Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ. Ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят дар шаҳри Хоруғ

Санаи нашр: 27-06-2025 Просмотрено: 4907

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод.

Иншооти мазкур, ки бо таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори техникии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, ҳамчун маркази муҳими муҳандисиву озмоишӣ дар самти нигоҳдорӣ, назорат ва рушди роҳҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ - “БРАМОМ-4»  ба маблағи умумии беш аз 5 миллион сомони  бунёд шудааст.

Бино аз се ошёна иборат буда, дорои инфрасохтори муосир ва шароити ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ мебошад.

Дар ошёнаи якум 11 ҳуҷраи корь барои кормандон, дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ошхона ва меҳмонхонаҳои барҳаво барои меҳмонону коргарон сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аввалин муассисаи дорои чунин шароити сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба КВД   «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст карда шудааст. Тавассути шабакаи ягонаи идоракунии рақамӣ  тамоми воситаҳои техникии муассиса, ки бо таҷҳизоти муайянкунадаи мавқеъи моҳвораӣ (GPS) муҷаҳҳазанд, идора ва назорат мешаванд.

Зимни муаррифии харитаи электронии роҳҳои вилоят, Пешвои миллат бо навтарин усулҳои назорати вазъи роҳҳо шинос гардиданд.

Намоиши интерактивии харита нишон дод, ки кормандони муассиса дар вақти воқеӣ метавонанд маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо, ҷойгиршавии биноҳои ёрирасон, аломатҳои роҳ, нуқтаҳои хатарнок ва қисмҳои осебпазирро дарҳол дарёфт намоянд. Ин технологияи рақамӣ яке аз муосиртарин равандҳои идора ва мониторинги роҳҳо дар низоми нақлиёти кишвар ба шумор меравад.

Бо истифода аз чунин шароит ва таҷҳизоти нав, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди вилоят минбаъд метавонад ба таври самаранок дар нигоҳдории роҳҳо, таъмини бехатарии нақлиёт ва хизматрасонии саривақтӣ ба ронандагон ва мусофирон саҳми назаррас гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имкониятҳои озмоишгоҳ, сифати таҷҳизоти санҷишӣ, сатҳи омодагии муҳандисон ва муҳити кории кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Озмоишгоҳ ба таври доимӣ хоку ҷисмҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмониро пеш аз истифода дар роҳ ва пулҳо месанҷад, то сифати роҳҳои баландкӯҳ ба талаботи бехатарии нақлиётӣ ҷавобгӯ бошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ҳуҷраҳои корӣ таъкид доштанд, ки ин гуна иншоот бояд на танҳо дар сатҳи вилоят, балки ҳамчун намунаи миллии маркази роҳсозӣ дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ шавад.

Сарвари давлат ба ширкати сохтмонӣ, муҳандисону лоиҳакашон ва кормандони соҳаи роҳсозӣ, ки дар шароити кӯҳистон бо садоқат ва масъулияти касбӣ фаъолияти намунавӣ доранд, изҳори сипос намуданд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: www.President.tj