Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ. Дар Душанбе созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи мошинсозии вазнин ба имзо расид ва консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои ташкили ҳаракати ҳавоӣ тасдиқ карда шуд

Санаи нашр: 09-06-2025 Просмотрено: 5343

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 5 июни соли 2025 дар Душанбе баргузор шуд, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди соҳаҳои мошинсозии вазнин ба имзо расид ва Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоӣ тасдиқ карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

СОЗИШНОМА

Мошинсозии вазнин гурӯҳи соҳаҳои мошинсозӣ мебошад, ки бо коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти металлургӣ, кӯҳию нақбӣ, борбардорию нақлиётӣ, инчунин экскаваторҳои калон, тепловозҳо, вагонҳои роҳи оҳан ва ғайра машғуланд. Ин гуруҳ аз соҳаҳои пешрафтаи саноати давлатҳои Иттиҳод ҳисобида мешавад, ки ба он беш аз нисфи маҳсулоти истеҳсолкардаи маҷмааи мошинсозӣ рост меояд. Ин гуруҳи соҳаҳо ба сохтори иқтисодиёти миллӣ ва сатҳи рақобатпазирии онҳо таъсири назаррас мерасонад. 

Лоиҳаи Созишномаи мазкур бо мақсади зарурияти иқтисодӣ, афзоиши имкониятҳои технологӣ, инчунин муттаҳид сохтани кӯшишҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои илмии соҳавии давлатҳои Иттиҳод ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагон барои рақобатпазирӣ, тарвиҷи маҳсулоти онҳо ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмию техникӣ дар бахши саноати давлатҳои  ИДМ  таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Созишнома аз ҷониби Тоҷикистон таҳия шуда, ба муқаррароти асосии Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи он, Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди кооператсияи саноатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бунедии ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав асос ёфтааст.

Дар Созишнома ба фаъолгардонии корҳо оид ба мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи саноат, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, рушди ҳамкорӣ дар самтҳои нави технологӣ, таъмини навсозии технологияҳои истеҳсолӣ, таъсиси занҷирҳои истеҳсолӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти инноватсионӣ ва рақобатпазир, аз ҷумла маҳсулоти барои содирот ба кишварҳои сеюм нигаронидашуда мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

Рушди инноватсионӣ ва навсозии технологияҳо ва таҷҳизоти мошинсозии вазнин, рушди соҳаҳои мошинсозӣ, ки коркард ва истеҳсоли мошинҳо, техника ва таҷҳизотро барои саноати металлургӣ, кӯҳӣ, энергетика, нафту газ ва кимиё, инчунин истеҳсоли конструксияҳои калони металлиро амалӣ мекунанд, самтҳои асосии фаъолияти муштарак муайян карда шудаанд.

КОНСЕПСИЯ

Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар асоси пешниҳодҳои давлатҳои манфиатдор – иштирокчиёни ИДМ таҳия шудааст. Консепсияе, ки то ин вақт амал мекард, аз эътибор соқит карда мешавад, зеро дар тӯли 21 соли баъди қабули он соҳаи авиатсия тағироти назаррасро аз сар гузаронидааст.

Дар шароити муосир ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоӣ бояд ба таъмини ягонагии (ҳамсон будани) қоидаҳои танзимкунанда, стандартҳо, расмиёт ва хусусиятҳои амалиётӣ бо мақсади содда кардани раванди ҳамкории системаҳои миллии аэронавигатсионӣ равона карда шавад.

Барои ҳалли босифати вазифаҳо ва татбиқи нақшаҳои ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоӣ нигоҳи нав ба равандҳои муосир зарур аст, ки асоси онро технологияҳо ва расмиёти замонавӣ, ки ба рушд ва бехатарии парвозҳо муосоидат мекунанд, ташкил медиҳанд.    

Ҳамкорӣ муносибати барномавӣ ва фасеҳи системавии техникиро пешбинӣ мекунад, ки ба ҳамаи давлатҳо имкон медиҳад нақшаҳои миллии рушди системаҳои ташкили ҳаракати ҳавоиро дар асоси талаботи истифодабарӣ такмил диҳанд.

Тадбирҳое, ки дар Консепсия зикр ёфтаанд,  ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи системаҳои миллии аэронавигатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани бехатарии парвозҳои авиатсияи  гражданӣ ва самаранокии иқтисодии истифодаи фазои ҳавоии давлатҳои иштирокчии ИДМ, таъмини якхелаи қоидаҳои танзимкунанда, стандартҳо, расмиёт ва хусусиятҳои амалиётӣ бо мақсади содда кардани раванди ҳамкории миёни давлатҳо  нигаронида  шудаанд.