Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вазири нақлиёт хостори суръат бахшидани корҳо ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш шуд

Санаи нашр: 06-03-2025 Просмотрено: 5308

Рӯзи душанбе, 3 март, дар ҷаласаи назоратӣ дар Вазорати нақлиёти ҶТ маълумот дар бораи раванди ташкили шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш шунида шуд. Вазири нақлиёт  Азим Иброҳим аз роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт даъват кард, ки корҳоро дар ин самт суръат бахшанд ва ҳар ҳафта ба ӯ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанак» дар яке аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе – Кӯлоб – Кулма» нуқтаи  боркашониро бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосир муҷаҳҳаз гардонид. Нуқтаи боркашонии мазкур дар километри 190+300-уми  ин шоҳроҳ,  дар қитъаи воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ҷойгир буда, он бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумипи Чин ZCS-30 (SCS/ZCS) муҷаҳҳаз гардонида шуд ва ба шабакаи назорати рақамии КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст гардидааст.

Низоми нави вазнченкунӣ бо сенсорҳои  рақамӣ имкон медиҳад, ки вазни  воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати он чен карда шавад ва ягон мошини боркаш бе назорат намонад.

Зикр гардид, ки дар семоҳаи сеюм ва чоруми соли 2024 дар нуқтаҳои боркашонии воқеъ дар  километри 15-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе -  Ваҳдат - Лахш» (ноҳияи Файзобод), километри 56-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе - Кӯлоб - Кулма» (шаҳри Норак), километри 80+300-уми роҳи автомобилгарди «Душанбе - Бохтар» (мавзеи Қизалқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон) низ таҷҳизотҳои вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда шуданд. 

Тибқи нақшаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон , соли 2025 дар нуқтаҳои боркашонӣ дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе (яке аз самти «Бохтар–Душанбе», дигаре аз самти «Турсунзода – Душанбе»), инчунин дар километи 92-юми роҳи «Конибодом–Деҳмой» (мавзеи Шаббода), километри 33,600-уми роҳи «Душанбе –  Кулма» (шаҳри Ваҳдат), километри 22-юми роҳи «Душанбе-Турсунзода» (шаҳри Ҳисор), километри 12-уми роҳи «Душанбе - ноҳияи Рӯдакӣ – Ёвон» (мавзеи Султонобод) ва километри  322+5-уми роҳи «Душанбе – Чанок» (шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд) таҷҳизотҳои вазнченкунии муосири ZCS-30 насбу васл карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш таъсис дода мешавад. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҳамаи тарозуҳои мобилӣ ва динамикию статсионарии ченкунии вазни воситаҳои нақлиёти боркашро дар 30 нуқтаи боркашонии  мамлакат тавассути интернет ба ин шабака иттисол медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки дар бораи таъсис додани  шабакаи ягонаи рақамии назорати ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супориш дода буданд. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 чунин таъкид карданд:

«Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст. Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд».