Дар доираи раёсати ҶМЧ дар СҲШ дар соли 2025, рӯзи чоршанбеи 2 июл, дар Тянтзин, бузургтарин шаҳри бандарӣ дар шимоли Чин, ҷаласаи 12-уми машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим роҳбарӣ кард.
«Нақлиёти устувори ҷаҳонӣ» – чунин буд мавзӯи ҳамоиши имсолаи вазирон, ки хоҳиши кишварҳоро барои рушди низомҳои бехатар, рақамӣ ва экологии нақлиёт ифода мекунад.
Машварат таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Вей баргузор шуд.
Дар рафти машварат ҷонибҳо оид ба амалҳои муштарак ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва гузаргоҳҳои байналмилалии логистикӣ, коҳиш додани монеаҳо, ҷорӣ намудани навгониҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва тавсеаи самтҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ табодули афкор намуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи машваратӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки робитаи нақлиётӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва таҳкими муносибатҳои байни кишварҳо гардидааст.
«Фазои СҲШ аллакай нақши пули стратегии байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро мебозад. Бо вуҷуди ин, дар назди мо вазифаҳои нав меистанд - баланд бардоштани устувории занҷирҳои нақлиётӣ, рақамисозӣ, экологикунонии нақлиёт ва рушди тадбирҳои логистикии “сабз”», – таъкид кард ӯ.
Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт дар бораи зарурати таъсиси платформаи ягонаи рақамии СҲШ барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалӣ изҳори назар намуд. Ба ақидаи ӯ, равзанаи ягонаи рақамӣ имкон медиҳад, ки расмиёти гумрукӣ, сарҳадӣ ва нақлиёт ҳамоҳанг, ҳаракати борҳо тариқи электронӣ пайгирӣ карда шавад, гардиши ҳуҷҷатҳо содда ва шаффофияти ҳамлу нақл баланд гардад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар Душанбе таҳти сарпарастии СҲШ Маркази салоҳиятҳо оид ба логистикаи (тадорукоти) нақлиётӣ таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин марказ метавонад ҳамчун майдони омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули таҷрибаҳои беҳтарини рақамикунонӣ, ҳамлу нақли устувор ва ҷорӣ кардани технологияҳои «сабз», гузаронидани тадқиқоти муштарак дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ хизмат кунад.
Илова бар ин, Вазири нақлиёти ҶТ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои зерин фаъол карда шавад:
РУШДИ ШАБАКАИ БАНДАРҲОИ ЗАМИНӢ ДАР КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ. Ба ақидаи Вазир, дар шароити муосир рушди шабакаи бандарҳои заминӣ ба унсури муҳими стратегии инфрасохтори нақлиётӣ табдил ёфта, барои кишварҳое, ки ба баҳр роҳи мустақим надоранд, имкон фароҳам меорад, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷиро ба таври назаррас афзоиш ва мӯҳлати интиқолу хароҷоти логистикаро коҳиш диҳанд.
Бо назардошти ин, пешниҳод карда шуд, ки Консепсияи умумии рушди бандарҳои заминӣ дар фазои СҲШ ташаккул дода, стандартҳои мувофиқашуда оид ба таҷҳизоти техникии онҳо ва эътирофи мутақобилаи расмиёт таҳия карда шаванд, бандарҳои заминӣ бо долонҳои асосии мультимодалӣ ва бандарҳои баҳрию дарёӣ пайваст гарданд.
ТАШАККУЛИ ДОЛОНҲОИ НАҚЛИЁТИ «САБЗ»-И СҲШ. Роҳандозии ин раванд бо назардошти истифодаи нақлиёти барқӣ ва гидроген, ташкили шабакаи инфрасохтори барқпуркунӣ, татбиқи қарорҳои каммасрафи барқӣ дар марказҳо ва терминалҳои логистикӣ муҳим аст.
ҲАМОҲАНГСОЗИИ ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯИ МУШТАРАКИ РУШДИ СОХТОРҲОИ НАҚЛИЁТИИ СҲШ ТО СОЛИ 2035 БО САТРАТЕГИЯҲОИ МИЛЛИИ РУШДИ НАҚЛИЁТ. Дар ин самт бояст лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ муайян ва монеаҳо дар сарҳадҳо ва долонҳо бартараф карда шаванд.
ФАЪОЛСОЗИИ КОРҲО ОИД БА ТАТБИҚИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВТОМОБИЛӢ. Пешниҳод карда шуд, ки Гурӯҳи кории доимии сатҳи баланд барои назорат ва бартараф кардани монеаҳо, инчунин роҳандозии хатсайрҳои озмоишӣ дар асоси Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расидааст, таъсис дода шавад.
РУШДИ ДОЛОНҲОИ МУЛТИМОДАЛӢ БО ДАСТРАСӢ БА ШАРҚИ НАЗДИК, АФРИҚО ВА АВРУПО. Дар ин замина Вазири нақлиёти ҶТ тақвияти кор оид ба рушд ва пайвастшавии долонҳои зеринро зарур арзёбӣ кард:
- «Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон-Покистон-уқенуси Ҳинд»;
- «Чин - Тоҷикистон - Узбекистон - Туркманистон - Эрон - Туркия-Аврупо»;
- Масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий (TITR).
РУШДИ ИНФРАСОХТОР ДАР ҚАЛАМРАВИ АФҒОНИСТОН. Вазири нақлиёти ҶТ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ масъалаи барқарорсозӣ ва рушди робитаҳои нақлиётӣ бо Осиёи Ҷанубӣ тавассути Афғонистонро, ки барои ҳамаи кишварҳои минтақа хатсайрҳои нави тиҷоратӣ боз хоҳад намуд, муҳим шуморид.
***
Аз рӯи натиҷаҳои Машварати 12-уми вазирони нақлиёт дар Тянтзин Протокол имзо шуд, ки дар он мавқеи умумии давлатҳои аъзои СҲШ доир ба мавзуҳои баррасишуда инъикос ёфтааст. Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни мақомоти марказии нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди хизматрасониҳо дар роҳҳо ва канори роҳҳо дар тӯли «Роҳи Абрешим» ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки Тянтзин, яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин бо аҳолии зиёда аз 13 миллион нафар, дар шимоли кишвар, дар соҳили баҳри Бохай ҷойгир аст. Шаҳр на танҳо бо системаи пешрафтаи нақлиёт (таксиҳо, автобусҳо, трамвай, метро), балки бо тозагии экологӣ низ машҳур аст. Он як шаҳри озмоишӣ барои татбиқи моделҳои экологии шаҳрӣ дар Чин мащсуб меёбад. Дар ҳамин ҷо, дар Тянтзин 31 август – 1 сентябри соли 2025 баргузории ҷаласаи солонаи (саммити) сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бори 25 – ум баргузор мешавад, пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки машварати қаблии 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ 20 июни соли 2024 дар сиғаи видеоконфронс баргузор шуда буд. Машварати навбатии 13 - ум дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир менардад.