Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави худ осон мекунанд

Санаи нашр: 23-04-2024 Просмотрено: 2081

Тавре қаблан хабар дода шуд, дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба кишвари мо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев 18 апрел дар Душанбе санади таърихӣ -  Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро имзо карданд.

Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни сафар 28 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки қариб ҳамаи самтҳои ҳамкории бисерҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегиранд.  Аз ҷумла, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 имзо карда шуд. Зери он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳкамов имзо гузоштанд.

 Мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Низоми нав баъди тасвиби (ратификатсияи) Протокол аз ҷониби ҳарду давлат  мавриди амал қарор мегирад.

 Мутобиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки низ дар Душанбе, дар ҷараёни нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҶТ 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистону Узбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо,  рухсатнома талаб карда мешуд.

Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад.

 Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ба туфайли иродаи сиёсии сарони ду давлат дар муносибатҳои байни кишварҳои мо рӯйдодҳои таърихӣ ба амал омаданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. 9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ш.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он қариб ҳамаи масъалаҳои то он вақт ҳалношудаи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо, аз ҷумла, масъалаҳои марзиро ба миён гузошта, дар бораи бекор кардани низоми раводид ба мӯҳлати то 30 рӯз барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, фаъолияти пурраи гузаргоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистонро аз сар гирифтанд, робитаҳои дуҷонибаи нақлиётӣ, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор карданд, пардохтҳоро барои мошинҳои сабукрав ва автобусҳое, ки аз қаламрави онҳо бо транзит мегузаранд, бекор карданд.

 Феълан, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон, ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.

 Дар айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни  рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.

Мавриди зикр аст, ки ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитии минтақа андешида мешаванд.