Хабарҳо

slider_img

Волейболбозони вазорат ғолиби мусобиқа шуданд

Санаи нашр: 21-12-2021 Просмотрено: 2819

        Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рӯзи 20­-декабр дастаи волейболбозони Вазорати нақлиётро, ки дар мусобиқаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол сазовори ҷои 3-юм гардиданд, табрик гуфта, диплом ва медалҳоро тақдим намуд.

        Мусобиқа моҳи сентябри соли равон байни вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ташкил шуда буд.

 Вазири нақлиёт бозингарони вазоратро бо ғолибият табрик гуфта, барояшон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дигар тавфиқ таманно дошт.