Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҶАМЪБАСТ ВА НАҚШАҲО. Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид

Санаи нашр: 15-07-2024 Просмотрено: 1975

12 июл ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2024 доир гардид.

Дар ҷаласа Вазири нақлиёт, Раиси ҳайати мушовара Азим Иброҳим, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони идораю муассисаҳои зертобеи Вазорат ва фаъолони соҳа иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Маҳмуд Амирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

      Ҷаласаро Вазири нақлиёти ҶТ, Раиси ҳайати мушоввара Азим Иброҳим оғоз намуд ва зикр кард, ки Вазорат ва муассисаҳои тобеи он тайи шаш моҳи аввали соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои тарҳрезишуда корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

       Сипас оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2024 муовинони Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва Фаррух Неъматзода маърӯза карданд.

       Тавре зикр гардид, дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд шуда, суръати рушд ва саҳми соҳа дар ММД  дар  сатҳи 6,1% устувор нигоҳ дошта шуд.

        Таъкил карда шуд, ки фарогирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  бо роҳхату борхат  зиёд шуда бошад ҳам, ҳанӯз даҳҳо адад воситаҳои нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ бидуни роҳхату борхат  кор мекунанд.

        Дар ин давра ҳамагӣ каме бештар аз нисфи рухсатномаҳо, ки  барои боркашонии байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷӣ дасттрас шудаанд, мавриди истифода қарор гирифтаанду халос.   

        Гуфта шуд, ки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ бо маъмурияти роҳи оҳани мамлакатҳои хориҷӣ  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Казоқистон, Россия ва дигар кишварҳо чандин имтиёзҳо барои боркашонӣ дастрас ва  пешниҳод кардааст. 

      Дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» даҳҳо вагонҳо аз таъмири асосӣ ва пойгоҳӣ бароварда, дар чандин километр роҳи оҳан корҳои таъмири хатти роҳ ва  бардошту ивази релсҳо гузаронида шуданд. Бо вуҷуди ин, чандин локомотивҳо ва вагонҳои боркашу мусофиркаш куҳнаю фарсуда буда, муҳлати истифодабариашон  ба охир расидааст.  

       Муддати дарозест, ки як қатор вазорату  идораҳо ва корхонаю муассисаҳо дар пардохти қарзҳояшон барои хизматрасониҳои роҳи оҳан таъхир мекунанд. Новобаста аз мушкилиҳои молияӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нақшаи пардохти андозҳоро ба буҷети ҷумҳуриявӣ иҷро намуда, ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ кумакҳои молиявӣ низ расонидааст.

       Айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ  татбиқ мешаванд, аз ҷумла, татбиқи 5 лоиҳа ба анҷом расида,  7 лоиҳа дар ҷараёни амалишавӣ ва 5 лоиҳаи дигар дар давраи кафолатӣ қарор доранд.  

        Дар даробари ин, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  оид ба марҳила ба марҳила пурра фарогирии таҷдиду таъмири роҳҳо бояд 573 км роҳҳои автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ карда шаванд.

         Ҳамзамон ҷиҳати сохтмони 327 км роҳҳо, ки лоиҳакашӣ шудаанд, инчунин бунёди марказҳои логистикӣ, харидорӣ намудани техникаву таҷҳизотҳои нигаҳдории роҳҳо корбарӣ бо шарикони рушд барои ҷалби сармоя идома дорад.

        Хадамоти давлатии  назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  ҷараён ва сифати корҳои сохтмониро дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди «Бохтар-Левакант» (марҳилаи 1), «Левакант-Оқмазор» (марҳилаи 2) ва «Оқмазор-Данғара» (марҳилаи 3),  «Душанбе-Бохтар», «Обигарм-Нуробод» (қитъаҳои 1 ва 2) ва «Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рушон» мавриди корҳои нозиротӣ қарор дода, як қатор камбудию норасоиҳоро ошкор намуд.    Зери назорати кормандони Хадамот нуқсонҳои зикршуда ислоҳ гардиданд.

         Зикр гардид, ки Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётии  вазорат дар озмуни байналмилалӣ оид ба хизматрасониҳои машваратии идоракунӣ ва назорат дар лоиҳаи «Гулистон - Фархор - Панҷ - Дустӣ» (марҳилаи 1) иштирок намуда, миёни 20 ширакати хориҷӣ  ғолиб омад.   

       Феълан КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин шудааст. Бори аввал дар Тоҷикистон кодҳо барои боркашонӣ аз/ба Покистон тариқи ин корхона роҳандозӣ карда шуд.

       Алҳол модулҳои идоракунии раванди иҷозатномадиҳӣ ва сертификатсиякунонӣ, баҳисобгирӣ ва додани рухсатнома барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, рақамикунонии тақсимот, истифодабарӣ, коркард ва назоратӣ варақаҳои роҳхат, борхат ва  E-СМR, мониторинг дар нақлиёти истифодаи умум, низоми идоракунии дороиҳои роҳ ва идоракунии пулҳо, ченкунии вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, мониторинги техникаи роҳдорӣ, мукотиботи электронӣ, портали ягонаи электронии хизматрасониҳои  соҳаи роҳу нақлиёт, бақайдгирии шиддатнокии ҳаракат дар роҳ, ҳуқуқвайронкунии маъмурии нақлиётӣ ва ғайра мавриди коркард ва истифодабарӣ қарор доранд.   

          Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби ширкати Data Collection limited (DCL) - и Зеландияи Нав системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои  роҳҳо ROMDAS ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард  истифода бурда мешавад.

        То имрӯз дар зиёда аз нисфи роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявии дар тавозуни вазорат қарордошта маълумот вобаста ба дороиҳои роҳ ҷамъоварӣ карда шуд.

       Маълумоти ҷамъовардашуда дар якҷоягӣ бо машваратчиёни байналмиллалии ширкати Corporate Solutions ҷиҳати омода намудани харитаи электронӣ, аз ҷумла, муайян намудани хатти ҷудокунандаи болопӯши роҳҳои автомобилгард аз рӯи намуд, муайян намудани  навъи болопӯши роҳи автомобилгард, хатти ҳаракати роҳ ва ғайра  мавриди коркард қарор доранд.

      Дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии онҳо аз нигоҳубини дуруст тибқи технология вобаста буда, масъулияти бевоситаи  идораҳои   хоҷагии роҳҳо дар минтақаҳо ва  муассисаҳои нингоҳдории роҳҳои автомобилгарди   Вазорати нақлиёт маҳсуб меёбад.  

       Бо мақсади ба роҳ мондани истифодабарии дурусти роҳҳои автомобилгард, кабудизоркунӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбур, қубурҳои обгузар ва гирду атрофи муассисаҳо аз ҷониби вазорат нақшаи  тадбирҳо таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷро ба муассисаҳои роҳдорӣ ирсол гардидааст. 

      Мутаассифона, муассисаҳои роҳнигоҳдории баъзе шаҳру ноҳияҳо то ҳол қубурҳои обгузарро пурра тоза накардаанд, ки ба вайроншавии пеш аз муҳлати роҳҳои автомобилгард боис мегардад.

      Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 таҳти № 374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то  соли 2040» Вазорати нақлиёт муваззаф шудааст, ки дар ин муддат дар шафати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо  5 млн бех дарахт шинонида, сабз гардонад.

***

        Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Амирзода ба сухан баромада, фаъолияти Вазорат ва муассисаҳои зертобеи онро дар шаш моҳи аввали соли  соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ кард ва барои беҳдошти минбаъдаи корҳо тавсияҳои судманд дод.

        Ҷаласаро Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуда, саҳми идораю муассисаҳои дахлдори тобеи Вазоратро дар дастовардҳои нимсолаи аввал зикр кард, камбудиҳои ҷойдоштаро таъкид сохт ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба роҳбарони сохторҳо, идораю муассисаҳои тобеи Вазорат оид ба таъмини фарогирии пурраи воситаҳои нақлиёт бо бор ва борхату роҳхат ва рухсатномаҳо, бунёди марказҳои логистикӣ, аз ҷумла дар бандари «Чобаҳор»- и ҶИЭ, афзоиши ҳаҷм ва сифати интиқоли бор ва мусофирон, бунёди хатҳои роҳи оҳани нави транзитӣ, пурра аз байн бурдани ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард, ташкили қатораи пилотии роҳи оҳан тавассути долони нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо», марҳила ба марҳила нав кардани вагону локомотивҳо, ҷоннок намудани корҳо оид ба рақамикунонии соҳа дар модулҳои боқимонда, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шафати роҳҳо, кам кардани қарзҳои кредиторӣ, истифодаи самаранок ва саривақтии маблағҳои буҷетӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

       Барои саривақт иҷро кардани вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зикр шудаанд, ба масъулини соҳа – шуъбаи кор бо сармоягузорӣ,  раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ, марказҳо ва гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармоя корбариро идома дода,  корҳои лоиҳакашӣ,  азхудкунии маблағҳо ва корҳои сохтмониро саривақт ва бо сифати баланд таъмин  созанд.

     Ба идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард (ИХРА)  супорида шуд, ки дар давоми ду ҳафта нақшаи шинонидани ниҳолҳоро дар қад-қади роҳҳои автомобилгард таҳия ва тасдиқ намуда, ба вазорат пешниҳод намоянд.

       Аъзои ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои дар ҷаласа муҳокомашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.