Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Вазорати нақлиёт бори аввал озмуни «Ман Конститутсияро аз ёд медонам!» баргузор гардид. Дар он ҳуқуқшиноси шартномавии 24-сола пирӯз шуд

Санаи нашр: 05-12-2024 Просмотрено: 3235

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти № 668, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ташаккули низоми устувори муносибатҳои ҳуқуқӣ, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шудааст.

Тавассути маводҳо дар ин бахши сомона мо тасмим гирифтаем, ки на танҳо дониши ҳуқуқии кормандони соҳаро баланд бардорем, балки муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаро ба ҳамаи истифодабарандагони роҳу нақлиёт фаҳмонем.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал озмуни «Ман Конститутсияро аз ёд медонам!» баргузор гардид. Аввалин ғолиби озмуни нав, Иброҳим Раҳим, ҳуқуқшиноси ҷавон буда, тибқи шартнома дар бахши ҳуқуқи дастгоҳи марказии вазорат кор мекунад. Мукофотро ба ӯ дар вазъияти мутантан Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим супорид.

Мавриди зикр аст, ки озмун дар ҳошияи маҷлиси тантанавӣ, ки қаблан, 6 ноябри соли равон, дар вазорат ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, эълон гардид  ва  ба панҷ довталаби аввал барои пирӯзӣ дар озмун Вазири нақлиёт мукофоти пулӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, академик Махкам Маҳмудзода бошад, ки дар маҷлис ширкат ва суханронӣ намуд,  –  дастаи китобҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ  ҷудо намуданд.

Иброҳим Раҳим (Раҳим Иброҳим Шамсуддин) 17 июни соли 2000 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти «Хуросон»-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ин ноҳия таҳсил кардааст. Соли 2021 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм  намудааст. Пас аз ин, ӯ ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ба сафи Артиши миллӣ пайваст, то қарзи фарзандии худро дар назди Ватан адо кунад. Дар қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хизмат кардааст.

Айни замон Иброҳим Раҳим мутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умедворем минбаъ дар роҳи интихобкардааш ба комёбиҳои арзанда ноил хоҳад гашт, зеро дипломи сурхи донишгоҳи асосии кишвар (ДМТ ба наздикӣ ба рейтинги беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дохил шуд) аллакай нишон медиҳад, ки шахсе, ки онро ба даст овардааст, мутахассиси дараҷаи олӣ ва соҳиби дониши амиқ буда, ба касби интихобкардааш бо масъулияти баланд муносибат мекунад. Зеро чунин диплом ба хатмкунандагоне дода мешавад, ки дар давоми таҳсил на бештар аз 25% баҳои «хуб» гирифтаанд ва умуман баҳои «қаноатбахш» надоранд.

Ҳатто дар ширкатҳои бонуфузтарини ҷаҳон, ҳангоми интихоби номзад ба ин ё он вазифа, аввал ба дипломи ӯ менигаранд. Зеро дар байни довталабон дорандагони дипломи кабуд садҳо нафар, соҳибони дипломи сурх ангуштшуморанд.

Аз ин рӯ, доштани дипломи сурхи донишгоҳ метавонад обрӯи хатмкунандаро дар назари корфармо ва имконияти  соҳиб шудан ба ин ё он вазифаро бештар кунад.

Дипломи аълочӣ ба соҳиби худ эътимод мебахшад, аз меҳнатдӯстии корманд, серталабӣ, истодагарӣ, эҳтироми ӯ нисбат ба дигар кормандон, қобилияти расидан ба ҳадаф ва дигар хислатҳои мусбӣ, ки махсусан дар сохторҳои давлатӣ қадр карда мешаванд, шаҳодат медиҳад.

Ва дар озмуни «Ман Конститутсияро аз ёд медонам!» ғолиб омадани Иброҳим Раҳим исботи гуфтаҳои болост.

«Дар мо одатан шеъру достонҳоро аз ёд мекунанд. Конститутсияро чӣ гуна аз ёд кардан мумкин аст?» – мепурсем аз ӯ.

«Конститутсия, дар асл, санади меъёрию ҳуқуқии аз ҷиҳати мундариҷа хеле содаю равон аст. Мисли шеърҳои Ҳофиз ва Лоик ба осонӣ дар хотир нигоҳ доштан мумкин», - посух  медиҳад ӯ.

«Ба ҳар ҳол, Шумо чӣ хел аз ёд кардед? Бо усули cramming? Ин усулро олимони амрикоӣ ихтироъ кардаанд. Онҳо чанд сол пайвандҳои нейронӣ ва хосиятҳои онҳоро омӯхтанд ва  усули номбурдаро пайдо карданд. Дар русӣ онро зубрёжка, дар тоҷикӣ қориазёд мегӯянд. Мешинед, телевизору телефонро хомӯш месозед ва гаштаю баргашта бо овози баланд такрор мекунед».

«Не, -  мегӯяд Иброҳим бо табассум, - фикр мекунам, ин роҳи беҳтарин нест. Ҳам дилгиркунанда ва ҳам бефоида. Зеро ҳангоми такрори паиҳам ва механикӣ, бидуни дарку фаҳмиш шахс тасаввурот, тафаккури мантиқӣ ва дигар механизмҳои хотираро истифода намебарад. Ва маълумот зуд фаромӯш мешавад. Барои осонтар дар хотир доштан беҳтар аст, ки аввал асосҳои Конститутсия, сипас ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пасон бобҳои вобаста ба сиёсатро, яъне қисм ба қисм аз ёд кунед. Ман ҳамин хел кардам».

«Ин кай буд?»

«Дар донишгоҳ».

«Дар донишгоҳ ин ҳатмист?».

«Не, ҳатмӣ нест ва ҳеҷ кас касеро маҷбур намекунад.  Барои имтиҳонро супоридан шарт нест, ки Конститутсияро аз ёд кунед, шояд ба истиснои ду боби аввал. Боқӣ, метавонед танҳо маънои умумии муқаррароти асосии ҳуҷҷатро  дар ёд дошта бошед, то бидонед, ки кай ба куҷо нигаред. Аммо, ман фикр мекунам, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо бояд бо хоҳиши худ, довталабона кӯшиш кунад, ки матни Конститутсия ва Суруди миллиро аз ёд кунад. Махсусан, ҳуқуқшиносон. Ба андешаи ман, ҳуқуқшиноси хуб бояд Конститутсияро ҳарф ба ҳарф донад, то тавонад зуд ва дар баъзе ҳолатҳо фавран ба қонунгузорӣ  истинод кунад.

Масалан, дар ИМА аксарияти аҳолӣ Библияро не, балки Конститутсияи кишвари худро аз ёд медонанд, онро эҳтиром мекунанд ва дӯст медоранд, ҳарчанд ки ягон қонун онҳоро ба ин  уҳдадор намесозад. Ман фикр мекунам, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мо бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин тавр – бо эҳтиром ва  муҳаббат муносибат намояд».

Бале, Иброҳим Раҳим сад дар сад ҳақ аст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муқаддас, асоси низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат буда,   пояҳои давлатро нигоҳ медорад ва роҳро ба сӯи ҷомеаи шукуфон, давлати тараққикарда, зиндагии ободу озод боз менамояд. Донистани Конститутсия дар ҳар қадам барои мо муфид хоҳад буд, дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ, ба монанди нишон додани мавқеъ  ҳангоми баҳс ё ҳимояи ҳуқуқҳои худ, барои вайрон накардани қонунҳо кӯмак хоҳад кард, зеро шахс ҳангоми риоя накардани онҳо метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад. 

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2024 изҳор доштанд: «Омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқӣ масъалаи асосии ҷомеа буда, бояд аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа амалӣ карда шавад».