Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар мулоқоти Вазири нақлиёт бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ ва Директори Дафтари KOICA масъалаҳои марбут ба бунёди иншоотҳои муҳими Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Санаи нашр: 16-04-2025 Просмотрено: 5170

Имрӯз мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ва Директори дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон Канг Синг Хон баргузор гардид.

Ҷонибҳо натиҷаҳои кори муштаракро барои соли 2024 муҳокима намуда, нақшаи рушди ҳамкориро барои соли 2025 муайян карданд.

Вазири нақлиёти ҶТ  бо қаноатмандӣ зикр кард, ки муносибатҳои байни ду кишвар, сарфи назар аз масофаи ҷуғрофӣ, мунтазам рушд мекунанд. Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузории Кореяи ҷанубӣ шомил карда шудааст.

Аз ҷумла, 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба имзо расид. Соли 2024 Тоҷикистон ва Корея тавонистанд ду лоиҳаи хурдро ба анҷом расонанд (марҳилаи аввали омӯзиши имкониятҳои сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва таҳияи лоиҳаи рушди системаи логистикӣ дар Тоҷикистон).

Тоҷикистон ва Корея тассмим гирифтаанд, ки баъди татбиқи лоиҳаи муҳими стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ – асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»    ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе низ шуруъ мекунанд.

«Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард барои кишвари мо хеле муҳиманд, – тазаккур дод Азим Иброҳим, - Тоҷикистон, ки кишвари рӯ ба тараққӣ аст, ба баҳр дастрасии мустақим надорад. Барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТ ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани  Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки инфрасохторро рушд диҳад, ҷуғрофияи ҳамлу нақлро васеъ намоял ва долонҳои нави транзитиро мавриди  истифода қарор диҳад. Сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» бо дарозии 51 км,  лоиҳаи минтақавӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад».

Дар робита ба сохтмони метро, ба гуфтаи Вазир, аҳолии пойтахти мо   дар 30 соли охир  беш аз се маротиба афзудааст ва талабот ба ин намуди нақлиёти ҷамъиятӣ низ мутаносибан афзоиш ёфтааст.

Сафири Кореяи Ҷанубӣ изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҳамкории ду кишвар рушд мекунад ва зикр намуд, ки ҷониби Корея низ ба татбиқи лоиҳаи сохтмони метро манфиатдор аст ва пас аз ба итмом расидани асосноккунии техникию иқтисодии он дар татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа низ иштирок хоҳад кард.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки  ҳамкориҳои ду кишвар дар соли 2025 боз ҳам бештар таҳким меёбанд ва  дар ин самт муваффақиятҳои нав ба даст оварда мешаванд.