Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити номусоиди обу ҳаво ва боридани барф 15 – 16 декабр ва рузҳои минбаъда ҳушдор дод.
Дар баъзе минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳавошиносон баладшавии шиддати бодро бо суръати 17-22 м/с пешгӯӣ мекунанд, дар бархе ҷойҳо туман мефарояд. Дар мавзеҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тебеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд», «Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш», «Душанбе – Сангвор», «Ш.Шоҳин – Дарвоз», «Ванҷ – Хоруғ», «Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб» дараҷаи баланди яхбандӣ, фаромадани тарма ва сангрезӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муаасисаҳои нигоҳдории роҳҳо роҳ супориш дод, ки ба таври шабонарӯзӣ кор карда, бо истифода аз техникаи мавҷуда роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳои пиёдагардро сари вақт аз барф тоза намоянд.
Вазорати нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки бад шудани шароити обу ҳаво барои ронандагони воситаҳои нақлиёт андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Вале дар сурати аз рӯи зарурат сафар кардан тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад.
Ба ронандагон инчунин тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати бехатарӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ дар мошин занҷирҳои зиддилағзиш ва бел дошта бошанд.
Андешидани ин тадбирҳо бо мақсади бемамониат гузаштан аз ағбаҳо бо нақлиёти боркаш ва сабукрав ва ба вуҷуд наомадани тамбашавии сунъӣ дар роҳҳои куҳӣ зарур аст.