Рӯзи сешанбе, 29 апрел Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо ва тавофуқномаҳоеро, ки қаблан дар натиҷаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расида буданд, баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июни соли 2021 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома «Дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» ба имзо расид.
14 декабри соли 2022 дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон тарафҳо Созишномаро байни ҳукуматҳои ду кишвар «Дар бораи савдои транзитӣ» имзо карданд.
«Дар соҳаи нақлиёт мо бори дигар омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати вуруди Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадар дар Покистон таъкид кардем», - изҳор дошта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Исломобод оид ба натиҷаҳои ин сафар.
1 апрели соли 2024 дар Душанбе маросими қабули нахустин корвони мустақими борҳои дуҷониба дар доираи Созишномаи байни Тоҷикистон ва Покистон «Ддар бораи савдои транзитӣ» баргузор гардид.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи созишномаҳои зикршударо муҳокима намуда, аҳамияти вуруди Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, ки Тоҷикистону Покистонро бо ҳам мепайвандад, инчунин бунёди долонҳои нави минтақавӣ барои ворид шудан ба бандарҳои баҳриро таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.