Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«БРАМОМ-4». Дар Душанбе cеминар-машварат оид ба таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ баргузор гардид

Санаи нашр: 03-03-2025 Просмотрено: 4517

26 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и назди Вазорати нақлиёт, семинар-машварат баргузор гардид, ки он  яке аз тадбирҳои муҳим дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи  амали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2035  хоҳад гардид.      

Мақсади асосии қабули санади мазкур ба коҳиши назарраси ҳодисаҳои фавт  ва ҷароҳатбардории одамон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ равона  шудааст. Тоҷикистон талош дорад, ки дар натиҷаи ба истифода додани роҳҳои 
босифат ва замонавӣ шумораи фавт ва ҷароҳатҳои  вазнинро аз байн барад.   

Стратегияи нав ба таъсиси шабакаи нисбатан бехатари нақлиёти автомобилӣ тавассути истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ нигаронида шудааст.

Дар семинар масъулони вазорату идораҳои дахлдори  тасмимгиранда, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои  дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки миллӣ ва дигарон  иштирок намуданд.

Муҳокимаҳо асосан атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар  роҳҳои Тоҷикистон, мушкилоти асосӣ ва афзалиятҳои стратегӣ, суғуртакунии масъулияти шаҳрвандии ронандагон барои расидан ба мақсади  ниҳоӣ – қабули ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ сурат гирифтанд. Ҷонибҳои манфиатдор масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, стандартҳои воситаҳои нақлиёт, идоракунии суръати ҳаракат дар роҳ ва фаъолиятҳои пас  аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёитро баррасиӣ намуданд. 

Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ ба татбиқи раванди   «Маҷмуи бехатарӣ» дар кишвари мо тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз ҷумла, чуноне дар барномаи Даҳсолаи дуюми амалиёти СММ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ  зикр шудааст,  мусоидат хоҳад кард.  Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт таҳкими ҳамоҳангсозии институтсионалӣ, такмил додани  низоми рақамии маълумот оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъмини  маблағгузории устувор барои навсозии инфрасохтор ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дарбар мегирад. 

Дар баргузории семинар коршиносони байналмилалии соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ширкати итолиёвии «FRED Engineering» саҳм дошта, дар ояндаи  наздик барои муайян намудани нақшаи амал ва масъулияти возеҳи 
ҷонибҳои манфиатдор дар самти  бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат  хоҳанд кард.