Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Вазорати нақлиёт ҷашни Наврӯз таҷлил гардид

Санаи нашр: 20-03-2025 Просмотрено: 3190

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашни миллӣ ва байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд. Дар ҳамоиши идона роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муасстсаҳои тобеи вазорат ширкат намуданд.    

Иштирокчиёни ҳамоиш сараавал аз намоишгоҳи ҷашнӣ, ки дар саҳни бинои вазорат ташкил карда, бо дастархони идона иборат суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, хафтсин, хафтшин, дигар таомҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ғайра оро дода шуда буд, дидан карданд.

Сипас Маликаи Наврӯз ба базмгоҳ баромад ва ба ҳозирин пайки идона расонид.    

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокчиёни ҷамъомадро бо  Ҷашни миллӣ ва байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфт ва барояшон осмони софу беғубор, саломатию хуррамӣ, табъи болида ва саодату комгорӣ орзу намуд.  

Ҳамоиши тантанавӣ бо суруду мусиқӣ идоа ёфт ва мусобиқаҳои байтбарак, бандкушоӣ, вазнбардорӣ ташкил карда шуд.

            

(Матни табрикоти Вазири нақлиёт алоҳида нашр мешавад)