Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 23-06-2025 Просмотрено: 4449

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Бинои нави «Шаҳри ҳушманд» ба истифода дода шуд.  20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино дар масоҳати 63 садяк замин сохта шуда, аз 94 утоқи корӣ, 4 маҷлисгоҳ барои 120 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 чойи нишаст, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

«Шаҳри ҳушманд», ин консепсияи шаҳрсозӣ, ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, барои идоракунии инфрасохтори шаҳр, ба монанди нақлиёт, маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, амният ва ғайра мебошад.

Таъкид гардид, ки ташкили «Иқтисоди рақамӣ», «Нақлиёти ҳушманд», «Тибби ҳушманд», «Таълими ҳушманд», «Рӯшноии ҳушманд», «Иқтисоди сабз» (Шаҳри сабз), «Харитаи электронӣ» ва дар маҷмуъ татбиқи бештар аз 20 лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд» роҳандозӣ шудааст.

***

Дар Пойтахти Тоҷикистон боз як роҳи нав ба истифода дода шуд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 20 июни соли 2025 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳи автомобилгардро мавриди истифода царор дод.

Роҳи нав кӯчаи Бухороро бо кӯчаи Ҳабибулло Назаров мепайвандад.

Корҳои сохтмону навсозӣ барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, аз 19 апрели соли 2023 оғоз гардидааст. Дарозии роҳи мошингард 560 метр, паҳноӣ бо теъдоди 4 адад хатти ҳаракат16 метр дар ду самтро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дар татбиқи лоиҳаи ин иншоот корҳои сохтмону васлкунии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ, қубурҳои оби гарм, хатҳои алоқа, равшании беруна пурра амалӣ гардидааст.

Инчунин, барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмону навсозӣ чароғакҳои роҳнамо ва  аломатҳои  роҳ низ пурра васлу насб грдидаанд.

Моҳияти асосии роҳи мошингарди мазкур дар он мебошад, ки баъди пурра ба истифода супоридани он, тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҳамшафат кам гардида, ҳамчун роҳи мошингарди алтернативӣ низ хизмат мерасонад.                                             

***

11 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  бо Мудири кулл – Раиси ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия», Раиси Шӯро оид ба нақлиёти роҳи оҳани ИДМ Олег Белозёров мулоқот кард.  Бо ёдоварӣ аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таҳкими ҳамбастагии иқтисодию нақлиётӣ ва рушди робитаҳои логистикӣ Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки ҷаласаи 82-юми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини рушди нақлиёти роҳи оҳан заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин замина гуфта шуд, ки мушкилоти геоиқтисодии муосир аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақозо менамояд, ки дар рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиётӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом дода шуд.                                                    

***

Тоҷикистон бо ЭСКАТО дар як қатор самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт фаъолона ҳамкорӣ мекунад.  Ин нукта зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана таъкид гардид.  

Аз ҷумла, сухан дар бораи нақлиёт, савдо, махсусан савдои рақамӣ, энергияи устувор ва барқароршаванда, ҳифзи иҷтимоӣ ва маблағгузории рушди устувор мерафт.

«Яке аз масъалаҳои калидӣ дар соҳаи маблағгузории рушд, ки мо Бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, барориши "вомбаргҳои сабз" мебошад. Бо дарназардошти Он, Ки Тоҷикистон кишвари рӯ ба тараққӣ буда, ба баҳр баромад надорад, дар суҳбат ба инфрасохтори нақлиетӣ ва масъалаҳои коммуникатсия низ таваҷҷуҳи муҳим зоҳир карда шуд. Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ва Ҳукумати мамлакат барои ҳамкории баланду созанда изҳори миннатдории амиқ намоям», - гуфт ба хабарнигорон Армида Салсиаҳ Алишаҳбана пас аз мулоқот.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 май хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи прияхҳо ба Душанбе омада буд,  ба ҳузур пазируфтанд.

***

Тоҷикистон ва Қирғизистон акнун метавонанд дар бораи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт саривақт мубодилаи иттилоотӣ кунанд. Протоколи табодули иттилооти пешакӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду кишвар рӯзи 4 июн ба имзо расид, хабар доданд дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳуҷҷати имзошуда барои мубодилаи саривақтии иттилооти гумрукӣ заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ фароҳам меорад ва ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи идоракунии хавфҳо, афзоиши иқтидори транзитӣ, содда кардани расмиёти гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳамоҳангсозии механизмҳои ҳамкорӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Имзои Протокол дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ва иштирок дар ҷаласаи 80-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ сурат гирифт.

***

Нархҳо барои санҷиши техникии нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон боло рафтаанд. Аз 18 майи соли 2025 дар Тоҷикистон меъёрҳои нави андоз аз воситаҳои нақлиёт эътибор пайдо карданд. Дар ин бора дар огоҳиномаи расмиии Ввзорати корҳои дохилии ҶТ зикр шудааст.

Акнун ҳангоми санҷиши давлатии техникӣ соҳибони мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои боркаш, автобусҳо, мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз рӯи ҷадвали ҳисоббаробаркунии навшуда андоз месупоранд.

Ин тағйирот ба иловаҳои ба моддаи 360 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 2 апрели соли 2025 қабул гардида, 11 апрели соли 2025 тасдиқ гардидаанд, асос ёфтааст.

Мувофиқи таҳрири нав, меъёрҳои андоз аз нақлиёт аз рӯи фоизи нишондиҳандаи ҳисобшуда барои ҳамаи категорияҳои воситаҳои нақлиёт баланд карда шуданд. Тибқи меъёрҳои нав, соҳибони мошинҳои сабукрав бо иқтидори то 250 қувваи асп (қ.а.) акнун барои ҳар як  қ.а. 9 сомонӣ, аз 250 то 350 қ.а. – 11,25 сомонӣ, барои 350 қ. а. ва бештар аз он – 15 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.

Меъёрҳо барои соҳибони автобусҳо ва мошинҳои боркаш низ боло рафтанд. Нархи микроавтобусҳои дорои 12 ҷойи нишаст ду баробар зиёд шуд. Соҳибони автобусҳои дорои 13-30 ҷой акнун тақрибан 77%  зиёдтар ва автобусҳои дорои беш аз 30 ҷойи нишаст 58% зиёдтар пардохт мекунанд.

Барои мошинҳои боркаши то 20 тонна меъёр 37%, аз 20 то 40 тонна – 11,1% ва зиёда аз 40 тонна қариб 38% афзудааст.

Аз мошинҳои барқӣ низ андоз ситонида мешавад, аммо бо меъёри камшуда –  50% аз меъёри муқаррарӣ барои ҳар 1 кВт қувваи барқ. 

***

Дар ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон роҳе, ки солҳои зиёд дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир карда мешавад. Дар ин ҷо корҳо оид ба таъмири асосии 12 километри роҳи автомобилгард, ки аз ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиев мегузарад, идома доранд. Дар ин бора 8 июн АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод.

Лоиҳа дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷомӣ Кабирзода хабар дод, ташаббус бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.                                               

ДАР МИНТАҚА

Ба ронандагони Узбекистон хотиррасон карданд, ки дар куҷо аз рӯи 70 км/с ва дар куҷо танҳо 20 км/с ҳаракат кардан мумкин аст. Дар кишвар маҳдудиятҳои қатъии суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт амал мекунанд, ки ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, хусусан дар маҳалҳои аҳолинишин ва наздикии иншооти иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Ин меъёрҳо ба қонунгузорӣ ворид шудаанд ва барои ҳамаи ронандагон ҳатмӣ мебошанд, хабар медиҳад UPL.Uz.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон чунин маҳдудиятҳои асосии суръатро ба ронандагон хотиррасон намуд:

• 70 километр дар як соат дар маҳалҳои аҳолинишин;

• 30 километр дар як соат дар масофаи то 300 метр дар роҳҳои назди мактабҳо ва ташкилотҳои таҳсилоти томактабӣ;

• 20 километр дар як соат дар минтақаҳои истиқоматӣ ва минтақаҳои наздики онҳо (дар қитъаи замини байни хонаҳои истиқоматӣ);

• 60 километр дар як соат дар ҳудуди шаҳрҳои Нукус ва Тошканд, марказҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дигар шаҳрҳо.                                                 

***

Дар шаҳри Ӯш (Қирғизистон) як қисми бозори «Жапалак» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора Раиси шаҳр Женишбек Токторбаев хабар дод, навиштааст хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.

Раиси шаҳр инчунин дастур додааст, ки қабули мошинҳо дар қатори мошинҳои аврупоӣ аз 14 июни соли 2025 оғоз карда шавад. Ӯ зарурати дар муддати кӯтоҳтарин ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободониро низ  таъкид намудааст.

***

Нақлиёти ҷамъиятӣ бо технологияи муосир метавонад бароҳатӣ ва бехатарии мусофиронро тавассути сабук кардани сарбории роҳҳо дар шаҳрҳо афзоиш диҳад. Моҳи апрели соли 2025 ширкати чинии Yutong – яке аз бузургтарин истеҳсолкунанда ва содироткунандаи воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ дар ҷаҳон (автобусҳо ва электробусҳо),  барои намояндагони  поркҳои  автомобилии кишварҳои Осиёи Марказӣ сафари омӯзишӣ  роҳандозӣ намуд.

Дар ҷараёни боздид аз истеҳсолот моделҳои нави автобусҳо пешниҳод карда, технологияҳои такмилёфтаи дар истеҳсоли онҳо истифодашаванда намоиш дода шуданд. Инчунин баъзе масъалаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои нақлиётии маҳаллӣ  муайян карда шуданд.                                          

***

Вазорати нақлиёти Қазоқистон ният дорад, ки пардохти роҳкироро дар қитъаҳои роҳҳои пулакии дорои нуқсонҳо бекор кунад, хабар медиҳад Zakon.kz. Изҳороти расмӣ 28 майи соли 2025 дар  шабакаи telegram-и вазорат нашр шуд.

Дар он  чунин зикр карда шудааст:

«Тибқи лоиҳаи тағйирот ба қоидаҳои ситонидани ҳаққи роҳкиро дар роҳҳои автомобилгарди пулакии истифодаи умумии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон, истифодабарандагони роҳҳои пулакӣ аз пардохти қитъаҳое, ки ба бехатарӣ ва ҳаракати мураттаб таъсир мерасонанд, озод карда мешаванд».                                       

***

Дар миёнаҳои моҳи июни соли 2025 аввалин қатораи мусофирбар аз Эрон ба Афғонистон меояд, хабар медиҳанд расонаҳои Афғонистон. Сохтмони роҳи оҳани дарозиаш 225 км ҳанӯз соли 2007 оғоз ёфта, дар ибтидо роҳ танҳо барои интиқоли бор пешбинӣ шуда буд.

Қатораи мазкур аввалин ҳайати мусофирбарест, ки аз хориҷа ба қаламрави Афғонистон ворид мешавад.

Қаблан аввалин қатораи боркаш бо 400 тонна семент тавассути хатти нави роҳи оҳани Хафи Ҳирот аз Эрон ба Афғонистон омада буд.

ДАР ҶАҲОН

Қазоқистон, Чин ва Русия маркази муштараки нақлиётӣ ва логистикӣ таъсис медиҳанд. 12 июн байни ҶС «Қазақстан темир жолы», «Славтранс-Сервис» ва Xian Free Trade Port Construction and Operation шартнома дар бораи таъсиси маркази муштараки нақлиётӣ-логистикӣ ба имзо расид, хабар медиҳад агентии давлатии иттилоотии Kazinform.

Ба истифода додани лоиҳа то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт Директори департаменти сиёсати нақлиётии ҶҚ Динмуҳаммад Сембаев дар форуми содиркунандагони Қазоқистон.

***

Дар Ҳиндустон баландтарин дар ҷаҳон пули роҳи оҳан  ба истифода дода шуд. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ҳаракати нақлиётро дар баландтарин дар ҷаҳон пули роҳи оҳан дар болои дарёи Чинаб дар қаламрави иттифоқии Ҷамму ва Кашмир дар шимоли кишвар  ифтитоҳ накмуд. Дар ин бора 7 июн рӯзномаи Hindustan Times хабар дод.

«Пули дарёи Чинаб, ки бори аввал Ҷамму ва Кашмирро бо боқимондаи Ҳиндустон бо роҳи оҳан мепайвандад, ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва саноати сайёҳӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт сарвари ҳукумат дар маросими ифтитоҳи иншоот. - Ин чорабинии бузург рамзи ваҳдат ва иродаи мардуми Ҳиндустон аст».

Пули мазкур дар болои дарёи Чинаб дар пешкӯҳҳои Ҳимолай сохта шуда, баландии он аз болои дарё 359 метрро ташкил медиҳад ва баландии он аз сатҳи миёнаи сатҳи об (дарё вобаста ба мавсим сатҳро тағир медиҳад) на камтар аз 322 метр аст.   

Ню-Деҳли солҳои охир ба рушди алоқаи нақлиётӣ дар ин қаламрави кӯҳӣ диққати калон медиҳад, дар он ҷо роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилӣ сохта мешаванд. Мақомот умедворанд, ки таъсиси шабакаи нақлиётӣ ба пешрафти иқтисодии Кашмири Ҳиндустон ва ба коҳиши танишҳо дар минтақае, ки гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, мусоидат хоҳад кард.

***

Ширкати Toyota фурӯши мошинҳоро дар Русия аз сар гирифт. Ширкати фаръии концерни Чопон Toyota – ҶДММ «СП Бизнес Кар» фурӯши мошинҳои брендро дар Русия  аз нав фаъол намуд, бармеояд аз эълонҳое, ки лоиҳаи Авто Mail таҳлил кардааст.

Ширкати Toyota фурӯши мошинҳоро дар Русия, ба монанди дигар истеҳсолкунандагони мошинҳои Ҷопон ва Аврупо, соли 2022 дар пайи таҳримҳои зидди Русия қатъ карда буд.

Моҳи марти соли равон дар ВАО маълумот пайдо шуд, ки концерни Ҷопон бори аввал дар се сол дар АМА бо соҳибон ва менеҷменти холдингҳои дилерии Русия мулоқот кард.

***

Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) маъракаи «Биёед ҳаракат кунем! 100 сабаби бештар пиёда рафтан ва велосипедронӣ»-ро эълон кард. Ин ташаббус ба Рӯзи ҷаҳонии велосипед, ки ҳамасола 3 июн ҷашн гирифта мешавад, бахшида шуд, хабар медиҳад сомонаи СММ.

Мувофиқи маълумоти СҶТ, фаъолияти нокифояи ҷисмонӣ яке аз омилҳои асосии хавф барои пайдоиши бемориҳои ғайрисироятӣ ва фавти бармаҳал боқӣ мемонад. Дар минтақаи Аврупо тақрибан 1 миллион фавт дар як сол бевосита бо тарзи ҳаёти нишаста алоқаманд аст. Илова бар ин, тақрибан 25% калонсолони аврупоӣ тавсияҳои СҶТ – ро риоя намекунанд, ки ҳадди аққал 150 дақиқа дар як ҳафта ба фаъолияти ҷисмонии миёна машғул шаванд.

СҶТ таъкид мекунад, ки сайругашти бехатар ва велосипедронӣ на танҳо ба саломатӣ, балки ба муҳити зист ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа фоидаи назаррас меорад.

***

Дар Русия аз 1 июни соли 2025 ба ҷаримабандии ронандагон барои истифодаи чарҳои ғайримавсимӣ шуруъ карданд. Аз рӯзи аввали тобистон соҳибони мошинҳо якбора бо якчанд навовариҳои муҳим рӯ ба рӯ шуданд.    Ҳамаи онҳо бо афзоиши хароҷот алоқаманданд. Аз ҷумла, ҷаримаҳо барои  ронандани мошин бидуни чархҳои тобистона афзоиш ёфтанд, менависад URA.RU.

Аз ронандагон барои рондани  мошин бо чархҳои зимистона дар давраи аз 1 июн то 1 сентябр 500 рубл ҷарима ситонида мешавад.

***

Мошинҳои барқии истифодашуда дар Аврупо дар тӯли ду сол ду баробар арзон шуданд. Тибқи маълумоти Хадамоти маркетингии Cox Automotive, мошини барқии миена дар Аврупо пас аз 24 моҳ танҳо 49% арзиши аслии худро нигоҳ медорад.Тавре Ки The Telegraph менависад, ин нисбат ба соли 2022 тақрибан ду баробар камтар аст.

Коршиносон ин тамоюлро ба коҳиши ҷаҳонии нархи мошинҳои барқӣ ва тахфифҳои истеҳсолкунандагон рабт медиҳанд.

Масалан, дар Англия як мошини нави барқӣ, ки бо нархи 40 ҳазор фунт харида шудааст, пас аз ду сол ҳамагӣ 19,6 ҳазор фунт стерлинг арзиш дорад. Барои муқоиса: дар соли 2022 дар ин муддат мошинҳои барқӣ 83% нархи хариди худро нигоҳ доштанд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар ин ҷо фаҳмидани сабаб ва натиҷа аллакай душвор аст. Нархи мошинҳои нави барқӣ дар саросари ҷаҳон коҳиш меебад. Масалан, дар Чин, ки бозори калонтарини чунин мошинҳост, нархи мошини хурди   BYD Seagull то 55,8 ҳазор юан ($ 7750) коҳиш ёфт.       

***

Коршиносон нархи бензинро дар соли 2025 пешгӯӣ карданд. Пастшавии нархи бензинро дар соли 2025 интизор шудан лозим нест, ҳатто агар нафт арзон боқӣ монад. Баръакс, афзоиши нархи  сӯзишворӣ  аз эҳтимол дур нест, тахмин мезананд мутахассисони бозор.

Нархи ҷаҳонии нафт ва геополитика ба арзиши ниҳоии бензин он қадар таъсир намерасонад, ки андозҳо ва аксизҳо, логистика, ноустувории қурби асъор ва танзими давлатӣ мерасонанд. Дар ин бора сомонаи vtomske.ru  ҳадс задааст.

Тибқи маълумоти охирини дастраси Росстат (ба ҳолати моҳи апрели соли 2025), арзиши миёнаи бензин дар Русия 59,69 рубл барои як литрро ташкил медиҳад: АИ 92 – 56,48 рубл, АИ 95 – 61,71 рубл, АИ 98 – 84,05 рубл. Арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ ба ҳисоби миена 71, 27 рублро ташкил медиҳад.

«Аммо дар асл, нархи воқеии сӯзишворӣ хеле баландтар аст», навиштааст сомона.