Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Парлумони Тоҷикистон санади вобаста ба соддагардонии ҳамлу нақли борро бо Узбекистон ба тасвиб расонид

Санаи нашр: 03-10-2024 Просмотрено: 4377

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии худ 1 октябри соли 2024 Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» - ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, тасвиб намуд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ вобаста ба ин масъала дар ҷаласаи Парлумон ёдовар шуд, ки Протокол 18 апрели соли 2024 дар Душанбе ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду кишвар, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ворид карда шудааст.

Ҳуҷҷат содда кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави ду кишвар пешбинӣ менамояд.

«Ҳар сол дар маҷмӯъ 25000-30000 адад иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад», -  зикр намуд Вазири нақлиёти  ҶумҳурииТтоҷикистон бо ишора ба натиҷаҳои таҳлилҳо, ки тибқи онҳо «ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии кишвари мо зиёда аз 36 000 ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон анҷом медиҳанд».

Вазир иттилоъ дод, ки тибқи Пртоколи имзошуда акнун ҳамлу нақли транзитии  воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад.

Гап дар бораи ба истилоҳ варақаҳои «дозвол» меравад, ки ҳуҷҷати якдафъаина буда, ҳуқуқи истифодаи воситаи нақлиёти дар қаламрави як давлат ба қайд гирифташударо дар қаламрави давлати дигар барои ҳамлу нақли байналмилалӣ медиҳад.

«Аз лиҳози оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ, тағйирот ба Созишномаи  болозикр танҳо ба паёмадҳои хуб, алалхусус барои соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли байналмилалӣ, рушди тиҷорат, транзит ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот мусоидат менамояд, - гуфт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, моҳи сентябри соли 2024, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ  ба тасвиб расид.