12 - 13 марти соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешволи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Рӯзи чоршанбеи 12 март дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.
12 март сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд. Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек қарор дорад. Боғи миллӣ дар оғӯши мавзеъҳои зебои табиат қарор дошта, барои сайру саёҳат маҳалли дилфиреб аст.
13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.
Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Мошини Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро савораҳо бо аспҳои ба таври хоси миллӣ ороёфта ҳамроҳӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ шуд. Ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 500 миллион доллар расонад.
Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.
Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Худи ҳамон рӯз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯ ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла:
— Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.
Ғайр аз ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад.
Пас аз анҷоми музокирот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ карданд.
Сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад. Фардо ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом медиҳад.
«Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд. Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешанд».
Манбаъ: www.President.tj