Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар Душанбе Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани ИДМ ҷамъ меояд

Санаи нашр: 10-06-2025 Просмотрено: 4976

10-11 июни соли 2025 дар Душанбе ҷаласаи 82-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои иштирокчии ИДМ 14 феврали соли 1992 дар Минск (Ҷумҳурии Беларус) аз ҷониби роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод барои ҳамоҳангсозии кори нақлиёти роҳи оҳан дар сатҳи байнидавлатӣ ва таҳияи принсипҳои мувофиқашудаи фаъолияти он таъсис дода шудааст.

20 марти соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии ИДМ Низомнома дар бораи шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ва Низомнома дар бораи  Маъмурияти Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод – мақоми иҷроияи он тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи Низомнома дар бораи Шӯро, Раиси Шӯро бе маҳдудияти мӯҳлат директори генералӣ – раиси ОАО «Роҳҳои оҳани Русия» Белозёров Олег Валентинович (аз 20 августи соли 2015) мебошад.

Ба ҳайати Шӯро роҳбарони ҶСП «Роҳи оҳани Озарбойҷон», ҶСП «Роҳи оҳани Қафқози Ҷанубӣ», ҶД «Роҳи оҳани Белорус», ҶС «Ширкати миллии Қазоқистон темир жолы», МД «Ширкати миллии Қирғизистон темир жолу», МД «Роҳи оҳани Молдова», ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия»,  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Агентии «Роҳи оҳани Туркманистон», ҶС «Роҳҳои оҳани Узбекистон»,  ҶС «Роҳи оҳани Украина», аъзои ассотсиатсияшудаи Шӯро –  ҶС «Роҳи оҳани Гурҷистон», «Роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон» ва ҶСД  «Роҳи оҳани Латвия» шомиланд.

Дар кори Шӯро инчунин роҳбарони ҶДММ «Роҳи оҳани Литва» ва ҶДММ «Роҳи оҳани Эстония» ва нозири назди Шӯро –  Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи кормандони роҳи оҳан иштирок мекунанд.

Барои татбиқи қарорҳои Шӯро ва баррасии масъалаҳои ҷории фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан Шӯро комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ ва коршиносон (мақомоти кории Шӯро)-ро таъсис додааст.

Дар тӯли солҳои фаъолияти Шӯро зиёда аз 360 созишнома, қоидаҳо, дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия шудаанд, ки фаъолияти муштаракро оид ба ташкили интиқоли бор ва мусофирон дар алоқаи байналмилалӣ, истифодаи ҳайати ҳаракаткунанда ва нигоҳдории воситаҳои техникӣ танзим мекунанд. Ҳуҷҷатҳои Шӯро дар асоси доимӣ нав карда мешаванд, ки ин имкон медиҳад талаботи муосир ба раванди интиқол ва рушди воситаҳои техникӣ  сари вақт ба назар гирифта шавад.

Дар ҷаласаҳои Шӯро мунтазам масъалаҳои мубрами кори роҳи оҳан дар алоқаи байналмилалӣ, мубодила ва нигоҳдории техникии вагонҳо ва контейнерҳои боркаш, такмил додани қоидаҳо ва шартҳои интиқоли мусофирон ва борҳо, ҷадвали ҳаракат ва нақшаи ташаккули қатораҳо, таъмини бехатарии ҳаракат, таҳияи системаи баҳисобгирӣ ва ҳисоббаробаркунӣ барои кор ва хизматрасониҳо, ҳамкории илмию технологӣ, рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ карда мешаванд.

Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки Шӯро вазифаҳои ҳамоҳангсозии кори нақлиёти роҳи оҳанро дар сатҳи байнидавлатӣ, ҳамоҳангсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, таҳияи шартҳои мувофиқашуда ва принсипҳои кори нақлиёти роҳи оҳанро барои таъмини фаъолият ва рушди робитаҳои нақлиётию иқтисодӣ байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳодро дар доираи фазои ягонаи иқтисодӣ бомуваффақият иҷро мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии 81-уми Шӯро 5-6 ноябри соли 2024 дар Тошканд (Ҷумҳурии Узбекистон) баргузор гардида буд. Дар он роҳбарон ва муовинони роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Латвия ва Эстония, инчунин намояндагони нозир –  Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳан.иштирок карданд.

Дар ҷараёни ҷаласа 11 масъала баррасӣ гардид.