15-уми октябр ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда баррасӣ карда шуданд.
Ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётии Тоҷикистон, КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт, инчунин намояндагони Вазорати молия, РБДА ВКД ҶТ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёт дар 9 моҳ ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024» маърӯза кард.
Зикр гардид, ки Вазорати нақлиёти мамлакат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳое, ки аз паёмҳои Сарвари давлат бармеоянд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақшаву барномаҳои давлатӣ корҳои муайянеро анҷом доданд, ки ба рушди соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, таъмини бехатарӣ ва устувории фаъолияти маҷмааи роҳу нақлиёт равона гардидаанд.
Айни замон дар кишвар 2783 корхонаю муассисаи дорои шаклҳои гуногуни моликият ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2347 адад (муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ-боркашонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва ғайра) ба нақлиёти автомобилӣ, 299 адад (муассисаҳои давлатии сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳ) ба хоҷагии роҳҳо, 137 адад ба нақлиёти роҳи оҳан тааллуқ доранд.
Нақлиёти автомобилӣ
Тибқи маълумоти РБДА ВКД ҶТ, то 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 666074 адад воситаҳои нақлиёт (аз ҷумла 52362 боркаш, 16554 мусофирбар, 587074 сабукрав, 6013 воситаи нақлиёти махсус ва 4071 мотосикл) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64938 адад ё 10,8% зиёд аст. Аз ин миқдор дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 48989 (7,5%) адад воситаи нақлиёт фаъолият мекунанд.
Зикр карда шуд, ки дар соли 2014 дар кишвар дар маҷмуъ 389 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт мавҷуд буданд.
Аз рӯи маълумоти пешакӣ, дар давраи ҳисоботӣ 99,7 млн.тонна бор (аз ҷумла 6,3 млн. тонна борҳои байналмилалӣ) бо гардиши 9,7 млрд. тонна/км ва 759,4 млн. мусофир бо гардиши 10,1 млрд. мусофир/км интиқол дода шудаанд, ки дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2023 интиқоли бор 15,2% (интиқоли байналмилалӣ 2,2%), гардиши бор 11,0%, интиқоли мусофирон 12,0% ва гардиши мусофиркашонӣ 19,0% афзудааст.
95,1% борҳо ва 99,8% мусофирон дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд. Дар ин давра 94,8 миллион тонна бор ва 758,3 миллион нафар мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 16,0% ва 11,9% зиёд аст. Беш аз 31,5% (31,4 млн.тонна) боркашонӣ ва 90,2% мусофиркашонӣ (684,9 млн.нафар) тавассути корхонаву муассисаҳои тобеи Вазорати нақлиёти ҶТ амалӣ карда шудааст.
Интиқоли байналмилалӣ 1,9 миллион тонна бор (бо гардиши 3,1 миллиард тонна/км) ва 58,1 ҳазор мусофирро (бо гардиши 40,69 миллион/км) дарбар гирифт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 интиқоли бор 106,9%, гардиши бор 113,6%, интиқоли мусофирон 173,1% ва гардиши мусофиркашонӣ 173,0% - ро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ 62910 адад рухсатнома (дозвол) гирифта шуд, ки дар 9 моҳи соли равон 41265 адад ё 66%-и он истифода шудааст. Содироти рухсатномаҳо ба 20 кишвари хориҷӣ 61210 ададро ташкил дод, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар нуқтаҳои назоратӣ 45027 адади онҳо истифода шудаанд, ки 74%-ро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 57,5%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1% камтар аст.
Таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумат – табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ – аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёти кишвар супориш дода шудааст, ки инфрасохтори роҳу нақлиёт ва логистика рушд ва гузаргоҳҳои нави транзитӣ ба истифода дода, чуғрофияи нақлиёт васеъ гардонида шавад.
Нақлиёти роҳи оҳан
Ҳамлу нақли байналмилалӣ асосан тавассути нақлиёти роҳи оҳан амалӣ карда мешавад – 69,3% ҳамлу нақли байналмилалии бор ба ин намуди нақлиёт рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 млн. 812 ҳазор тонна бор (101,7%) ва 336,6 ҳазор мусофир (101,1%) интиқол дода шудаанд. Таҳлили ҷараёни ҳамлу нақл нишон медиҳад, ки 90,3% -и он ба воридот, 5,4% ба содирот ва 4,3% ба борҳои маҳаллӣ (дохилӣ) рост меояд.
Ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80% тахфифҳо пешниҳод намудааст.
Ҳамчунин ҳамкории судманд бо маъмурияти роҳи оҳани мамолики хориҷӣ ба роҳ монда шуда, барои интиқоли бор аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо имтиёзҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Аз ҷумла, ба қатораи мусофирбари «Душанбе – Кӯлоб» 60% тахфиф пешниҳод шуда, тибқи мувофиқа бо Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба мусофироне, ки чиптаҳоро пешакӣ харидорӣ мекунанд, то 45% тахфиф пешниҳод мешавад (аз 31 то 45 рӯз – 45%, аз 2 то 30 рӯз – 30%).
Рақамикунонии соҳа
Дар ҷаласа тадбирҳое, ки аз ҷониби Вазорат ҷиҳати рақамикунонии маҷмааи нақлиётии кишвар андешида мешаванд, махсус зикр карда шуданд. Аз 30 модули рақамикунонӣ 13 модул дар марҳилаи таҳия ва истифода қарор доранд, ки 44,8% иқтидори истеҳсолии КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-ро ташкил медиҳанд. Ин модулҳо идоракунии раванди иҷозатномадиҳӣ ва сертификатсиякунонӣ, баҳисобгирӣ ва додани рухсатномаҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, тақсимот ва назорати варақаҳои роҳ ва борхатҳо – SMR, идоракунии дороиҳои роҳ, ченкунии вазни воситаҳои нақлиёт, бақайдгирии шиддатнокии ҳаракат дар роҳҳо ва ғайраро дар бар мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар баҳисобгирии дороиҳои роҳ гузаронида мешавад, ки моҳи сентябри соли 2023 шуруъ шуда буд ва натиҷаҳои он барои минбаъд тартиб додани шиносномаи роҳҳои автомобилгард истифода мегарданд. Шиносномакунии роҳҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 таҳти № 1794 «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» пешбинӣ карда шудааст. Барои гузаронидани ин маъракаи муҳим, бо дастгирии Бонки Осиёии рушд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳ ROMDAS-ро, ки аз ҷониби ширкати Data Collection Limited (DCL) - и Зеландияи нав таҳия шудааст, ба даст овард.
То имрӯз аз 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ қарор доранд, маълумот дар бораи дороиҳои 4407,7 км роҳҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки 79,1% - ро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки рақамикунонӣ ба корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологияи нав барои беҳтар кардани суръат ва сифати кор, баланд бардоштани даромаднокӣ ва таъмини рушди устувор ба пешрафт ноил шаванд.
Тайёрӣ ба зимистон
Бо мақсади таъмини ҳаракати муттасил ва бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва иҷрои бандҳои дахлдори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» бо фармоиши Вазир аз 2 майи соли 20024 таҳти № 86 Нақшаи чорабиниҳои Вазорат оид ба сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёт ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ карда, ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки ба ҳолати то 10 октябри соли ҷорӣ 34131,5 метри мукааб маводи зиддилағзиш (баробар ба 94%-и нақша), 153170 литр сӯзишвории дизелӣ (87,0%), 215,5 тонна ангишт (95,2%), 423,8 метри мукааб ҳезум (96,8%) захира карда шудааст.
Аз 528 адад техникаи роҳнигоҳдорӣ (мошинҳои якҷояи роҳдорӣ, автогрейдерҳо, мошинҳои барфтозакунӣ, бульдозерҳо, тракторҳо ва дигар техникаҳо) 473 адад барои зимистон пурра омода карда шудаанд, ки 89,6% - и нақшаро ташкил медиҳад. 55 адад техника дар ҳолати таъмир ва муҷаҳҳазгардонӣ қарор дорад.
Дар маърузаи ҳисоботӣ маълумот дар бораи тамоми самтҳои фаъолияти соҳаи роҳу нақлиёти кишвар ироа гардид, ки вобаста ба онҳо қарори ҳайати мушовара қабул карда шуд.
Дар охир
Бо дарназардошти талош барои дарёфти роҳҳои самараноки ҳалли мушкилоти корхона ва рушди соҳаи роҳи оҳан, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ медали соҳавии «Барои мусоидат» - ро супорид.
Вазири нақлиёт ҷаласаи ҳайати мушовараро ҷамъбаст ва вазифаҳои асосии воҳидҳои сохтории Вазорат ва корхонаю муассисаҳои тобеи онро ҷиҳати саривақт бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда муайян намуд.