Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ОФТОБ, ГАРМӢ ВА ҲАВОИ НОУСТУВОРИ МОҲИ МАЙ. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд

Санаи нашр: 05-05-2025 Просмотрено: 3677

Моҳи майи соли 2025 ба Тоҷикистон на танҳо равшанию гармӣ, балки шароити обу ҳавои ноустувор низ меорад. Дар давоми як моҳ дар минтақаҳои гуногуни кишвар тағйироти назарраси ҳарорат, борон, сел, раъду барқ ва хокбориш мушоҳида хоҳанд шуд. Дар ин бора Агентии  ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои агентӣ, ҳарорат дар аксари минтақаҳо ба меъёри иқлим мувофиқат мекунад ё каме пасттар хоҳад буд.

Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла пойтахти Тоҷикистон — Душанбе, инчунин дар вилояти Хатлон шароити обу ҳаво дар моҳи охири фасли баҳор  қариб яксон мешавад: ҳарорати миёнаи моҳона +20...+22°C хоҳад буд. Ин 1 дараҷа аз меъёр камтар аст. 

Дар Вилояти Суғд ҳарорати миёнаи дар водиҳо +20...+22°C, дар минтақаҳои кӯҳӣ +8...+12°C пешгӯӣ мегардад. Шабона ҳаво метавонад то +9°C, дар кӯҳҳо то +2 °C сард шавад, бо сардшавии кӯтоҳмуддат то -2 °C. Дар баъзе рӯзҳо ҳарорат то +33 °C, дар кӯҳҳо то +24 °C баланд мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ ва ғарби  ВМКБ ҳарорат  муътадил хоҳад буд —  ба ҳисоби миёна аз+10 то +16 °C. Шабона аз +5 то +15 °C, бо пастшавии алоҳида то сифр. Дар давоми рӯз +14...+25 °C, дар рӯзҳои гарм то +34 °C. Ноҳияҳои шарқии  ВМКБ сардтарин дар кишвар боқӣ хоҳанд монд. Ҳарорати миёна дар ин ноҳияҳо ба  +2... + 5 °C баробар гашта, шабона аз -6 то +4 °C, рӯзона аз +3 то +15 °C гарм мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон аз як тараф одатан гарм, аз тарафи дигар ноустувор ва дар баъзе ҷойҳо хатарнок хоҳад буд, хусусан,  бо назардошти тағйирёбии  шадиди ҳарорат, раъду барқ ва боронҳои кӯтоҳмуддат, шамоли сахт ва  хокбориш.

Ба ҷуз ин, тавре Life.ru хабар медиҳад, пас аз як қатор тӯфонҳои магнитӣ дар охири моҳи апрел, ангезаҳои офтобӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтанд. Аммо, ин хомӯшии муваққатӣ буд.Тибқи маълумоти Озмоишгоҳи астрономияи офтобии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Русия, аллакай дар аввали моҳи май афзоиши нави ангезаҳои офтобӣ оғоз ёфт, ки тӯфонҳои магнитро ба вуҷуд меорад.

Дар даҳаи аввали моҳ аллакай чор тӯфони магнитӣ рух додааст. 5, 6 ва 7 май зарбаҳои нави шамоли офтобӣ дар назар дошта шудаанд, ки метавонанд тӯфони магнитии Сатҳи G1-ро ба вуҷуд оранд.   

Таъсири тӯфон дар ҳама ҷо эҳсос мешавад. Одамони саломатиашон  ба обу ҳаво вобаста дар натиҷаи тӯфони шадиди магнитӣ дар моҳи май метавонанд ба  дарди сар,  пасту баланд шудани фишори хун, бехобӣ ва асабоният дучор шаванд.

Бо дарназардошти ин ҳама, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро муваззаф намуд, ки вазъи роҳҳоро пайваста назорат намоянд. Вазорат инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиет чунин тавсия медиҳад:

- Бидуни зарурият ба паси чамбараки мошин нашинед;

- Дар шароити обу ҳавои номусоид ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ ва мавзеҳои селравро маҳдуд кунед;

- Дар наздикии сахраҳои каҷу овезон ва доманакӯҳҳои хавфнок таваққуф накунед, зеро бар асари боришот ва сел метавонад сангрезӣ ба амал ояд;        

- Суръати ҳаракатро аз ҳадди муқарраршуда зиёд накунед, аломатҳо ва хатҳои роҳро нодида нагиред, масофаи байни мошинҳо ва дигар қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоед;

- Агар ҳангоми рондани мошин хастагӣ ҳис кунед ё асабонӣ шавед, кӯтоҳ танаффус кунед;

- Агар худро парешон ҳис кунед, аз рондани мошин худдорӣ  намоед;

- Пеш аз рондани мошин дар бораи вазъи обу ҳаво ва тӯфонҳои магнитӣ бохабар шавед ва чораҳои дахлдор андешед.