Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Аз 1 январи cоли 2025 ронандагони воситаҳои нақлиёти Тоҷикистонро як қатор тағйирот интизор аст. Аз ҷумла:
- бақайдгирии ҳатмии скутерҳо. Соҳибони онҳо бояд воситаи нақлиёти худро ба қайд гиранд ва рақами давлатиро бигиранд. Ин барои пешгирии садамаҳои эҳтимолӣ ва баҳисобгирии нақлиёт дар кишвар зарур аст. Агар суръати скутерҳо аз 40 км/соат зиёд бошад ва ҳаҷми муҳаррик 50 кубро ташкил диҳад, онҳоро ба қайд гирифтан лозим аст;
- муоинаи ҳатмии техникӣ. Ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бояд соле як маротиба аз муоинаи техникӣ гузаранд. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи гузаштан аз санҷиш ё саривақт нагузаштани он ба ронанда ҷарима таъин шуда, истифодаи минбаъдаи мошин дар роҳҳои Тоҷикистон манъ карда мешавад;
- гузариши таксиҳо ба мошинҳои барқӣ. То 1 сентябри соли 2025 ҳамаи ширкатҳое, ки дар Душанбе мусофиронро интиқол медиҳанд, бояд ба системаи нақлиёти барқӣ гузаранд.
***
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии тамбашавии мошинҳо ҳазф карда шуданд. Дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи беҳдошти ҳаракат дар роҳ ва пешгирии тамбашавӣ 17 гузаргоҳи пиёдагард аз байн бурда шуданд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ин гузаргоҳҳо ба ҳам наздик буданд, ки ба қобилияти гузариши роҳҳои автомобилгард таъсири манфӣ мерасонданд. Санҷиши мутахассисон нишон дод, ки ҷойгиршавии гузаргоҳҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад. Бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахассисон ин гузаргоҳҳоро аз байн бурданд.
Мақомоти пойтахт таъкид мекунанд, ки корҳо дар доираи барномаи беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии шаҳр, ки ба фароҳам овардани шароити бехатар ва бароҳаттар барои ронандагон ва пиёдагардон равона шудааст, идома хоҳанд ёфт.
***
Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе аз манъи насб кардани чароғҳои чашмакзан ва сиренаҳо ба мошинҳои хусусӣ ҳушдор дод. «Насб ва истифодаи таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ (мигалка) ва садо (сирена) дар мошинҳо танҳо барои воситаҳои нақлиёти махсус иҷозат дода мешавад. Ин таҷҳизотро ба мошинҳои хусусӣ насб кардан мумкин нест ва истифодаи он дар чунин ҳолатҳо хилофи қонун аст», - гуфта мешавад дар хабари Раёсат.
Ҳамзамон зикр карда мешавад, ки дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо на танҳо нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт, балки ба насбкунандагони ин дастгоҳҳо низ чораҳо андешида мешаванд.
Дар робита ба ин, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои ҷилавгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии чароғҳо ва сиренаҳо дар мошинҳои хусусӣ рейдҳо ва санҷишҳо мегузаронанд.
***
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» эълон кард, ки парвозҳои нави дохилӣ ба самтҳои «Душанбе — Кӯлоб — Душанбе» ва «Душанбе — Панҷакент — Душанбе» ба роҳ монда мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ дод.
Парвозҳо ба Кӯлоб аз 15 январ се маротиба дар як ҳафта — сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе оғоз меёбанд. Нархи чиптаи рафту омад 600 сомониро ташкил медиҳад. Парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Кӯлоб соати 10: 00 ба нақша гирифта шудааст.
Парвозҳои аввал ба Панҷакент аз 14 январ оғоз гардида, дар як ҳафта се маротиба — сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Нархи чиптаи рафтуомад 400 сомониро ташкил медиҳад. Парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Панҷакент соати 10:30.
Парвозҳо дар ҳарду самт бо ҳавопаймоҳои Ан-28 анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 «Тоҷик Эйр» парвозҳоро тариқи хатсайри «Душанбе — Хоруғ — Душанбе» низ аз нав барқарор кард.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қонуни буҷети давлатии Ҷумҳурии Узбекистон барои соли 2025 дар нархномаи воридшавӣ ва транзити мошинҳои боркаш аз давлатҳои хориҷӣ тағйирот ба амал омад. Дар навбати аввал тағйирот ба транзит аз Туркманистон таъсир мерасонад.
Пардохтҳои нав аз тоннаж (вазн ва ғунҷоиш) вобастаанд.
Дар асоси доимӣ инчунин низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронии E-Permit низ ҷорӣ карда шуданд. Онҳо, аз ҷумла, барои Қазоқистон амал карда, санҷишҳо ва расмиётро содда мекунанд ва суръат мебахшанд. Тарифҳо аз Туркманистон дар асоси баробарӣ (паритет) ва ба ин миқдор сабт шудаанд:
то 10 тонна – $130 (то тағйирот $50);
аз 10 то 20 тонна – $180 (то тағйирот $100);
зиёда аз 20 тонна – $250 (то тағйирот $150).
Тарифҳо барои мошинҳои Озарбойҷон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо формулаи дигар ҳисоб карда мешаванд. Он ба мӯҳлати будубош дар Узбекистон вобаста хоҳад буд – 80 доллар ҳангоми вуруд барои 14 рӯз ва камтар аз он, 280 доллар барои мӯҳлати бештар.
Сархати алоҳида ба Эрон бахшида шудааст. Барои ин кишвар убури мутақобилаи сарҳад бо мошинҳои боркаш ҳадди аққал дар соли 2025 ройгон хоҳад буд.
Мисли пештара, рухсатномаҳои электронии E-Permit ҳангоми ҳуҷҷатсозии гузариш аз роҳҳои байни Узбекистон, Туркия ва Қазоқистон амал мекунанд.
Барои кишварҳои алоҳида ҳеҷ чиз тағир намеёбад. Аз ҷумла, барои кишварҳои зерин пардохтҳо бетағйир боқӣ мемонанд:
барои Афғонистон – $50;
барои Тоҷикистон – $100-200 вобаста ба тоннаж;
барои Қазоқистон ва Қирғизистон – $300
барои дигар қаламравҳо – $400.
***
Роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон, ки сохтмони он дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, роҳи нави кӯтоҳро байни Чин ва Аврупо боз мекунад. Роҳи мазкур инчунин нақши Осиёи Марказиро дар занҷираҳои ҷаҳонии таъминот тақвият мебахшад, хабар медиҳад рӯзномаи «Жэньминь жибао» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синьхуа».
Бунёди ин роҳ, ки суръати ҳаракат дар он 120 км дар як соат хоҳад буд, дар рушди робитаҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи «Камарбанд ва роҳ» лоиҳаи нави намунавӣ ва калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.
***
Дар Бишкек шуруъ аз соли 2025 дар роҳҳои автомобилгард хатҳои нав дар роҳ барои автобусҳо ҷорӣ карда мешаванд. Дар соли 2025 шумораи автобусҳо ба 1500 адад мерасад, гуфт муовини директори Департаменти нақлиёт ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёти шаҳрдории Бишкек Бакит Саримсоқов дар брифинги маркази матбуоти Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи ӯ, ин барои таъмини Бишкек кофӣ хоҳад буд.
«Аз аввали соли 2025 дар роҳҳои Бишкек мо барои нақлиёти ҷамъиятӣ хатҳои алҳидаи ҳаракат ҷорӣ хоҳем кард, то ронандагон вақти ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Мо бояд ба сатҳе расем, ки корхона худашро бо маблағ таъмин кеарда тавонад», - зикр кард Саримсоқов.
***
Соли 2025 барқарор кардани парвозҳои мусофирбарӣ байни Ашқобод ва Алмаато ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон тарафҳо музокирот мекунанд. Дар ин бора дар мусоҳиба бо SNG.Today муовини Вазири нақлиёти Қазоқистон Талгат Ластаев дар мавзӯи фаъолшавии хатсайри байналмилалии Транскаспий ва магистрали «Шимол-Ҷануб» иттилоъ дод.
«Дар ин самтҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд ва ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Туркманистон, метавонанд танҳо бо кӯшиши муштарак ва якҷоя кардани ҳамлу нақли якдигвар муваффақ шаванд», - гуфт ӯ.
***
Баъзе тағйирот дар соҳаи нақлиёти Узбекистон, ки аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Бекор кардани пардохти пули нақд дар автобусҳои Тошканд. Мусофирон метавонанд чиптаҳои якдафъаинаро тавассути инфокиоскҳои Paynet, MultiPay ё Oson, ки дар истгоҳҳо насб карда шудаанд, харидорӣ кунанд.
Тарифҳои нав барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятии Тошканд. Арзиши сафари якдафъаина 3000 сӯмро ташкил медиҳад, ҳангоми пардохт тавассути системаи электронӣ мусофирон 1700 сӯм тахфиф мегиранд. Интиқоли бағоҷ 4000 сӯм арзиш дорад.
Эътибор пайдо кардани қонун «Дар бораи нақлиёти роҳи оҳан». Тибқи қонун, интиқолдиҳандагон метавонанд тарифҳоро мустақилона муқаррар кунанд, ба истиснои тарифҳои танзимшаванда, ки Тартиби ташаккули онҳоро Девони вазирони мамлакат тасдиқ мекунад.
Оғози системаи «Нақлиёти экологӣ». Дар доираи он ба мошинҳо ва мототранспортҳо вобаста ба ҳаҷми ифлоскунандаҳои ҳаво дар партовҳояшон стикерҳои экологӣ дода мешаванд.
ДАР ҶАҲОН
Яке аз самтҳои афзалиятноки рушд дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 саноати мошинсозии вазнин хоҳад буд. «Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад», — гуфта шуд 20 декабр дар брифинг бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва саноати вазнин кӯшишҳо ба мувофиқа ва қабули Созишномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар рушди соҳаи мошинсозии вазнин аз ҷониби Шӯрои сарони ҳукуматҳо равона карда мешаванд.
***
Аз 1 январи соли 2025 дар Русия баъзе тағйирот дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ҳукми амал даромаданд. Онҳо асосан ба шадидтар шудани ҷавобгарии маъмурӣ барои намудҳои гуногуни қонуншиканиҳо дахл хоҳанд кард.
Инчунин як қатор тағйиротҳои марбут ба полиси суғурта (ОСАГО) ва бақайдгирии давлатии автомобил эътибор пайдо мекунанд. Дар соли 2025 масъулияти бештар барои идоракунии такрории мошин бе полиси ОСАГО ҷорӣ карда мешавад. Ҷазои аввал барои набудани суғурта бетағйир боқӣ мемонад – 800 рубл. Аммо ҷаримаҳои такрорӣ то 3-5 ҳазор рубл зиёд мешаванд.
Пештар барои набудани ОСАГО ҳар дафъа 800 рубл ҷарима навишта мешуд, дар ҳоле ки он метавонист бо пардохти фаврӣ то 400 рубл кам карда шавад.
***
Аз 1 январи соли 2025 дар Қазоқистон қоидаҳои нав барои ронандагони таксӣ амал мекунанд.Тағйиротҳо дар доираи Кодекси нави иҷтимоӣ қабул карда шудаанд ва талаботро ба фаъолияти таксиҳо ва кормандони барномаҳои мобилӣ барои фармоиши таксиҳо сахттар мекунанд.
Вазорати нақлиёти Қазоқистон хабар медиҳад, ки тағйироти нав ба баланд бардоштани бехатарии мусофирон равона шудааст. Яке аз навовариҳои калидӣ санҷиши ҳатмии тиббии ронандагон барои таъмини мувофиқати онҳо ба кори ронандагӣ хоҳад буд. Интизор меравад, ки ин тадбир ба коҳиш додани садамаҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии таксӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
***
Баъзе тағйиротҳое, ки дар соҳаи нақлиёти Эрон аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Баланд бардоштани самаранокии роҳи оҳан. Дар нимаи дуюми соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ (аз 22 сентябри соли 2024 то 20 марти соли 2025) ширкати Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон (RAI) ният дорад, ки самаранокии соҳаро 20% баланд бардорад. Барои ин нақшаи таъмир ва идоракунии локомотивҳо таҳия карда мешавад.
Ислоҳоти меъёрҳои тарифӣ. Вазорати нақлиёти кишвар бар ин назар аст, ки бояд ба меъёрҳои тарифӣ тағйирот ворид карда шавад, то арзиши нақлиёти роҳи оҳан бо арзиши нақлиёти автомобилӣ муқоиса гардад ва тоҷирон нақлиёти роҳи оҳанро бар нақлиёти автомобилӣ бартарӣ диҳанд.
Афзоиши ҳиссаи борҳое, ки аз бандарҳо интиқол дода мешаванд. Тибқи нақшаи муштарак, RAI ва Созмони бандари баҳрӣ дар бандарҳо борҳои мувофиқро барои интиқол тавассути роҳи оҳан муайян мекунанд. Дар охири барнома ҳиссаи борҳои аз бандарҳо интиқолёфта бояд ба 25% расад.
Рушди алоқаи ҳавопаймоӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ. Эрон ният дорад, ки муносибатҳои ҳавопаймоиро бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) рушд диҳад, то ба як маркази минтақавӣ дар соҳаи боркашонӣ табдил ёбад.
***
Баъзе тағйиротҳое, ки дар соҳаи нақлиёти Туркия аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Ҷорӣ намудани корти ягонаи нақлиётӣ барои пардохти роҳкиро. Ин зиндагиро барои онҳое, ки аксар вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ҳастанд, осонтар мекунад.
Сабукӣ дар гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ. Ҳуқуқҳои категорияи М, А1 ва В1-ро акнун аз синни 16-солагӣ (ба ҷои 18-солагӣ) ба даст овардан мумкин аст (сухан дар бораи идоракунии мопедҳо, скутерҳои барқӣ, мотосиклҳо, квадросиклҳо ва воситаҳои нақлиёти сечарха меравад). Инчунин синну сол барои гирифтани ҳуқуқҳои категорияи D кам карда шудааст — акнун шаҳрвандон метавонанд автобусҳоро аз 24-солагӣ (ба ҷои 26-солагӣ) идора кунанд. Барои ронандагони аз 80-сола боло ҳар 2 сол муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронида мешавад.
Афзоиши ҳаҷми маблағи таҳсил дар мактабҳои ронандагӣ. Муассисаҳои таълимӣ нақша доранд, ки нархҳоро 60-70% боло баранд. Ин ба болоравии нархи бензин, афзоиши хароҷоти нигоҳдории мошин ва суғурта вобаста аст. Инчунин, аз соли нав музди меҳнати мураббиён зиёд мешавад.
Илова бар ин, соли 2025 Туркия ният дорад, ки дар доираи лоиҳаи «Роҳи рушд» сохтмони роҳҳои нави оҳан ва мошингардро оғоз кунад. Ин имкон медиҳад, ки вақти интиқоли бор аз Чин ба Аврупо коҳиш дода шавад.
***
Баъзе тағйироте, ки дар соҳаи нақлиёти Арманистон аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Тарифҳои имтиёзнок барои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ. Кӯдакони то 7-сола, ятимони мактабхон, донишҷӯёни бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм метавонанд аз автобусҳо, троллейбусҳо ва метро ройгон истифода баранд. Ҳамчунин аз пардохти роҳкиро тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон, сокинони хонаҳои пиронсолон, волидони серфарзанд, қаҳрамонони миллии Арманистон озод карда мешаванд. Як қатор категорияҳои шаҳрвандон ҳуқуқи тахфифро мегиранд: донишҷӯён 15%, нафақахӯрон ду маротиба зиёдтар. Ғайр аз ин, чипта барои онҳое, ки имтиёз мегиранд, арзонтар хоҳад буд.
Системаи нави ягонаи чипта. Ба мусофирон бастаҳои гуногун дода мешаванд, аз чиптаи барои се сафар то гузарномаи семоҳа ва солона. Дар доираи гузариш ба системаи нав шаҳрвандон дигар барои роҳкиро ба ронанда пардохт намекунанд, барои ин дар салон валидаторҳо ҷойгир карда шудаанд. Аз моҳи январ инчунин бо кортҳои бонкӣ пардохт кардан мумкин аст.
Нархҳои нав барои сафар. Сафари якдафъаина 3 маротиба гаронтар мешавад – ба ҷои 100 драм 300 драм. Чиптаи рӯзона 880 драм арзиш дорад ва метавонад барои 8-9 сафар кофӣ бошад. Бастаи якҳафтаинаи 4800 драма барои 30 сафар басанда аст. Бастаҳо барои як моҳ (8800 драм), се моҳ (23600 драм) ва як сол (88000 драм) бемаҳдуд хоҳанд буд.
***
Баъзе тағйиротҳое, ки дар соҳаи нақлиёти кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Декарбонизатсияи нақлиёти баҳрӣ. Қонун пешбинӣ мекунад, ки партовҳои газҳои гармхонаӣ дар сӯзишворӣ, ки дар бахши киштигардӣ истифода мешаванд, соли 2025 ба андохаи 2 фоиз ва то соли 2050 ба андозаи 80 фоиз кам карда шаванд. Инчунин қонун низоми ҳавасмандкунии истифодаи сӯзишвории барқароршавандаро ҷорӣ мекунад ва ҳамаи киштиҳои мулкиро вазифадор месозадад, ки ҳангоми таваққуф дар наздикии бандари бузурги Иттиҳоди Аврупо шуруъ аз соли 2030 аз барқи соҳилӣ истифода баранд.
Ҷорӣ намудани стандарти Евро-7. Он ба партовҳои мошинҳо, микроавтобусҳо ва мошинҳои боркаш бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсир мерасонад.
Тавсеаи инфрасохтори истгоҳҳои барқдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ. Пуркунандаи барқ бояд дар ҳар 60 км қад-қади шоҳроҳҳои Аврупо ҷойгир карда шавад.
***
30 ва 31 январи соли 2025 дар Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон) Конфронси III байналмилалии «Ба нақшагирии нақлиёт ва муделсозии ҷараёни ҳаракат дар роҳ» баргузор мешавад. Ҳамоиши мутахассисон дар заминаи Академияи логистика ва нақлиёт (ALT University) бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дастгирии ширкатҳои байналмилалӣ аз Қазоқистон (Almatygenplan ва Future of Mobility), Олмон (PTV Group) ва Узбекистон (Transproekt) баргузор мешавад.
Дар Конфронси III байналмилалӣ иштироки намояндагони нӯҳ кишвар — Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон пешбинӣ шудааст. Барои иштирок дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои нақлиёт, шӯъбаҳои нақлиёти шаҳрӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, созмонҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, мутахассисони ташкилотҳои байналмилалии машваратӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ дар соҳаи нақлиёт, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ даъват карда мешаванд.
***
Баъзе тағиротҳое, ки дар соҳаи нақлиёти Чин аз 1 январи соли 2025 эътибор пайдо карданд:
Афзоиши дарозии шабакаҳои нақлиётӣ. Дар соли 2025 дарозии умумии роҳи оҳани баландсуръат 50 ҳазор км хоҳад буд ва шабакаи роҳи оҳани баландсуръат на камтар аз 95% шаҳрҳои дорои зиёда аз 500 ҳазор аҳолиро фаро мегирад. Дар кишвар дарозии роҳи оҳан ба 165 ҳазор км, теъдоди фурудгоҳҳои мулкӣ (шаҳрвандӣ) ба зиёда аз 270 адад, дарозии хатҳои метро дар шаҳрҳо аз 6,6 ҳазор км ба 10 ҳазор км ва роҳҳои автомобилгард ба 190 ҳазор км расонида мешаванд. Инчунин дар тӯли панҷ сол дарозии роҳҳои обии дохилии сифаташон баланд аз 16,1 ҳазор км то 18,5 ҳазор км зиёд карда мешавад.
Рушди нақлиёти экологӣ. Ҳиссаи автобусҳои бо манбаъҳои нави энергия коркунанда дар шаҳрҳо аз 66,2% то 72% зиёд карда, шиддати партовҳои гази карбон дар бахши нақлиёт 5% коҳиш дода мешавад.
Электрикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ.То соли 2025 то 80%-и нақлиёти дар мақомоти давлатӣ истифодашаванда ва нақдлиёти ҷамъиятӣ ба қувваи барқ гузаронида мешавад.
***
Баъзе тағйирот дар соҳаи нақлиёт, ки дар Гурҷистон аз 1 январи соли 2025 ба ҳукми амал даромаданд:
Манъи ҳаракати микроавтобусҳо дар хатсайрҳои дурдасти байнишаҳрӣ. Дар масофаи зиёда аз 150 км танҳо автобусҳо бо зиёда аз 8 ҷойи мусофирбарӣ ва вазни зиёда аз 5 тонна баромада метавонанд.
Ҳаракати автобусҳо қатъиян байни истгоҳҳои автобус. Интиқоли мунтазами мусофирон дар ҳудуди мунисипалитетҳо аз рӯи хатсайрҳои қатъиян муқарраршуда амалӣ карда мешавад.
Маҳдудияти воридоти мошинҳои боркаш ва автобусҳо. Аз 1 январи соли 2025 ба Гурҷистон воридоти мошинҳои боркаш ва автобусҳои то соли 2014 истеҳсолшуда манъ карда мешавад. Ин ба гузариши кишвар ба Стандарти Евро-5 вобаста аст.
***
Баъзе тағйиротҳое, ки дар соҳаи нақлиёти Беларус аз 1 январи соли 2025 ҷорӣ карда шуданд:
Навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии парки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти барқии шаҳрӣ ва метрополитен бо воситаҳои муосири бароҳат, иқтисодӣ, экологӣ ва боэътимод.
Афзоиши тадриҷии нархномаҳо (тарифҳо) барои интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ то сатҳи расидан ба худтаъминкунии ширкатҳои мусофирбарӣ.
Такмили шабакаи хатсайрҳои мусофиркашонии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ. Зиёд кардани шумораи нуқтаҳои таваққуфгоҳ (истгоҳҳои ҳушманд) - и нақлиети автомобилӣ ва барқии шаҳрӣ, ки бо таблоҳои электронӣ ва дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Зиед кардани шумораи нуқтаҳои таваққуфгоҳ («истгоҳҳои ҳушманд») - и нақлиёти автомобилӣ ва барқии шаҳрӣ, ки бо тоблуҳои электронӣ ва дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Рушд ва таҷдиди заминаи истеҳсолӣ-техникии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва нигоҳдории автобусҳо, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва трамвайҳо.
Таҷдиди (таъмири) терминалҳои мусофирбарӣ.
Инчунин, дар соли 2025 баланд бардоштани меъёрҳои андози нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст, категорияҳои нави имтиёзнок пайдо мешаванд ва рӯйхати мошинҳои хеле бароҳат, ки 10 маротиба бештар андозбандӣ мешаванд, эҳтимолан васеъ карда шаванд.
***
Соли 2025 дар Русия татбиқи лоиҳаи нави миллии «Системаи самараноки нақлиётӣ» ё «Нақлиёт» оғоз меёбад, ки ба бунёди инфрасохтори нақлиётии сифатан нав равона шудааст. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Русия навиштааст, технологияҳои рақамӣ дар ин лоиҳа нақши калидӣ доранд. Платформаи миллии нақлиётӣ-логистикии «Логистикаи давлатӣ» ба кам кардани хароҷоти тиҷорат ва таъмини бефосилаи нақлиёт кӯмак мекунад. Ин системаи ягонаест, ки дар он ҳамаи иштирокчиёни боркашонӣ, аз ронандагон то намояндагони мақомоти ҳокимият, ҳамкорӣ мекунанд.
Ба туфайли ин лоиҳа, корбарон метавонанд ҳуҷҷатҳоро ба шакли «рақамӣ» тарҷума кунанд ва онҳоро ҳамаи намояндагони зарурии мақомоти давлатӣ, ки ба логистика ва боркашонӣ алоқаманданд, бубинанд. Ҳамин тариқ, суръати интиқоли мол меафзояд, ки ба тиҷорат дар кишвар таъсири судманд мерасонад.
Дар назар аст, ки то соли 2030 ҳудуди 320 миллиард саҳифаҳои коғазии ҳуҷҷатҳо ба формати электронӣ тарҷума карда шаванд.Тиҷорат дар ин раванд то 170 миллиард рубро сарфа мекунад.
***
Италия аз моҳи январи соли 2025 қоидаҳои ҳаракатро сахттар мекунад. Сенати Италия гузанаи нави Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро тасдиқ кард, ки меъёрҳои нави ҷазоро барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва зери таъсири маводи мухаддир ҷорӣ мекунанд. Қоидаҳои нав афзоиши шадиди ҷаримаҳо, мусодираи воситаҳои нақлиёт ва ҳабсро дар бар мегиранд.
Ҳукумати Италия мехоҳад шумораи ҳалокшудагонро бар асари садамаҳои нақлиётӣ, ки ҳоло 3 ҳазор нафарро дар як сол ташкил медиҳад, коҳиш диҳад.
Ҳамин тавр, сатҳи спирт дар хун аз 0,5 то 0,8 промилле ҷарима аз 573 то 2170 евро, маҳрум сохтан аз шаҳодатномаи ронандагӣ аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад.
Сатҳи спирт дар хун беш аз 1,5 промилле аз 1500 то 6000 евро ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати аз 6 моҳ то 1 солро дар пай хоҳад дошт. Дар ин ҳолат, ҳабс ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 1 сол низ пешбинӣ шудааст.Дар сурати такроршавии ин қоидавайронкунӣ ронанда бебозгашт аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда, воситаи нақлиёт мусодира карда мешавад. Ҳангоми ошкор кардани истифодаи маводи мухаддир фавран маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати то 3 сол пешбинӣ шудааст. Рух додани садамаи марговар дар ҳолати мастӣ/маводи мухаддир: аз 2 то 7 соли зиндон. Садамаи нақлиётӣ бо осеби вазнини ҷисмонӣ: аз 8 то 12 сола зиндон.
Дар сурати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ронанда ба муҳлати 1 ҳафта аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум карда мешавад, аз иҷозатномаи ронандагӣ то 10 имтиёз кам карда, инчунин аз 250 то 1000 евро ҷарима ситонида мешавад. Агар имтиёзҳои (холҳои) боқимонда аз 10 камтар бошанд, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ то 15 рӯз ба миён меояд. Дар сурати такрори ин қоидавайронкунӣ ҷарима метавонад ба 1400 евро расад ва боздоштани шаҳодатномаи ронандагӣ метавонад то 3 моҳ давом кунад. Агар истифодаи смартфон боиси садама гардад, ҷазо боз ҳам сахттар мешавад.
Қоидаҳои нав ҳангоми риоя накардани маҳдудияти суръат аз 10 то 40 км/соат аз 173 то 694 евро ҷарима пешбинӣ мекунанд. Аммо, агар ин дар як маҳалла рӯй диҳад ва ҳадди аққал ду маротиба дар давоми сол такрор шавад, ҷарима аз 220 то 880 евро мерасад. Ба ин маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати аз 15 то 30 рӯз илова карда мешавад.
***
Стандартҳои нав барои ронандагон дар Олмон дар соли 2025. Барои кам кардани ифлосшавии ҳаво олмониҳо тасмим гирифтаанд, ки меъёрҳои партовҳои роҳро тағйир диҳанд.
Стандарти нави партовҳо бо Евро-7 алоқаманд аст ва ҳадафи он коҳиш додани партовҳои зараровар аз мошинҳо, автобусҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт мебошад. Онро Парлумони ИА ва Шӯрои вазирон қабул карданд ва он дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо амал хоҳад кард.
Мувофиқи маълумоти ADAC, стандарт на танҳо маҳдудиятҳои ихроҷро, балки талабот ба фарсудашавии тормоз ва чархҳо, инчунин устувории системаҳо, ҷузъҳо ва аккумуляторҳоро дар бар мегирад.