Дирӯз дар заминаи марҳилаи сеюми татбиқи Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди «Обигарм – Нуробод» Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули мошингузари дароз байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ширкати чиноии «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» дар Тоҷикистон аз ҷониби Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати мазкур Ли Минкун ба имзо расид.
Дар маросими имзои созишнома ҳамчунин директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛ ТР) Нуралӣ Арабзода, директори КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Валиҷон Махсум ва мутахассисони МТЛ ва ТР ширкат намуданд.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зикр кард, ки сохтмони ин пул барои иқтисодиёти мамлакат аҳамияти муҳим дошта, бояст бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад.
Тибқи Созишнома, пули мазкур бояд дар муҳлати 4 сол бо назардошти меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо иштироки мутахассисони ботаҷрибаи ватанию хориҷӣ сохта, ба истифода дода шавад, вале тавре Вазир зикр намуд, «имкон дорад сохтмони он пештар низ анҷом дода шавад».
Арзиши умумии вазифаҳо, фаъолиятҳо ва маводҳои зарурӣ барои татбиқи лоиҳа 427 555 518.63 юани чинӣ (59 857 772,61 долл. ИМА) - ро ташкил медиҳад.
Зикр карда шуд, ки пули мазкур бо дарозии 920 метр ва ба шумули роҳҳои ба он васлшаванда дар маҷмуъ ба масофаи 1500 метр дар ноҳияи Нуробод, болои дарёи Сурхоб сохта мешавад, ки на танҳо дар мамлакат, балки дар Осиёи Миёна дарозтарин буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон» бунёд хоҳад гардид.
Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи пул аз ҷониби машваратчиёни ширкати муштараки кореягии «Донг Маёнг Инҷиниринг Компани», «Сенг инҷиниринг Компани» ва «Сусанг Инҷиниринг компани» дар ҳамкорӣ бо КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст.
Намояндаи «Жечианг коммуникейшн констракшэн груп ко ЛТД» Ли Минкун тазаккур дод, ки ин ширкат дар Тоҷикистон чанд сол боз фаъолият намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳу пулҳо таҷрибаи калон дорад.
БАРОИ МАЪЛУМОТ
«Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД» (ширкати сохтмони коммуникатсияҳои Чин; "Zhejiang Communications Construction Group Co Ltd", СССС) корпоратсияи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ба сохтмони иншооти инфрасохтори нақлиётӣ тахассус дорад.
СССС яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмони бандарҳо, иншооти бандарӣ, чуқуркунӣ, лоиҳакашӣ ва бунёди амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, роҳу пулҳо, аз ҷумла роҳи оҳан, метро, фурудгоҳҳо ва сойири иншооти инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Ширкат дар 139 кишвар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ дорад.
Ширкат шумораи зиёди лоиҳаҳои бузургро дар Чин ва дигар кишварҳо, аз ҷумла оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷҳизонидани 7 аз 10 бандари аз рӯи гардиши бор калонтарини ҷаҳон, лоиҳакашӣ ва сохтмони пулҳои тӯлонитарин дар ҷаҳон, шоҳроҳҳо, маҷмааҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ амалӣ кардааст.Ин ширкат тӯлонитарин пули баҳрии Ханчжоу Бэйро дар Чин бо дарозии 36 км ва бузургтарин дар ҷаҳон дарвозаи оҳанинро барои бандари Антверпен (Белгия) бунёд намудааст.