Рӯзи ҷумъа, 27 сентябр, дар меҳмонхонаи «Кангурт» - и шаҳри Душанбе семинар оид ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои иеъморӣ ва сохтмон, замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСП «Шабакаи интиқоли барқ», Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея», инчунин дигар ширкатҳои дахлдори ин кишвар – «Deahan Consultants Co. Ltd» (оид ба муҳандисии замин ва нақб), «Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd» (муҳандисии структивӣ), «Asia Railway Technology» (системаи ситгнал ва алоқа), «Sejong Engineering Co. Ltd» (талабот ва тақсимоти барқ), мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёти ҳарду кишвар ширкат намуданд.
Ҳозиринро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Менеҷери кулли шуъбаи лоиҳаҳои глобалии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Банг Мундҷин шодбош гуфта, роҷеъ ба хусусиятҳои сохмони метро ва аҳамияти он барои мегаполисҳо изҳори назар намуданд.
Аз ҷумла, Вазири нақлиёти ҶТ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки таъмини сокинони пойтахт бо навъҳои муосири нақлиёти ҷамъиятии аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз масъалаҳои муҳимест, ки зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад. Масъалаи баррасии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе борҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрдорию шаҳрсозӣ таъкид гардида буд. Ҳамчунин иқдоми мазкур дар Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба таври мушаххас пешбинӣ гардидааст.
Бино ба гуфти Вазири нақлиёт, зарурати сохтмони метро ба зиёд гардидани шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ва меҳмонони он бастагӣ дорад. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли охир зиёда аз ду маротиба ва шумораи сокинони шаҳри Душанбе зиёда аз 3 маротиб афзудааст. Вазир иброз дошт, ки сохтмони метро дар пойтахти кишвар талаботи замон ва иқдоми пешгиранда аз афзун шудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тамбашавии оянда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.
«Тибқи хулосаи пешакӣ, бо назардошти тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, зарурати сохтмони метрои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ба мақсад мувофиқ мебошад», - гуфт Вазир ва афзуд, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар ин самт бо ҷониби Корея ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад ва дар доираи имкониятҳои ҳарду кишвар татбиқи ин лоиҳаро марҳила ба марҳила амалӣ намоянд.
Тавре қаблан хабар дода будем, 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ки он барои бунёди инфрасохтори нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Тибқи ин санад 3 маротиба семинари омӯзишии ҳузурӣ ва як сафари омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Корея бо иштироки мутахассисони ҳар ду кишвар баргузор гардида, наздик ба 10 маротиба вохӯрии Гурӯҳи кории доимамалкунандаи ҳарду кишвар тариқи фосилавӣ баргузор карда шуд.
Дар ин давра, харитаи хатсайри эҳтимолии лоиҳаи мазкур, вазъи тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳр, динамикаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва рушди аҳолии шаҳр, афзоиши ҳудуди ҷуғрофии пойтахт ва вазъи иқтисодию иҷтимоии он аз тарафи мутахассисони ҳарду ду кишвар мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт.
Марҳилаи омӯзиши имкониятҳои сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ-метро дар Душанбе бо маблағгузории Бонки содирот ва воридоти Корея «Эксимбонк» амалӣ шуда, натиҷаи он 22 майи соли 2024 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар рӯнамоӣ гардид.
Семинари имрӯза дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея», ки 1 июли соли 2024 дар хусуси ҳамкории ҳамаҷониба дар лоиҳаҳои рушди роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи метрои шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, баргузор гардид.
Мақсади семинар оғози расмии лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе буда, ин ҳамоиш имкон фароҳам меорад, ки мутахассисони ҳарду кишвар масъалаҳои оид ба муҳлат, таҳлили ҳамаҷониба ва нақшаи корҳоеро, ки дар доираи лоиҳаи болозикр бояд анҷом дода шаванд, баррасӣ ва муҳокима намоянд.
Тибқи гуфтушунидҳо бо ҷониби Корея, лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» гузаронида мешавад. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ лоиҳаи ҷузъӣ буда, марҳилаҳои ояндаи он дар назар аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷониби Корея сурат гирад.