Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МОШИНҲОИ БОРКАШРО ДАР ФАСЛИ ГАРМО МАНЪ МЕКУНАНД. Аз аввали моҳи май амали маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо шуруъ шуд

Санаи нашр: 19-05-2025 Просмотрено: 5245

Мутобиқи қарори Ҳукумати ҶТ, аз 1 майи соли равон дар кишвар маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ оғоз гардид.

Моҳи охири баҳор бо гармии худ бесобиқа ба назар мерасад ва инро мо рӯзҳои охир эҳсос мекунем: дар қисмати марказии кишвар то 40 дараҷа, дар ҷануб, дар вилояти Хатлон ҳарорат аз ин ҳам бештар аст. Ва ин дар ҳолест, ки ҳавошиносони кишвар гармии ғайримуқаррариро барои моҳи май дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд барои чанд рӯзи дигар низ пешбинӣ намудаанд.

Коршиносон соли 2025-ро гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо арзёбӣ мекунанд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май дар Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара изҳор доштанд.

Тавре маълум аст, гармои шадид ба саломатии одамон ва хоҷагии халқ таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ мерасонад. Масалан, дар натиҷаи  ҳавои гарм пӯшиши асфалти болои роҳҳо ҳангоми ҳаракати мошинҳои гаронвазн метавонад вайрон шавад.

Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки ҳарорати баланд мумро мулоим месозад ва муқовимати роҳро ба вазни нақлиёт коҳиш медиҳад, ки ин боиси тағйири шакл (деформатсия) ва фарсудашавии роҳ мегардад.

Аз ин рӯ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 569 аз 8 ноябри соли 2011 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва  сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» қабул карда шудааст.

Дар банди  аввали ин ҳуҷҷат чунин омадааст:

«Бо мақсади пешгирии вайроншавии пӯшиши роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум маҳдудияти мавсимии вазн ва бори меҳвар ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум бо тартиби зерин... муқаррар карда шавад:

- ҳамасола аз 1 май то 31 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо бори на бештар аз 6 тонна ба меҳвари ягона дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш, ки дар замимаи 1 нишон дода шудаанд, дар вақти рӯзона аз соати 10:00 то соати 20:00  ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво иҷозат дода шавад;

- барои дигар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар замимаи 1 нишон дода нашудаанд, бори меҳвари ягона на бештар аз 8 тонна муқаррар карда шавад».    

Тибқи қарори ҳукумат, маҳдудиятҳои мавсимӣ дар роҳҳои автомобилгарди зерин амал мекунанд: 

МД01 – Душанбе – Чанок (Хуҷанд – Бӯстон –  сарҳади Узбекистон);

МД02 – Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон;

МД04 – Душанбе – Қулма  (тавассути Ваҳдат – Данғара – Кӯлоб – Хоруғ –  сарҳади ҶМЧ);

МД07 – Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон;

МД08 – Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ – сарҳади Афғонистон;

МД10 –  Бохтар – Данғара;

МД11 – Кизил – Қалъа – Ҷарбуҷа (тавассути Қабодиён – Шаҳритуз – Айвоҷ – сарҳади Узбекистон);

МД09 – Душанбе –  Бохтар – Панҷи поён – сарҳади Афғонистон;

МД13 – Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон;

МДМ14 – Истаравшан – Зафаробод – сарҳади Узбекистон;

МДМ 14 – Конибодом – Деҳмой;

МД15 – Истаравшан – Зафаробод – сарҳади Узбекистон;

МД17 – Исфара – Ворух – сарҳади Қирғизистон;

МД19 – Ғафуров – Булоқ – Пунгон – сарҳади Узбекистон.

Бояд тазаккур дод, ки ин маҳдудият нисбат ба мошинҳое, ки мусофирон, кӯмаки башардӯстона, маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда, борҳои хатарнок, калонҳаҷм, ангишт мекашонанд ва иҷозатномаи махсус доранд, татбиқ карда намешаванд.

Мавриди зикр аст, ки маҳдудияти сарбории иҷозатдодашудаи меҳварӣ ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умумӣ дар фасли тобистон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои пешгирӣ кардани таъсири манфӣ ба пӯшиши роҳ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад».

Бо ин мақсад, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобидии Вазорати корҳои  дохилии ҶТ мунтазам дар роҳҳои автомобилгард санҷишҳо доир карда,  ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнашон аз меъёр зиёдро пешгирӣ  менамоянд.