Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 21-04-2025 Просмотрено: 3692

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

                                ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи ҷумъа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сел омад.   Дар натиҷаи ҷамъшавии оби борони бошиддат дар давоми як шабонарӯз ва омадани сел баъзе роҳҳо баста шуданд.

Шаби 18 апрел дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел қитъаҳои роҳ дар  километрҳои 0,5, 2,4, 21, 22 ва 24 роҳи мошингарди «Душанбе – Лаби Ҷар»дар ноҳияи Сангвор  баста шуданд.

Боронҳо инчунин сабаби  омадани сел дар ноҳияи Лахш  ва баста шудани роҳи шаҳрак байни ҷамоатҳои Лахш ва Лахшҳои Боло гардиданд.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ва қувваи кории муассисаҳои давлатии маҳаллӣ оид ба нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ сафарбар гардида, роҳҳои автомобилгард тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.

                                             ***

Ҳавошиносон аз хавфи  омадани  сел ва фаромадани тарма ҳушдор доданд. Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар бораи эҳтимоли омадани сел ва фаромадани тарма дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар хабар дод.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, бинобар шароити номусоиди обу ҳаво ва боришоти фаровон дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд, аз ҷумла дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ, инчунин дар қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст.    

«Вазъият дар роҳи автомобилгарди «Душанбе — Хуҷанд», ки дар он  хатари тармафароӣ боқӣ мондааст, боиси нигаронии махсус аст», - омадааст дар хабарнома.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, хусусан дар  ағбаҳо,  тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд, суръати ҳаракатро зиёд накунанд, масофаи байни мошинҳоро риоя кунанд ва шароити роҳро ба назар гиранд.

                                                      ***

Дар Душанбе IT Park кушода шуд. Дар пойтахти Тоҷикистон 7 апрел ифтитоҳи мутантани IT Park – нахустин маркази мукаммали инноватсионӣ дар кишвар, ки ба рушди иқтисодиёт ва технологияҳои рақамӣ равона шудааст, баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси iаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои пешрафта ва инноватсионии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ин рӯйдодро метавон қадами муҳим дар рушди бахши технологии Тоҷикистон номид.Он махсусан барои дастаҳои ҷавон, ширкатҳои fintech (хизматрасониҳои молиявӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ) ва таҳиягароне, ки қаблан бо бюрократия ва хароҷоти баланд дучор омада буданд, муфид аст.

                                              ***

Дар Душанбе аввалин  пайраҳаи велосипедронӣ дар кӯчаи Каҳҳоров  мавриди истифода қарор дода мешавад. Бино ба иттилои «АП», дар ин бора   10 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Раиси Шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки дар оянда чунин пайроҳаҳо дар кӯчаҳои дигари шаҳр низ пайдо мешаванд.

Таҷдиди кӯчаи Каҳҳоров моҳи марти соли 2023 оғоз ёфт.Дар доираи  корҳо сохтмонӣ роҳи велосипедронӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳа бояд дар давоми 2,5 сол ба анҷом расад.

Лоиҳаи таҷдиди кӯча эҷоди 8 хати ҳаракат барои нақлиёти автомобилӣ, инчунин хатҳои алоҳидаро барои нақлиёти ҷамъиятӣ дарбар мегирад. Дар тамоми роҳ барои ҳаракат ҳам барои мошинҳо ва ҳам барои велосипедронҳо ва пиёдагардон ҷой дода мешавад. Дар маҷмӯъ, дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил хоҳад дод.     

                                                        ***      

Байни Хуҷанд ва Кошғар  роҳи ҳавоӣ боз гардид. Аз 15 апрел ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мунтазами ҳавопаймоиро тариқи хатсайри «Қошғар – Хуҷанд – Қошғар» оғоз намуд, хабар медиҳад Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Алоқаи ҳавоӣ байни Қошғари Чин ва Хуҷанди Тоҷикистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  роҳандозӣ шуд. Ин тадбир бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар  ҷиҳати  васеъ кардани ҷуғрофияи парвозҳо, осон намудани ҳаракати шаҳрвандони ҳарду кишвари ҳамсоя, рушди савдо ва сайёҳӣ андешида шуд.

Парвозҳои мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзи сешанбе анҷом дода мешаванд, давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Айни замон байни Душанбе ва Урумчӣ парвозҳои ҳавоӣ анҷом дода мешаванд.

                                               ***

Дар Душанбе бунгоҳи ягонаи иттилоотии давлатӣ EGOV.TJ муаррифӣ карда шуд. 7 апрел дар доираи ҳафтаи ICT Week  муаррифии  бунгоҳи ягонаи иттилоотии давлатӣ баргузор гардид, ки дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Манбаи нави рақамӣ як қисми барномаи давлатии рақамикунонӣ гардид ва ба муттаҳид кардани захираҳои интернетии идораҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ равона карда шудааст.

Феълан ин  таҳиякунандаи ягонаи сомонаҳост аст, ки дар асоси он захираҳои расмии ҳамаи муассисаҳои давлатии кишвар сохта мешаванд.

То имрӯз беш аз 40 сомонаи вазорату идораҳои гуногун аз ҷиҳати техникӣ омода мебошанд.Ҳамаи онҳо дар доираи лоиҳаи EPIR таҳия ва дар дохили бунгоҳи ягона ҷойгир карда мешаванд.

                                            ***

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар  маҳаллаҳои шаҳри  Хуҷанд асфалтпӯш кардани роҳҳо идома дорад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Раиси Вилояти суғд хабар дод.

Дарозии умумии роҳҳое, ки бояд асфалтпӯш карда шаванд, 1650 метрро ташкил медиҳад. Пештар ин роҳҳо дар ҳолати номуносиб  қарор доштанд.

Корҳои сохтмону таҳдиди роҳҳоро ширкати маҳаллии роҳсозӣ  ба уҳда гинрифтааст.

Асфалтпӯш кардани роҳҳо, ба гуфтаи масъулон, бо сифати баланд ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом мерасад.  

                              ДАР МИНТАҚА

13 апрел аз шаҳри Чэнду (маркази маъмурии музофоти Сычуан, ҷанубу ғарби Чин) ба пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд қатораи боркаш иборат аз 47 вагон бо техникаи рӯзгор ва дигар молҳо роҳ пеш гирифт. Ин рӯйдод оғози расмии хатсайри роҳи оҳани «Чэнд – Осиёи Марказӣ» дар реҷаи мунтазам  арзёбӣ гардид ва  ба ҷадвали ҳаракати қаторҳои боркаши Чин дохил карда шуд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар дод.

Қатора сарҳади давлатиро  тавассути гузаргоҳи гумпукии «Хоргос» убур карда, тақрибан пас аз 10 рӯз ба Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мерасад ва дар маҷмӯъ 4 800 км тай мекунад.

Тибқи маълумоти бахши дар Чэнду будаи  корпорасияи «Роҳи оҳани Чин» (РОЧ),  ҳаракат дар ин хатсайр тибқи ҷадвали муайян рӯзи якшанбе анҷом дода мешавад, ки барои таъмини фаъолияти устувори  шабакаҳои боркашонӣ байни ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Чин ва Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.

Тавре дар ширкати ташкилкунандаи  ҳаракат дар масири  «Чэнду — Осиёи Марказӣ» хабар дода шуд, талабот дар бозорҳои Чэнду ва Осиёи Марказӣ  ҳамдигарро пурра мекунанд ва гардиши дуҷонибаи мол афзоиш меёбад, бинобар ин зарурати ба кор даровардани қатораҳои боркаш, ки тибқи ҷадвали муайян фаъолият мекунанд, ба миён омад.

Дар оянда инчунин имкони ба кор андохтани қатораҳои махсус дар доираи логистикаи занҷираи яхдон ва тиҷорати электронии фаромарзӣ баррасӣ карда мешавад.

                                         ***

Тоҷикистон ва Қирғизистон шаҳодатномаи ронандагии якдигарро эътироф карданд. Онҳо созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он шаҳодатномаи ронандагии ҳарду кишвар эътироф карда мешавад. Матни созишнома дар портали иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон ё Қирғизистон, ки дар қаламрави кишвари дигар қарор доранд, ҳуқуқ доранд шаҳодатномаи ронандагии худро бидуни супоридани имтиҳонҳо иваз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров 13 март Созишнома дар бораи сарҳади давлатии байни кишварҳоро имзо карданд. Парлумонҳои ҳарду кишвар ин созишномаро 18-19 март ба тасвиб расониданд.

Ҳамчунин сарҳади ду кишвар боз гардид, ки қариб 4 сол баста буд. Парвозҳои мунтазам байни ду кишвар низ , ки қариб 4 сол масдуд буданд, аз сар гирифта шуданд.

Интизор меравад, ки хатсайрҳои автобус байни кишварҳо низ аз нав оғоз фаъол карда шаванд.             

                                         ***

Манъи воридоти семент ба Қирғизистон бекор карда шуд. Қарори дахлдор аз ҷониби Девони вазирони кишвар имзо шудааст.

Ҳуҷҷат манъи муваққатии тавассути нақлиёти автомобилӣ ворид намудани  портландсемент, сементи гилзаминӣ, сементи сарбора ва сементҳои гидравликии шабеҳро, ки ранг карда нашудаанд ё ранг карда шудаанд, тайёр ё дар шакли клинкерҳо (ба истиснои сементи суперсулфатӣ)  бекор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Акилбек Жапаров ҳангоми Раиси Девони вазирон буданаш 1 августи соли гузашта ба қарори манъкунӣ тағйирот ворид карда, онро аз 1 октябри соли 2024 ба муддати шаш моҳ муқаррар карда буд.

                                   ДАР ҶАҲОН    

Дар пойтахти Таиланд сессияи ҳаштоду якуми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) баргузор мешавад. Он аз 21 то 25 апрели соли 2025 дар Маркази конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар Бангкок баргузор мешавад.

Мавзӯи сессия «Ҳамкории минтақавӣ бо мақсади рушди устувор ва мутавозини шаҳрҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» эълон шудааст.  

Дар ҷаласа роҳбарон ва вазирони ҳукуматӣ аз кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва дигар ҷонибҳои манфиатдори асосӣ ҷамъ меоянд, то муҳокима кунанд, ки чӣ гуна навовариҳои рақамӣ метавонанд ба Ҳадафҳои рушди устувор дар  самти рушди шаҳрҳо  бештар мусоидат кунанд.

                                          ***

Дар роҳҳои Русия мошинҳои боркаши бесарнишин  ба кор сар карданд. Истифодаи мошинҳои боркаши бесарнишин вақти интиқоли борро дар роҳ якуним маротиба кам мекунад, гуфт Вазири нақлиёти Русия Роман Старовойт 29 марти соли 2025 дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия 24».

Вай хотиррасон кард, ки мошинҳои худгард аллакай дар шоҳроҳи М-11 «Нева» ҳаракат мекунанд.

Вазири нақлиёти Русия инчунин гуфт, ки ба зудӣ  ҳаракати мошинҳои боркаши бесарнишин  дар ЦКАД (Роҳи автомобилгарди ҳалқавии марказӣ) ва   роҳи автомобилгарди М-12 «Восток», ки Москва ва Қазонро ба ҳам мепайвандад, оғоз хаҳад гардид.

Дар роҳи «Нева» ҳоло 67 мошини боркаши бесарнишин ҳаракат мекунанд. Бори аввал мошинҳои бесарнишин дар роҳи М-11 моҳи июни соли 2023 пайдо шуданд. Аз сентябри соли 2024 дар ин роҳ ҳаракати мошинҳои боркаши пурра бесарнишин оғоз ёфт.  Аз он вақт то инҷониб онҳо 640 ҳазор метри мукааб борҳои ширкатҳои Х5, «Магнит», ПЭК, «Газпромнефть-таъминот», «Глобалтрак», Natcar ва Navio-ро интиқол доданд. Мошинҳои боркаши бидуни ронанда беш аз 5,8 миллион километрро тай кардаанд. 

                                                    ***

Дар Русия дар соли 2025 се маротиба зиёд кардани ҷаримаҳо барои таваққуф дар роҳравҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора шабакаи телеграмми SHOT хабар медиҳад. «Лоиҳаи қонуни дахлдорро вакилони ЛДПР бо сарварии Леонид Слуцкий таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Федератсияи Русия  иросол намудаанд. Ташаббускорон бар ин назаранд, ки ҷаримаҳо барои таваққуф кардани мошинҳо дар роҳравҳо, ки  соли 2011 ҷорӣ шуда буданд, кайҳо аҳамияти худро гум кардаанд», - гуфта мешавад дар хабар.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар минтақаҳо нақша доранд, ки ҷаримаро аз як ҳазор рубл то се ҳазор рубл, дар Маскав ва Санкт-Петербург аз се ҳазор то панҷ ҳазор рубл зиёд кунанд.                                                                           ***

Дар Русия шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ беэътибор гардид. Аз 1 апрели соли 2025 дар  ин кишвар шаҳодатномаи ронандагии онҳое, ки як сол пеш шаҳрвандии Русия, иҷозатномаи истиқомат ё иҷозатномаи муваққатии истиқоматро гирифтаанд,  беэътибор гардид. Дар ин бора ба ТАСС  дар Вазорати корҳои дохилии ФР  бо ишора ба қонуне, ки моҳи апрели соли 2024 эътибор пайдо кард, хабар доданд.

Илова бар ин, барои шаҳрвандони Русия, ки шащодатномаи роанандагии  хориҷӣ гирифта, баъдан ба кишвар ворид шудаанд, ин ҳуҷҷатҳо пас аз як соли омадани аввал беэътибор хоҳанд шуд.

Истисно шаҳодатномаҳои миллии ронандагии шаҳрвандони Русия ва Беларус мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Беларус дода шудаанд.

Барои рондани мошин бо шаҳодатномаи беэътибор ронанда то 15 ҳазор рубл ҷарима баста, то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои воқеӣ аз ҳуқуқи идоракунии мошин маҳрум карда мешавад.