Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«КАМАРБАНДИ САБЗ» ДАР КАНОРИ РОҲҲО.Танҳо дар моҳи аввали соли равон дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 15888 бех ниҳол шинонда шуд

Санаи нашр: 06-02-2025 Просмотрено: 3759

Дар тӯли роҳҳои автомобилгард «камарбанди сабз» таъсис дода мешавад - танҳо дар моҳи январи соли 2024 идораҳои маҳаллии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶТ дар канори роҳҳо зиёда аз 15888 бех  ниҳол шинондаанд.

Аз ҷумла, ба ҳолати то 30 январи соли 2025, муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» (ИХРА) - и минтақаи Бохтар 1209 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 6518 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 7727 бех ниҳол, ИХРА-и минтақаи Ҳисор 1430 бех ниҳоли дарахтони сояафкан,  ИХРА-и минтақаи Кӯлоб 2062 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 2408 бех ниҳоли дарахтони соядиҳанда, ҳамагӣ 4470 бех ниҳол,  ИХРА-и вилояти Суғд 865 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 1396 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамагӣ 2261 бех ниҳол шинондаанд.

Азбаски дар минтақаи Рашт ва ВМКБ ҳанӯз барф ва ҳаво сард аст,  ниҳолшинонӣ моҳи март оғоз меёбад.

Дар маҷмӯъ дар канори роҳҳои автомобилгарди мамлакат 6 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи хуч, ангат ва коҷ (санавбар) ва дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда мешаванд. Чунин вазифа гузошта шудааст дар Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 29 ноябри соли 2023 қабул гардидааст. Барномаи мазбур дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.

Барнома дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи якум солҳои 2023 – 2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026 – 2027-ро дарбар мегирад.

Аллакай дар марҳилаи аввал бояд дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонда шавад.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт 28 июни соли 2024 боз як санади муҳим – Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намуд. Тадбирҳои ин барнома ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, барқарор кардани ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳ доштани тавозуни устувори табиӣ, мутобиқ шудан ба равандҳои тағирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати такмил додани стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба принсипҳои иқтисодиёти «сабз», кабудизоркунии роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.