Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ. Андешидани тадбирҳо оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои узви Иттиҳод оғоз гардидРАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ. Андешидани тадбирҳо оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикун

Санаи нашр: 17-03-2025 Просмотрено: 5495

Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешидани тадбирҳо оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз гардид. Вазорати нақлиёти ҶТ нақша дорад, ки  нахустин нишасти  коршиносони соҳавии  кишварҳои ИДМ-ро доир ба ин масъала баргузор намояд.      

Мувофиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 октябри соли 2024, аз 1 январи ҳамин сол раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

22 январи соли 2025 дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи  ИДМ дар шаҳри Минск Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 пешниҳод карда шуд.

Дар доираи ин Консепсия дар соҳаи нақлиёти кишварҳои Иттиҳод корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ оғоз пазируфтанд. Ба ин раванд коршиносони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО СММ), инчунин мутахассисони мақомоти нақлиёт ва гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ  ҷалб карда  шудаанд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нишасти  коршиносонро оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии  долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба нақша гирифтааст.  Нишасти коршиносони соҳавӣ дар ҳошияи Форуми байналмилалии операторони «бандарҳои хушк», хизматрасониҳои нақлиётии логистикӣ ва мултимодалӣ, ки аз ҷониби  ЭСКАТО-и СММ 26-27 марти соли 2025 дар пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок доир мегардад, баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои оянда афзоиши минбаъдаи талабот ба  боркашонии байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Дар робита ба ин, инфрасохтори устувори нақлиёти рақамӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти ҳаётан муҳим хоҳад дошт.Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2050 талаботи ҷаҳонӣ ба боркашонӣ тақрибан 100 фоиз ва ба мусофиркашонӣ 79 фоиз афзоиш  меёбад.  Андешидани тадбирҳо дар ин самт муҳим арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ташаббуси бунёди долони нақлиётии мултимодалиро, ки Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад, ба миён гузошта буд. Соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Тошканд изҳор доштанд, ки ҳарчи зудтар бунёд гардидани  долони  нақлиётӣ аз Чин то Туркия ва Аврупо тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба афзоиши гардиши бор миёни давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

Моҳи майи соли 2024 зимни суханронӣ дар ҳамоиши «Рушди долонҳои мултимодалии байналмилалии нақлиётӣ, ки аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна мегузаранд», ки  дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони Ислом: KazanForum» дар Қазон баргузор гардид,   Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим чунин иброз дошт: «Корҳо ҷиҳати истифодаи самараноки долони нақлиётии  «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон–Туркия» идома дошта, он яке аз масирҳои кӯтоҳтарин     аз Чин тавассути  ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои зикршуда  мебошад ва  ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад». Ба гуфтаи ӯ, инчунин даҳ долони афзалиятноки тиҷоративу нақлиётӣ низ муайян карда шудаанд, ки аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб аз  ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд.

«Ба рушди хатсайрҳои умумии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва дастрасӣ ба бандарҳои баҳриро таъмин менамояд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад» -таъкид кард Вазири нақлиёти Тоҷикистон.