Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ЭҲДО БА РӮЗИ МОДАР. Тарғиби либоси миллӣ василаи ҳифз ва рушди фарҳанги миллист

Санаи нашр: 08-03-2025 Просмотрено: 4530

«Имрӯз занону бонувони тоҷик рисолати бузурги худро идома медиҳанд. Онҳо бо пӯшидани либосҳои миллӣ, эҳтироми анъанаҳои ниёгон ва тарбияи  фарзандон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба ҳифзи фарҳанги миллӣ мусоидат мекунанд».Чунин нигоштааст дар мақолаи худ  мутахассиси пешбари КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Забарҷад Асхӯҷаева.

«Фарҳанг ҳастии миллат аст!» – ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънои амиқ доранд, зеро агар фарҳанги миллат аз байн равад, миллат асолати худро воқеан аз даст медиҳад ва худ аз байн меравад.

Барои мисол, агар забони модарӣ ба кӯи фаромушӣ афканда шавад, фарҳанги миллӣ низ аз байн меравад ва худи миллат низ рӯ ба нестӣ меоварад. Чуноне муҳаққиқи барҷастаи таърихи халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров фармудааст: «Забони модарӣ ганҷинаи бебаҳоест, ки бидуни он миллат вуҷуд дошта наметавонад».

Либоси миллӣ низ мисли забони модарист, он асолат ва фардияти мардум, тарзи зиндагӣ, рӯзгор ва фарҳанги онҳоро инъикос мекунад.Он дар бораи рушди таърихии қавм, шароити табиӣ ва иқлимӣ, сохти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, анъанаҳои динию мардумӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти одамон маълумот медиҳад. Омӯзиш,  нигоҳдорӣ  ва таблиғи либоси миллӣ ба ҳифзу таҳкими  мероси фарҳангӣ ва таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ҳифзу нигаҳдории либоси милӣ чун дигар арзишҳои миллӣ нақши зан – модар, омӯзгор, эҷодкору тарбиятгар хеле бузург аст. Занону бонувони мо дар ҷомеа на танҳо ҳамчун тарбиятгари насли нав, балки чун ҳомии суннату анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва забони модарӣ мавқеи хос доранд. Аз рӯзгори қадим модарони тоҷик ба фарзандон суннатҳои ниёгон, одобу ахлоқ, эҳтиром ба калонсолононро мемӯзонданд ва онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, донишомӯзӣ тарбият мекарданд.

Имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳои гуногун бо ҳам бархӯрд мекунанд, нигоҳ доштани асолату фарҳанги миллӣ беш аз ҳарвақти  дигар муҳимтар ва масъулияти занону бонувони мо боз ҳам афзунтар шудааст. Зеро дар ҳар хонавода устоди аввали шахс модар аст. Ӯ тарбияи  фарзандро аз нахустин рӯзи ба дунё омаданаш бо суруди «Алла» шуруъ мекунад, бо нахустин калимаҳо шеваи гуфтор меомузонад. Дар ин роҳ Зан - Модар ба фарзандони худ қиссаю ривоятҳо мекунад, таърих, одобу ахлоқ, урфу одатҳои нек, китоб хондан ва  донишу ҳунар омӯхтанро  ёд медиҳад. 

Маросимҳои суннатӣ, аз қабили гаҳворабандон, хонадоршавӣ, ҷашн гирифтани Сада, Меҳргон, Наврӯз  ва ғайра бо иштироки бевосита ва фаъолонаи занону бонувон мегузарад. 

Бинобар ин, занону бонувонро сарчашмаи ҳастӣ, ҳомии расму русуми миллӣ ва нигоҳдорандаи миллат меноманд. Имрӯз низ занон рисолати бузурги худро идома медиҳанд.

Онҳо бо пӯшидани либосҳои миллӣ, эҳтироми анъанаҳои ниёгон ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба ҳифзи фарҳанги миллӣ мусоидат мекунанд. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дирӯз, 7 марти соли 2025  дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида Рӯзи Модар  чунин зикр намудаанд: «Модар мавҷудест, ки офаранда аст, фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18 – 19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад. Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд.

Сарвари давлат бо эътимоди комил иброз доштанд, ки модарону бонувони муҳтарами мо минбаъд низ дар таълиму тарбияи фарзандони хушахлоқу соҳибмаърифат, татбиқи талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Пешвои миллат ҳамчунин ттаъкид намуданд, ки «дар ин раванд, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувону занони гиромии мо мебошанд».

«Либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳамаи давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфтанд, тарк накунед», - таъкид намуданд Ҷаноби Олӣ.

Зан на танҳо фарҳангро ҳифз мекунад, балки онро рушду такомул мебахшад. Ҳоло дар риштаҳои гуногуни ҳунар, аз ҷумла адабиёт, санъат, театр, мусиқӣ, синамо, рассомӣ ва ғайра занону бонувони  зиёде фаъолият мекунанд ва  бо малака ва истеъдоди баланди худ фарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ин мӯҷиби ифтихор аст.

Махсусан ҳоло, дар замони ҷаҳонишавии бошитоб,  ҳифозат ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ хеле муҳим ва амри воҷиб аст, зеро бархӯрди тамаддунҳо метавонад боиси аз байн рафтани фарҳанг ва ҳувияти миллии халқҳо шавад, ки ин дар навбати худ мунҷар ба тахриб ва вайроншавии  ба истилоҳ коди миллӣ (ё рамзи миллӣ) мегардад.  Коди миллӣ маҷмӯи рамзҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва анъанаву суннатҳоест, ки  аз рӯи он ин ё он миллат ё халқиятро мешиносанд ва ба  ҳувияту фарҳанги ӯ баҳо медиҳанд.

Мебинем, ки тарроҳони боистеъдоди мо сару либоси тоҷикиро дар саҳнаи бонуфузи мӯди ҷаҳонӣ дар Осиё ва Аврупову Амрико муаррифӣ мекунанд ва онҳо масъулияти калонеро бар дӯш доранд. Зеро онҳо боястӣ бар он кӯшанд, ки либосҳои барои намоиш омодакардаашон на танҳо ҷаззобу дилкаш бошанд ва мардумро ҷалби таваҷҷуҳ кунанд, балки арзишҳои муҳими фарҳанги миллиамонро низ мунъакис созанд. Ҳар либосе, ки офарида мешавад, бояд таҷассумгари ҳунар, анъана ва нақшу нигори миллӣ бошад.

Хушбахтона, имрӯз дар ҳама марказҳои савдо шумораи зиёди матоъҳои миллӣ, бахусус чакан ва атласу адрас, намудҳои гуногуни либосҳои замонавии дорои унсурҳои миллӣ пешниҳод гардида мешаванд. Ҳамзамон тавассути синамо, шабакаҳои телевизон ва интернет либосҳои миллӣ торафт бештар тарғибу ташвиқ карда мешаванд. Яке аз ҳадафҳои асосии ташкилу баргузории  озмуну фестивалҳои сатҳи маҳаллию ҷумҳуривии «Сад ранги чакан», «Атлассу адрас», «Чакомаи гесӯ», «Кадбонуи беҳтарин» ва ғайра низ ҳамин аст. Солҳои охир аз аввали моҳи март то охири моҳи май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо иқдоми (аксияи) «Тоҷикона  мепӯшем!» ба роҳ монда мешавад.

Ҳамаи ин боиси он гардидааст, ки фарҳанги либоспӯшии миллии мо тадриҷан бо нафаси тоза эҳё  мешавад.

Дар раванд муҳим он аст, ки тарроҳони мо матоъҳои миллӣ, нақшу нигор ва унсурҳои хоси либоси тоҷиконаро бо услубҳои муосир омезиш диҳанд – ин метавонад на танҳо ба ҳусни либосҳои милии мо биафзояд, балки харидорону толибони ин либосҳоро дар хориҷи кишвар низ бештар созад.

Матоъҳои милии мо воқеан зебо ва пурмаъноянд, ҳар як нақшу нигори онҳо маънои хос дорад. Масалан, атлас ва адрас бо рангҳои худ рамзи офтоб, табиат ва умедро ифода мекунанд. Чакан бештар бо рангҳои баланд нақшу нигор ёфта, косагулҳои онро баъзе муҳаққиқон рамзи эзиди қадимаи Митро ғ таҷассумгари офтоб медонанд.

Боиси ифтихор аст, ки  бо кӯшишу эҳтимоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дахлдори кишвар соли 2018 чакан ва соли 2023 атласу адрас ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардиданд. 

Сабабҳои дубора маъмул гаштани матоъҳои қадимаи миллӣ дар замони муосир зиёд мебошанд, ки муҳимтаринашон чунинанд:

– Имрӯз мардум бештар ба решаҳои фарҳангии худ таваҷҷуҳ мекунанд ва маҳсулоти миллӣ, аз ҷумла либосҳои аз матоъҳои қадима омодашуда талаботи зиёд пайдо кардаанд. Чунин тамоюл на танҳо дар дохили кишвар,
балки дар хориҷа низ мушоҳида мешавад;

– Рушди технологияҳои муосир дар саноати нассоҷӣ имкон фароҳам овадааст, ки матоъҳои қадима аз нав эҳё ва  бо сифати баланду нархи дастрас  истеҳсол шаванд.

Ин сатрҳоро бо чунин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён мебарам, ки 5 сол муқаддам, 7 марти соли 2020 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар гуфта буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либосппӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва  гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад».
Хулоса, муносибат ба либоси миллӣ, ки имрӯз теъдоди муайяни  бонувони тоҷик онро бо як ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд, арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷуҳи  ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифи бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, қарор дода шавад. Тарғиби либоси миллӣ бояд бо диди нав, завқу ҷустуҷӯҳои тоза ва бо  истифода аз матоҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба аҳониён муаррифӣ гардад.  

Забарҷад АСХУҶАЕВА,   

мутахассиси пешбари

КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»