18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии чанде аз вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмию тадқиқотӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025 Фаррух Неъматзода аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон таъин карда шуд.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 марти соли 2025 №177 ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Неъматзода Ф.Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Неъматзода Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 марти соли 2025 №185 ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Неъматзода Ф.Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Неъматзода Фаррух Неъмат муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон