12 декабр дар Душанбе байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба пешбурд ва ҷорӣ намудани Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Тоҷикистон созишномаи грантӣ ба имзо расид.
Созишномаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел имзо карданд.
Арзиши созишномаи грантӣ 500 ҳазор доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дастгирии доимии шарикони байналмилалии рушд – Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва инак ҳоло БАТР-ро дар пешбурд ва ҷорӣ намудани Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар Тоҷикистон махсус зикр намуд.
«Ин ташаббус як қадами муҳим дар самти таъмини нигоҳдории дарозмуддат, амният ва самаранокии шабакаи миллии роҳҳои мо мебошад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Вазир, гранти мазкур ба Вазорати нақлиёти ҶТ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои ҳирфавии машваратиро ҷиҳати беҳбуд бахшидани фаъолияти институтсионалӣ ва меъёрӣ дар идоракунии дороиҳои роҳ ҷалб намояд.
«Лоиҳа ба ҳадафи умумии мо — таҳкими қобилияти Тоҷикистон барои самаранок идора кардани дороиҳои роҳҳои кишвар бо истифода аз системаҳое, ки ба қабули қарорҳои огоҳона дар соҳаи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо мусоидат мекунанд, мувофиқат мекунад», - таъкид намуд Вазир.
Зикр карда шуд, ки НИДР на танҳо воситаи техникӣ, балки раванди трансформатсионӣ мебошад, ки шаффофият, самаранокӣ ва дурнамои стратегиро дар идоракунии роҳҳо таъмин мекунад. Барои Тоҷикистон, ки инфрасохтори роҳ дар наздик намудани одамон ва минтақаҳо, инчунин рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя нақши муҳим мебозад, татбиқи НИДР аҳамияти бузург дорад. Он ба беҳдошти истифодаи захираҳо, боло бурдани сатҳи бехатарӣ ва эътимоднокии системаи нақлиёт ва рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.