Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МУБОРАК БОШАД! Ба намояндагони Тоҷикистон мукофотҳои ТРАСЕКА супорида шуданд

Санаи нашр: 18-03-2025 Просмотрено: 3773

Барномаи ҳамкории байналмилалӣ оид ба ташкили долони нақлиётии «Аврупо – Қафқоз – Осиё» (ТРАСЕКА) дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ин барнома, ки 16 феврали соли 2025 дар Теҳрон (ҶИЭ) баргузор гардид, як қатор намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медал ва нишонҳои сарисинагӣ, ки ҳамзамон шакли қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонӣ  барои дастовардҳо ва хизматҳои муайян мебошанд, сарфароз гардонид.

Барои саҳмгузорӣ дар пешбурди ташаббусу лоиҳаҳои ТРАСЕКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории фаъол, Сардори  Раёсати  ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовидон Шарифов бо медал, собиқ Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ»-и  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, Сардори Хадамоти ҳамлу нақли КВД  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Раҷабмурод Одинаев ва Директори Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётии Вазорати нақлиёти ҶТ (ПЛИН) Валиҷон Махсум  бо нишонаҳои сарисинагии Барномаи ҳамкории байналмилалӣ оид ба ташкили долони нақлиётии  «Аврупо – Қафқоз –  Осиё» (ТРАСЕКА) сарфароз гардонида шуданд.

Мукофотҳоро ба онҳо чанд рӯз пеш Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА Азим Иброҳим супорид.

Қобили зикр аст, ки мукофотҳои ТРАСЕКА 21 октябри соли 2021 дар ҷаласаи 5-уми солонаи Комиссияи байниҳукуматии (КБҲ) ТРАСЕКА  дар шаҳри София (Ҷумҳурии Булғористон) таъсис  дода,  қоидаҳои  мукофотонидан бо онҳо тасдиқ карда шуда буднд.

Маросими аввали супоридани мукофотҳо 10 феврали соли 2023 дар ҷаласаи 16-уми КБҲ ТРАСЕКА дар Тбилиси, ки дар он раёсат дар ин Комиссия аз Булғористон ба Гурҷистон гузашта буд, баргузор шуд. Он рӯз 21 нафар соҳиби мукофот шуданд, ки дар байни онҳо ду намояндаи кишвари мо –  муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ва Котиби миллии ТРАСЕКА дар Тоҷикистон Фарида Ёкубзода низ буданд.