрасониҳои электронии нақлиётӣ таъсис дода шудааст, ки ҳоло 4 модул дорад ва тадриҷан бо модулҳои нав пур карда мешавад. Илова бар ин, модули вуруди ягона барои ҳамаи иштирокчиёни бозори нақлиётӣ бо додани рамзи QR таҳия карда мешавад.
Сухроб Ёкубзода инчунин оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати рақамикунонии нақлиёти роҳи оҳан, ки соҳаи муҳими стратегӣ мебошад, нақл кард. Ба гуфтаи ӯ 70% борҳои воридотӣ ва содиротии кишвар маҳз тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд.
«Дар айни замон соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ қадамҳои аввалин мегузорад. Масъалаи ҷорӣ кардан ва истифодаи борхати ТСИМ/СМГС-и электронӣ дар доираи гурӯҳҳои кории ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардида, вазифаҳои минбаъда, аз ҷумла имконияти ҷорӣ намудани чиптаҳои электронӣ, мониторинги ҳаракати локомотивҳо, барасмиятдарории онлайнии борҳо ва пардохтҳо муайян карда шуданд», - зикр намуд Директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, ӯ пешниҳод кард, ки барои ҳамкории оперативӣ байни сохторҳои масъул дар соҳаи рақамикунонӣ ва маъмурияти роҳи оҳан, муҳокимаи хабарҳо ва мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳаи роҳи оҳан портали махсуси ягона таъсис дода шавад.
Ғайр аз ин, Суҳроб Ёкубзода баррасии имкониятҳои маблағгузории тадқиқот, табодули таҷриба ва ҷорӣ кардани қарорҳои рақамӣ дар соҳа тавассути институтҳои байналмилалии молиявиро ба миён гузошт.
Ёдовар мешавем, ки бахши зерминтақавӣ барои Осиёи Шимолӣ ва Марказии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) лоиҳаи «Технологияҳои нав ва дигаргунсозии рақамӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ва рақобатпазирии нақлиёти роҳи оҳан дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ» - ро амалӣ менамояд.
Мақсади асосии лоиҳа кӯмак расонидан ба давлатҳои иштирокчии аъзо дар бартараф кардани омилҳои бесамарӣ, ки ба ҳамалу нақли нақлиёти роҳи оҳани фаромарзӣ монеъ мешаванд, ҷорӣ намудани қарорҳои пешрафта дар соҳаи ҳамлу нақли роҳи оҳан ва мултимодалӣ бо иштироки нақлиёти роҳи оҳан мебошад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур котиботи ЭСКАТО лоиҳаи тавсияҳоро оид ба табдили рақамии бахши ҳамлу нақли мултимодалӣ ва логистика дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ таҳия намуда, ба иштирокчиёни сегменти васеи сиёсӣ оид ба табдили рақамии ҳамлу нақли роҳи оҳан ва мултимодалӣ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар ҷараёни кори ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи корӣ оид ба «бандарҳои хушк» баргузор гардид, пешниҳод намуд.
Ғайр аз ин, котиботи ЭСКАТО феълан барномаи афзоиши иқтидорро дар соҳаи рақамикунонии нақлиёти заминӣ бо таваҷҷӯҳ ба интиқоли роҳи оҳан ва мультимодалӣ барои кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ таҳия мекунад.
Дар ҷаласаи ниҳоии Гурӯҳи коршиносон оид ба табдили рақамии ҳамлу нақли роҳи оҳан ва мултимодалӣ дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ дар Тошканд тавсияҳои пешниҳодшуда баррасӣ ва такмил дода шуда, роҳҳои беҳтари татбиқи барномаи рушди иқтидор бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами мавҷуда дар ин соҳа баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа инчунин маълумот дар бораи Замимаи нави Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба шабакаи Роҳи оҳани Трансазия «Принсипҳои умумии мубодилаи электронии иттилоот/маълумот байни роҳи оҳан ва мақомоти назоратӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Трансазия», ки дар ҷаласаи ҳаштуми Гурӯҳи корӣ оид ба шабакаи Роҳи оҳани Трансазия қабул шудааст, инчунин дар бораи «Стратегияи 2030 оид ба суръат бахшидан ба табдили рақамии нақлиёти роҳи оҳан дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором» ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагон расонида шуданд.
Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, ЭСКАТО (United Nations Economic and Social Commission for Asia and The Passific, ESCAP) соли 1947 дар Шанхай (Чин) таъсис ефта, бо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа машғул аст. Ин созмони умумиҷаҳонии ҳамкории бисёрҷониба ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ҳамкории зерминтақавӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ мусоидат мекунад. Бузургтарин комиссияи минтақавии СММ мебошад (дар минтақаи ЭСКАТО 3,8 миллиард нафар, тақрибан 60% аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд).