Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар ИДМ ният дорад, ки лоиҳаро оид ба таҳияи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии интермодалии нақлиётиро дар фазои Иттиҳод пешниҳод намояд. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон 25 январ дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 изҳор дошт.
Сафир тазаккур дод, ки барои татбиқи ин лоиҳа экспертизаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ҷалб карда мешавад.
«Дар самти нақлиёт мо минбаъд низ ба фаъолияти шӯрои Байниҳукуматии роҳсозон, шӯрои ҳамоҳангсозии нақлиёт ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан дар масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, такмили шабакаи иншооти роҳ мусоидат хоҳем кард. Мо ба талошҳои умумӣ барои бартараф кардани монеаҳо дар роҳи интиқоли транзити байналмилалӣ ва инчунин сиёсати шаффофи нархҳо диққати махсус медиҳем», - гуфт дипломат.
***
Дар Тоҷикистон бунёди маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар дод.
Лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷараёни ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои узви Бонки исломии рушд (БИР) бахшида ба стратегияи бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, баррасӣ гардиданд.
Рушди иқтисоди «сабз», бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус лоиҳаи «Роғун» ҳамчун ташаббуси муҳими минтақавӣ, бунёди поркҳои технологӣ ва тиҷорати электронӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори содиротӣ, барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва сохтмони корез (канализатсия) дар ноҳияи Панҷ, татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Гулистон — Фархор — Панҷ — Дустӣ», инчунин таҳия ва маблағгузории лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Гулистон — Кӯлоб» ба миён гузошта шуд.
Роҳбари Гуруҳи БИР омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва афзоиши маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз Гуруҳи БИР ба иқтисоди миллии Тоҷикистон беш аз 900 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
***
Дурнамои нав ва қадамҳои стратегӣ дар соҳаи авиатсия. Соли 2024 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соҳаи новбарии ҳавоӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин дар таъмини амният ва навсозии инфрасохтори ҳавоии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Яке аз рӯйдодҳои барҷаста иштироки роҳбарияти корхона дар ҳамоиши бонуфузи авиатсионии «Airspace World 2024» дар Женева, инчунин мулоқот бо директори генералии CANSO (Шӯрои фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва аэронавигатсия) буд, ки мақоми баланди Тоҷикистонро дар соҳаи авиатсияи ҷаҳонӣ тасдиқ кард. Дар ин бора дар ҷараёни ҷамъбасти фаъолияти иқтисодӣ ва истеҳсолии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2024 зикр карда шуд.
Дастоварди дигар пазируфта шудани КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба узвияти Созмони байналмилалии CANSO ва SOCEA буд, ки ба мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Қадами дигари муҳим имзои ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ бо КВД Маркази «Узаэронавигация» ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоии Синзян буд, ки барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷриба байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо уфуқҳои нав кушод.
Соли 2024 корхона ба 71 459 ҳавопаймо хидмат расонида, шумораи парвозҳои транзитӣ ба 48 562 расонида шуд. Бо мақсади беҳтар намудани бехатарии парвозҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон радиопеленгаторҳои автоматии нав ба истифода дода шуданд, инчунин системаи алоқа ва таҷҳизот навсозӣ карда шуд.
***
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Кӯлоб ва Панҷакент аз сар гирифт. 15 январ парвози аввал тариқи хатсайри «Душанбе – Кӯлоб» ва бозгашт анҷом дода шуд. Парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб, мисли самти дигар, 30 дақиқа тӯл кашид. Бояд зикр кард, ки ин аввалин парвоз дар солҳои истиқлолият дар ин хатсайр буд.
Тавре ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар дод, ҳавопаймо соати 10:20 аз Душанбе парвоз карда, соати 10:50 ба Кӯлоб расид. Парвози бозгашт соати 13:30 шуруъ шуд кард ва соати 14:00 ҳавопаймо бехатар дар Душанбе фуруд омад. Дар дохили он 17 мусофир буданд.
Парвози аввалин тариқи хатсайри «Душанбе–Панҷакент» 24 январ сурат гирифт. Парвоз аз Душанбе ба Панҷакент бо 17 мусофир 45 дақиқа тӯл кашид.
«Ҳавопаймо соати 10:25 аз Душанбе парвоз карда, соати 11:10 дар фурудгоҳи Панҷакент фуруд омад. Аз Панҷакент ҳавопаймо соати 12:25 ба ҳаво хест ва соати 13:10 ба Душанбе расид», - хабар доданд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳо ба ҳарду самт ҳафтае 3 маротиба – рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.Арзиши чипта 400 сомонӣ мебошад.
***
Ширкати «Сомон Эйр» басомади парвозҳоро аз Душанбе ба Теҳрон зиёд мекунад. Аз 3 феврали соли 2025 парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон тибқи ҷадвали нав анҷом дода мешаванд, ки ин ба мусофирон ҳангоми банақшагирии сафарҳояшон роҳати бештар фароҳам меорад. Дар ин бора «АП» бо истинод ба ширкат хабар дод.
Ҳоло парвозҳо дар рӯзҳои душанбе на шом, балки рӯзона сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:00, аз Теҳрон - 12:50 ба вақти маҳаллӣ.
Илова бар ин, аз 5 марти соли 2025 «Сомон Эйр» ба зудӣ парвозҳои иловагиро дар ин хатсайр рӯзи чоршанбе ҷорӣ мекунад: парвозҳо аз Душанбе соати 14:00 ва аз Теҳрон соати 16:50 бо вақти маҳаллӣ сурат хоҳанд гирифт.
Ҳамин тариқ, аз 5 март ҳавопаймоҳо рӯзҳои душанбе ва чоршанбе ба Теҳрон парвоз хоҳанд кард. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд. Ин ба мусофирон имкон медиҳад, ки байни Тоҷикистону Эрон бештар сафар кунанд.
Вақти сафар аз Душанбе ба Теҳрон 2 соату 50 дақиқаро ташкил медиҳад, дар самти баръакс 2 соату 30 дақиқа.
***
Дар пойтахти Тоҷикистон муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилӣ» таҳти сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Қарори дахлдор аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 15 январи соли 2025 ба имзо расид.
Муассисаи нав ба тарҳрезӣ, ободонӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир машғул хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки фаъолияти он ба беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии пойтахт равона карда шавад. Муассисаи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳавӣ бақайдгирӣ ва танзими асноди заруриро барои фаъолияти худ таъмин менамояд. Раёёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки ҷиҳати таъмини таъсис бо бинои маъмурӣ барои оғози кори муассисаи нав чораҷӯӣ намояд.
ДАР МИНТАҚА
Аз 1 марти соли равон дар Узбекистон барои идоракунии мопед ва скутер шаҳодатномаи ронандагии категорияи «А» доштан ҳатмист. Ронанда барои идоракунии мопед ва скутер бидуни ҳуқуқи дахлдор ҷарима карда мешавад, хабар медиҳад azathabar.com.
Моҳи июли соли 2024 бо қарори Девони вазирони кишвар ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ як қатор тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, барои мотосиклҳои барқӣ, мопедҳо ва скутерҳо аломатҳои алоҳида ва фарқкунандаи рақами давлатӣ ҷорӣ карда шуданд.
Нашрия навиштааст, ки вақтҳои охир дар Узбекистон соҳибони тиҷорати хурд скутерҳо ва мопедҳоро ба таври васеъ истифода мебаранд.
Тибқи маълумоти Кумитаи гумруки Узбекистон, соли 2024 ба кишвар 211 876 адад мотосикл (скутер ва мопед) ба маблағи 32,3 миллион доллар ворид карда шуд. Ин рақам нисбат ба соли 2023 тақрибан 1,4 маротиба зиёд аст.
Дар Қазоқистон Президент Қосим-Жомарт Токаев моҳи октябри соли гузашта қонунеро дар бораи бақайдгирии ҳатмии мопедҳо ва скутерҳо имзо кард. Дар он ҷо ба ронандагон то 3 апрели соли 2025 мӯҳлат дода шудааст, то ки воситаи нақлиёти худро ба қайд гиранд.
Дар Қирғизистон моҳи сентябри соли 2024 Саридораи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ВКД нисбати ронандагони мотосикл ва скутерҳо рейдҳои васеъмиқёс анҷом дод. Сабаб боз садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ гардид, ки бо айби соҳибони ин гуна воситаҳои нақлиёт зиед шуданд.
Ронандагоне, ки ҳуҷҷатҳои дахлдор надоштанд, ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ фиристода мешуданд.
ДАР ҶАҲОН
Соли 2024 фурӯши мошинҳои барқӣ дар саросари ҷаҳон ба нишондиҳандаи рекордӣ – 17,1 миллион адад расид, ки нисбат ба соли 2023 25 фоиз зиёд аст. Дар ин бора хабаргузории «Анадолу» бо истинод ба маълумоти ширкати таҳқиқотии бритониёии Rho Motion хабар додааст.
Дар сатҳи минтақавӣ фурӯши мошинҳои барқӣ дар Аврупо нисбат ба соли 2023 ба андозаи 3 фоиз коҳиш ёфта, 3 миллион ададро ташкил дод. Бритоние бо фурӯши беш аз 400 ҳазор адад мошинҳои барқии аккумуляторӣ пешсаф шуд ва дар охири сол аз Олмон пеш гузашт. Дар Олмон, пас аз бекор кардани субсидияҳо барои мошинҳои барқӣ дар охири соли 2023, коҳиши фурӯш дар соли 2024 ба назар мерасад.
Дар ИМА ва Канада афзоиши фурӯш 9% - ро ташкил дод, ки ба 1,8 миллион расид, ки бо имтиезҳои андоз барои мошинҳои барқӣ алоқаманд аст. Дар моҳи декабри соли 2024, бозори Амрикои Шимолӣ фурӯши рекордӣ нишон дод – 185 ҳазор адад.
Дар Чин фурӯш 40 % афзоиш ёфт, ки ин 11 миллион мошинҳои барқӣ ва беш аз нисфи фурӯшро дар саросари ҷаҳони ташкил медиҳад. Моделҳои ширкати BYD дар бозори чин пешсаф шуданд.
Дар маҷмӯъ, фурӯши мошинҳои барқӣ дар дигар минтақаҳои ҷаҳон нисбат ба соли 2023 27% афзоиш ёфта, ба 1,3 миллион адад расид.
***
21-22 январ дар шаҳри Саратов Конфронси 3-юми илмӣ-амалӣ «Технологияҳои муосир – ба роҳҳои Русия: ташхис ва шиносномакунии роҳҳои автомобилгард» баргузор шуд. Созмондиҳандагони Ҳамоишро Ассотсиатсияи мақомоти идоракунии роҳҳои автомобилгарди Русия «РАДОР» роҳандозӣ кард. Конфронс бо дастгирии Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Саратов баргузор шуд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён масъалаҳои мубрами истифодаи технологияҳои муосирро дар самти ташхис ва шиносномакунии роҳҳои автомобилгард, танзими меъёрию техникии хоҷагии роҳ ва таҳияи меъерҳои сметавӣ баррасӣ намуданд.
***
23 январ дар Москва конфронс ва намоишгоҳи «Сохтмони роҳ дар Русия.Техникаи роҳсозӣ, таҷҳизот ва маводҳо: ивазкунии воридот, технология ва истеҳсолот» баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур бо дастгирӣ ва иштироки Ҳукумати Федератсияи Русия, Вазорати нақлиёти Русия, Агентии федералии роҳҳо, Вазорати саноати Русия, Думаи Давлатии Федератсияи Русия, Ассотсиатсияи «Росспетсмаш», инчунин муассисаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор шуд. Онро Ассотсиатсияи «РОСасфалт»» бо мусоидати Донишгоҳи нақлиёти Русия роҳандозӣ намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ дар ҷаласаи умумӣ Роҳбари Агентии федералии роҳҳо Роман Новиков чунин зикр кард кард: «Соли 2024 лоиҳаи миллии «Роҳҳои бехатар ва босифат» ҷамъбаст карда шуд, ки он самараноктарин ва намоёнтарин лоиҳа дар шаш соли охир гардид. Ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаи миллӣ, аз ҷумла афзоиши ҳиссаи роҳҳои федералӣ дар ҳолати меъёрӣ то 85% ва шабакаи минтақавии роҳҳо то 54% иҷро карда шуданд. Дар доираи лоиҳаи миллӣ зиёда аз 166 ҳазор км роҳҳои автомобилӣ сохта ва таҷдид карда шуданд, ки ҳаҷми назарраси пӯшиши 1 миллиард метри мураббаъро ташкил медиҳад».
***
Русия ва Эрон «шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ» шуданд. Ин ба соҳаи нақлиёт чӣ гуна таъсир мерасонад? 17 январи соли 2025 дар Кремл музокироти Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён баргузор шуд, ки бо сафари расмӣ ба Русия омад.
Президентҳои Эрон Масъуд Пизишкиён ва Русия Владимир Путин дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар Маскав Қарордоди шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро ба имзо расониданд, хабар дод Хадамоти матбуоти Кремл.
Дар санад чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Москва ва Теҳрон барои дарозмуддат муқаррар карда шудааст. Он 47 моддаро дар бораи самтҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар дарбар мегирад.
Дар моддаи 21 чунин омадааст:
1. Тарафҳо бо дарназардошти имконоти мавҷудаи онҳо ҳамкории зичро дар соҳаи нақлиёт нигоҳ медоранд ва омодагии худро барои рушди ҳамаҷонибаи шарикӣ дар соҳаи нақлиёт дар асоси мутақобилан судманд тасдиқ мекунанд.
2. Тарафҳо барои фаъолияти интиқолдиҳандагони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, осон кардани раванди интиқоли бор ва мусофирон бо тамоми намудҳои нақлиёт ва афзоиши ҳаҷми онҳо, истифодаи самараноки инфрасохтори роҳ ва наздисарҳадӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
3.Тарафҳо ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, баҳрӣ ва мультимодалӣ, инчунин дар тайер кардани мутахассисон дар соҳаи нақлиёт рушд медиҳанд.
4.Тарафҳо дар рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мегузаранд, аз ҷумла долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Чунин ҳамкорӣ пешбурди молҳои аз ҷониби Тарафҳо истеҳсолшударо ба бозорҳои кишварҳои сеюм, инчунин фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамлу нақли бефосила дар долонҳои нақлиётӣ ҳам дар алоқаи дуҷониба ва ҳам тавассути транзит дар қаламрави худ дарбар мегирад.
5.Тарафҳо лоиҳаҳои муосирро дар соҳаи системаҳои рақамии нақлиётӣ ҷорӣ мекунанд.
6.Тарафҳои шартномавӣ дар доираи ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ дар соҳаи нақлиёт ҳамоҳангии зичро нигоҳ медоранд, ҳамкории мутақобилан судмандро байни мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт ва ташкилотҳо ба роҳ монда, ба иштироки онҳо дар чорабиниҳои байналмилалии нақлиётии соҳавӣ мусоидат мекунанд.
***
Мошинҳои тамғаи «Made in China» бозори ҷаҳонро, ба маънои томи ин ибора, ишғол мекунанд. Мошинсозони чинӣ дигар на ба он кӯшиш мекунанд, ки ба пешсафон расанд – онҳо бо боварӣ дар бозори ҷаҳонӣ «қоидаҳои бозӣ»-и худро ҷорӣ мекунанд ва барои истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон роҳҳои ҳалли рақобатпазир ва бо технологяҳои баландро пешниҳод месозанд. Дар бораи сирри муваффақияти онҳо муаллифи маводе, ки 17 январ дар сомонаи «Азия Плюс» нашр шудааст, маълумот додааст.
Дар байни бартариҳои мошинҳои истеҳсоли Чин инҳо номбар шудаанд: навовариҳои дастрас, шартгузорӣ ба электрификатсия, истеҳсол ва тарроҳии ҷаҳонӣ, чандирӣ ва маҳаллисозӣ, нарх ва конфигуратсия, устуворӣ, мутобиқсозии зуд ба тамоюлҳо.
Гуфта мешавад, ки дар 5 соли охир фурӯши мошинҳои чинӣ дар Аврупо беш аз се баробар афзоиш ёфтааст. Мошинҳои барқии BYD ва MG бо сабаби нархҳои паст ва мавҷудияти тамоми технологияҳои муосир бо брендҳои маҳаллӣ фаъолона рақобат мекунанд.
Инро нисбат ба ИМА низ гуфтан мумкин аст. Гарчанде, ки бозори Амрико консервативӣ аст, мошинсозони чинӣ тадриҷан дар ин қора батаҷриҷ ҷойгоҳи худро пайдо мекунанд. Таваҷҷӯҳ дар он ҷо бештар ба пикапҳои барқӣ ва SUV, ки дар байни амрикоиҳо маъмуланд, равона карда шудааст.
***
Дар марзи Русия ва Қазоқистон ду нуқтаи гузаргоҳи назоратии автомобилӣ баста мешаванд. Аз 1 феврали соли ҷорӣ гузариши воситаҳои нақлиёт ва борҳо тавассути нуқтаҳои назоратии гузаргоҳи автомобилии (ННГ) «Орск» ва «Маштаково» дар вилояти Оренбург дар марзи Русия ва Қазоқистон муваққатан боздошта шуд, хабар медиҳад Росгранстрой.
Ин нуқтаҳои гузаргоҳи автомобилӣ кори худро дар робита ба баста шудани нуқтаҳои гузаргоҳи «Алимбет» ва «Сирим» аз ҷониби Қазоқистон барои таъмири нақшавӣ қатъ мекунанд. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ метавонанд то 16 моҳ идома ёбанд.
Росгранстрой ҳангоми банақшагирии убури қитъаи Русия ва Қазоқистон дар сарҳади давлатӣ тавсия медиҳад, ки хатсайрҳои алтернативии ҳаракат тавассути нуқтаҳои гузаргоҳро баррасӣ кунанд:
- «Светлый» (танҳо барои шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон);
- «Теплое» ( танҳо барои шаҳрвандони Русия аа Қазоқистон);
- «Илек»;
- «Сагарчин».
Бояд зикр кард, ки то аввали соли равон автобусҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, инчунин нақлиёти боркаш аз/ба Тоҷикистон сарҳадро тавассути нуқтаҳои назорати гузаргоҳии «Орск» ва «Маштаково» убур мекарданд.
Аз 1 декабри соли 2024 ба дар ННГ «Маштаково» танҳо пас аз супоридани маълумоти биометрикӣ (акси чеҳра ва изи ангушт) шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсиями Русия роҳ дода мешаванд.