16 май дар маркази EXPO-и пойтахти Ҷумҳурии Тотористон, дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum» Ёддошти тафоҳум оид ба хамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тотористон Фарит Ханифов имзо намуданд.
Санади мазкур бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллии тарафҳо, инчунин, дар асоси натиҷаҳои сафари ҳайати вакилони Федератсияи Россия ба шумули намояндагони Ҷумҳурии Тотористон таҳти роҳбарии Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М.В. Мишустин ба Душанбе, ки 2-3 марти соли 2023 баргузор гашта буд, таҳия гардида, ҳадаф аз он инкишоф ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Тоҷикистону Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё месозанд, инчунин бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин менамоянд.
Инчунин, дар Ёддошти тафоҳум муайян гардид, ки тарафҳо вобаста ба ҷалби субъектҳои (интиқолдиҳандагони) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корхонаҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия шароити зарурӣ фароҳам меоранд.
Интизор меравад, ки амалӣ гардидани ёддошти имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористон садҳо ҷойҳои корӣ бо шароити зисту зиндагонии мусоид, маоши хуб, дарстрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии кормандон ва ғайраро фароҳам оварда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии мусофирбарӣ барои сокинони шаҳрҳои ҷанубу шарқии Тотористон – Бугулма ва Лениногорск мусоидат мекунад.