Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ЗАРУРАТИ ИСТИФОДАИ САМАРАБАХШ АЗ ЗАРФИЯТҲОИ БУЗУРГИ НАҚЛИЁТИВУ ТРАНЗИТИИ ҶОНИБҲО МАВРИДИ ТАЪКИД ҚАРОР ГИРИФТ». Чунин изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

Санаи нашр: 16-01-2025 Просмотрено: 2129

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

16 январ баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки «мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд».

Таъкид гардид, ки «нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад».

Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён имзо гузоштанд.

Дар қатори санадҳои дигар Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон,  Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор,  Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ғайра низ имзо карда шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён аз ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва раванди таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи ҷанбаҳои мавриди назар изҳори қаноат карданд. Аз ҷумла, аз лағви низоми раводид миёни ду кишвар истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки ин иқдом барои густариши робитаҳо дар ҳамаи самтҳо судбахш хоҳад буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, чунин изҳор доштанд: «Дар рафти музокирот ба тамоюли афзоиши интиқоли молу коло миёни ду кишвар дар солҳои ахир ишора гардид. Вобаста ба ин, зарурати истифодаи самарабахш аз зарфиятҳои бузурги нақлиётиву транзитии ҷонибҳо мавриди таъкид қарор гирифт. Ҳамчунин, роҷеъ ба истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба унвони заминаи мусоиди ҳамлу нақли молу маҳсулот табодули назар анҷом ёфт».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар навбати худ аз фазои гарми истиқболу меҳмоннавозии ҷониби мо ва ҷараёни нахустин боздидашон аз Тоҷикистон, ки ба унвони сафари давлатӣ сурат мегирад, баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб пурсамар хоҳад буд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      Манбаъ: www.President.tj