Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар мулоқоти Вазири нақлиёти ҶТ бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ масоили татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд

Санаи нашр: 18-04-2025 Просмотрено: 5894

16 апрел Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти сарварии Роҳбари Дафтари намояндагии БҶ дар ҶТ Вей Винни Ванг (Wei Winnie Wang) мулоқот кард.   

Миссияи БҶ дар доираи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур моҳи январи соли 2024 байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ ISAN Corporation  дар бораи пешниҳоди хидматҳои консалтингӣ қарордод ба имзо расид. Мақсади асосии қарордод омода кардани асосҳои техникӣ-иқтисодӣ ва нақшаҳои муфассали корӣ, ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва воситаҳои экологӣ барои сохтмони ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ду пули дигар дар ноҳияи Восеъ мебошад.

Вазири нақлиёти ҶТ ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии ҳамаҷониба дар татбиқи Барномаи беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ) изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки дар доираи ин барнома моҳи апрели соли гузашта Вазорат бо ширкати машваратии бритониёии EASST Expertize LTD барои расонидани хизматрасониҳо оид ба дастгирии  РБДА ВКД ҶТ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи истифодаи камарбанди бехатарӣ қарордод  ба имзо расонид.

Вазир илова кард, ки якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ба монанди таҷдиди роҳи автомобилгарди «Хуҷанд –  Исфара» ва сохтмони як қатор пулҳо дар ВМКБ бомуваффақият амалӣ карда шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин пулҳо усулҳои инноватсионӣ ва маводи босифат истифода бурда, шабакаҳои габионӣ насб карда шуданд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бахши нақлиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтор, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ҳалли устувори нақлиёт баррасӣ намуданд.

«Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт ва ба минтақаи транзитӣ табдил додани  кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад», -  иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон иқтидори кишвар ва  имконоятҳои  васеи татбиқи лоиҳаҳоро  таъкид намуд.

Аз рӯи натиҷаи  мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро дар пешбурди ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак идома медиҳанд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои миссияи Бонки ҷаҳонӣ – роҳбари Гурӯҳи мутахассисони лоиҳа Аҳсан Теҳсин, мутахассиси идоракунии хатари офатҳо Фаридун Сангинов, муҳандиси нақлиёт Маринос Скемпас ва кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иштирок намуданд.