Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 08-07-2025 Просмотрено: 3363

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон аввалин кластери технопарки AI-ро ба кор андохт. 25 июн дар ноҳияи Дарвози ВМКБ  кластери миллии зеҳни сунъӣ ба кор даромад ва аввалин технопарки «Darya AI» муаррифӣ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Ифтитоҳи кластер ва технопарки AI ба татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2022 қабул ва тасдиқ шудааст, мусоидат менамояд.

Тибқи стратегия, то соли 2040 AI бояд на камтар аз 5% ММД-и кишварро таъмин кунад. Ин ташаббусҳо барои рушди соҳибихтиёрии технологӣ ва иқтисоди рақамии Тоҷикистон замина мегузоранд.

***

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025ба андозаи  8,4% афзоиш хоҳад ёфт. Иқтисоди Тоҷикистон, сарфи назар аз хатарҳои ҷории ҷаҳонӣ, рушди устувор нишон медиҳад. Тибқи баррасии охирини макроиқтисодии Бонки рушди Авруосиё (БРАО), суръати афзоиши ММД-и кишвар дар соли 2025 дар сатҳи 8,4% нигоҳ дошта мешавад.

Дар соли 2026 афзоиш ба андозаи 8,0% ва дар соли 2027  ба андозаи 7,1%  пешгӯӣ мешавад. Коршиносони бонк таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон ба  масири рушди устувор ворид шуда, аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа пеш мегузарад.

Афзоиш тавассути талаботи қавии дохилӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои асосӣ ва инчунин нархҳои баланди ҷаҳонии тилло — яке аз содироти асосии кишвар таъмин карда мешавад.

Аллакай дар семоҳаи аввали соли 2025 афзоиши ММД 8,2% дар ифодаи солонаро ташкил дод. Суръати баландтарини афзоиш дар саноат (+23,4%), савдо (+10,6%), гардиши бор (+18,7%) ва интиқоли мусофирон (+16,6%) ба қайд гирифта шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ низ динамикаи мусбати (+7,2%) нишон дод.                             

***

Тоҷикистон эълон кард, ки дар соҳаи ҳавонавардӣ сиесати «осмони боз»  ҷорӣ мекунад. Дар ин бора қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2025 таҳти рақами 347 ба имзо расид.

Қарор принсипи баробарии байни ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷиро бекор карда, бозорро барои интиқолдиҳандагон ва парвозҳои бештар боз мекунад.

Сиёсати «осмони боз» дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар татбиқ мегардад.

***

«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд. Дар ин хусус Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, аз 1 июли соли 2025 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines»-и Чин парвозҳои мусофирбарии мустақим дар масири Қошғар-Хуҷанд –Қошғар оғоз карда шуд.

Парвозҳо дар масири Қошғар-Хуҷанд -Қошғар дар як ҳафта як маротиба анҷом дода мешавад.

Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон амалӣ шудааст.

***

23 июн ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» ("Tajik Air") парвозҳои мунтазамро дар масири  «Душанбе – Ван - Душанбе» ба рощ монд. Ширкат дар ин бора дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар додааст.

Парвози ҳавопаймо дар ин самт соли 2014  қатъ гардида буд.

Парвозҳо  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор шуданд.

Ҳоло аз пойтахт ба ноҳияи Ванҷ танҳо дар 50 дақиқа расидан мумкин аст.   

Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд.

Ҷадвали парвозҳо:

- парвоз аз Душанбе: 08:00

- парвоз аз Ванҷ: 09: 30.

«Аз нав барқарор кардани ин хатсайри муҳими ҳавоӣ барои сокинони ноҳияи Ванч ва дар маҷмӯъ минтақа аҳамияти калон дорад, он ба беҳтар  гаштани алоқаи нақлиётӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад», - омадааст дар хабари ширкати ҳавопаймоӣ.

***

Дар гузаргоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Тоҷикистон системаи муосири эъломияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз моҳи июни соли ҷорӣ дар фаъолияти амалии ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукии наздисарҳадӣ зернизоми эъломияи воридшавӣ ва баромадани воситаҳои нақлиёти системаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон — «ASYCUDA – World» ҷорӣ карда шудааст.

Ин ташаббус бо мақсади иҷрои талаботи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ, инчунин мусоидат ба раванди табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ амалӣ карда шуд.      

***

Созишномаи грантӣ ба маблағи 2,04 миллион доллари ИМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ«Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишномаи грантӣ 23 июн дар қароргоҳи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар Пекин аз ыониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Каххорзода ва Директори Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Константин Лимитовский ба имзо расид.

Созишномаи грантӣ дар доираи механизми Project-Specific Window (PSW) ҷудо карда шуд ва аз ҷониби Агентии рушди байналмилалӣ ва ҳамкории Чин (CIDCA) маблағгузорӣ карда хоҳад шуд. Он ба дастгирии сохтмони роҳи автомобилгарди «Обигарм–Нуробод» равона шудааст.

Тавре хабар омадааст, ин аввалин гранти расмӣ дар доираи механизми Project-Specific Window (PSW) мебошад.

***

Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент роҳҳои дохилӣ асфалтпӯш карда мешаванд. Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ идома дорад.

Дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбари вилоят корҳо оид ба  мумфаршкунии қитъаи роҳи автомобилгард аз беморхонаи марказии ноҳия то деҳаи Сангистон оғоз ёфтанд. Ин қитъа, ки дарозии умумии он 6 километр ва паҳноияш 8 метр аст, деҳаҳои Баландкӯҳ Сангистон, Зосун, Томин, Путхинро бо ҳам мепайвандад ва ба ноҳияи Мастчаи Кӯҳӣ мебарад. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, инчунин бо иштироки ширкати «Innovative Solutions LTD», шарикони рушд ва сокинони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Панҷакент асфалтпӯш кардани қитъаи роҳ аз гардиши деҳаи Боғча то ҷамоати деҳоти Шинг шуруъ гардид. Қитъаи роҳ бо дарозии 2,4 километр ва паҳноии 5 метр бо дастгирии молиявии Идораи сохтмони капиталии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сохта мешавад.

Дар шаш моҳи соли 2025 дар вилояти Суғд 101 километр роҳҳо пурра асфалтпӯш ва  438 километр шағалпӯш карда, дар 465 километр таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.

Корҳои сохтмону таъмири роҳҳои дохилӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.

ДАР МИНТАҚА

Ширкати бузурги чинӣ «Ютонг» як марҳилаи муҳимро  таҷлил мекунад: 10 ҳазор автобус барои Осиёи Марказӣ. 26 июн дар шаҳри Чжэнчжоуи Чин 10-ҳазорумин автобуси «Юйтун» (Yutong), ки барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст, аз конвейер баромад. Дар ин бора хабаргузории «Синьхуа» иттилоъ медиҳад.

Ширкати мазкур, ки қароргоҳаш дар Чжэнчжоу, маркази маъмурии музофоти Хэнан дар Чини Марказӣ ҷойгир аст, яке аз таъминкунандагони асосии автобусҳо дар ин  кишвар аст. Аввалин автобусҳои «Юйтун» ҳанӯз соли 2005 ба Қазоқистон интиқол дода шуда буданд.

Дар аввали соли равон ширкат бо Туркманистон барои таҳвили 700 автобуси шаҳрӣ шартнома баст. Дар 20 соли охир ширкат мавқеи худро дар бозори Осиёи Марказӣ пайваста мустаҳкам карда, то имрӯз дар маҷмӯъ 10 000 автобус, аз ҷумла зиёда аз ҳазор автобуси дорои  манбаъҳои нави энергия ба  минтақа интиқол додааст.

***

25-27 июни соли 2025 дар Маркази байналмилалии  намоишии EXPO дар Остонаи Қазоқистон намоишгоҳи Komtrans Astana + BUSexpo Astana баргузор шуд. Он ҳамчун рӯйдоди асосӣ дар соҳаи нақлиёти боркаш, тиҷоратӣ ва мусофирбарӣ дар Қазоқистон ва Осиеи Марказӣ номида шудааст.

Komtrans Astana + BUSexpo Astana ягона намоишгоҳи махсуси минтақа мебошад, ки пешоҳангони соҳаи нақлиётро  ба ҳам морад. Он  майдони калидии B2B барои намоиши  ихтирооти  навтарин, инноватсия ва технология дар соҳаи боркашонӣ ва мусофирбарӣ мебошад.

Дар намомишгоҳ  ширкатщои навовар, қарорҳои муосири технологӣ, техникаи махсус, автобусҳо, притсепҳо, чархҳо,  равғанҳои молиданӣ ва системаҳои электронӣ  ба макраз гузошта шуданд.                                          

***

Аз аввали соли 2025 дар автобусҳои Тошканд қабули маблағи нақд қатъ карда шуд. Вазири нақлиёти Узбекистон Илхом Махкамов гуфт, кишвар тасмим гирифт, ки аз қабули пули нақд дар автобусҳо комилан даст кашад ва ба системаи пардохти электронӣ гузарад.

Дар баробари ин дар истгоҳҳо  ғурфаҳои махсус  насб карда мешаванд, ки дар онҳо бо пули нақд чиптаи QR-код харидан мумкин аст.

Дар Вазорати нақлиёт ба нашрияи «Дарё» хабар доданд, ки дар ояндаи наздик хариди 1294 автобус ба нақша гирифта шудааст. Диққати асосӣ ба ҷорӣ намудани автобусҳои барқӣ дар Тошканд ва Самарқанд равона карда мешавад. То соли 2030 шумораи автобусҳо то 5000 ва автобусҳои барқӣ то 2000 зиед карда мешаванд. Қарор аст, ки шаҳрҳо ва ноҳияҳо пурра бо хизматрасониҳои нақлиети ҷамъиятӣ фаро гирифта шаванд.

***

Дар роҳи мошингарди «Бишкек – Ош» нақби 750-метра  бунёд карда мешавад. Сохтмони нақб 19 июни соли 2025 оғоз ёфт, хабар дода шудааст дар сомонаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон.

Дар расми оғози сохтмон Вазири нақлиет ва коммуникатсия Абсаттор Сиргабаев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Қирғизистон Хидеки Года, Намояндаи доимии JICA дар Қирғизистон Котаро Нишигата, Намояндаи ваколатдори Президенти ҶҚ дар вилояти Ҷалолобод Тилек Текебаев, вакили Жогорку Кенеш Таалайбек Масабиров ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.

Вазир Абсаттор Сиргабаев зикр кард, ки сохтмони нақби 750-метрӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Ҷопон амалӣ карда мешавад.

***

Дар Афғонистон сохтмони дуввумин роҳи автомобилгарди «шарқӣ» оғоз ёфт. Он вилояти Кобулро бо вилояти Нангархор, ки бо Покистон ҳамсарҳад аст, мепайвандад. Дар ин бора хабаргузории «Sputnik» - и Русия бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳад.

Тазаккур дода шудааст, ки дар марҳилаи аввал роҳ ҷойгузини шарёни нақлиётии мавҷудаи NH08 хоҳад буд, ки аз дараи Врешмин-танги мегузарад ва аз сабаби  пасту  баландиҳо аз 575 то қариб 1800 метр аз сатҳи баҳр яке аз роҳҳои хатарноктарини ҷаҳон ҳисобида мешавад ва ин роҳи танг бо гардишҳои тезутунд дар пояи кӯҳҳои сангбор дар наздикии ғоре, ки дарёи Кобул дар он ҷо ҷорӣ мешавад, давр мезанад.

ДАР ҶАҲОН

Давлатҳои ИДМ равандҳои асосии пайвастшавӣ ва навсозии роҳҳои нақлиетро мувофиқа мекунанд. 3 июли соли 2025 дар шуъбаи кумитаи Иҷроияи ИДМ дар шаҳри Москва ҷаласаи дуюми Гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани лоиҳаи Консепсияи пайвастшавии роҳҳои асосии нақлиётӣ, ки аз қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ мегузаранд, баргузор гардид. Дар ин бора  хадамоти матбуотии Кумитаи Иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Лоиҳаи ҳуҷҷат аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон  таҳия шудааст ва ҳадафҳо ва тамоюлҳои рушди системаи нақлиётро дар фазои ИДМ муайян мекунад.

Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, намояндаи ваколатдори Федератсияи Россия дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, роҳбарони Кумитаи иҷроияи Маҷлиси ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчири ИДМ ширкат намуданд.

***

Лаҳзаи таърихӣ: мошинҳо худашон аз корхона ба манзили харидор расиданро оғоз карданд –Tesla Model Y аввалин шуда ин корро кард. 27 июни соли 2025 Tesla ба марҳилаи таърихӣ: ширкат аввалин интиқоли пурраи мустақили мошини Model Y-ро аз корхонаи Gigafactory Texas дар Остин ба хонаи муштарӣ анҷом дод.

Бино ба маълумоти ширкат, дар мошин ронанда набуд ва он аз масофаи дур идора карда намешуд.

Таҳвил имкониятҳои системаи Full Self-Driving (FSD) - ро нишон дод, ки танҳо камераҳо ва шабакаи нейронии Tesla-ро бидуни лидар истифода мебурд. Модели нави Tesla Y вазифаро бидуни дахолати инсон иҷро кард.

22 июн Tesla шабакаи таксиҳои мустақилро ба кор андохт, ки хусусиятҳои  низомҳои хизматрасонии Uber ва Airbnb-ро муттаҳид мекунад. Соҳибони мошинҳои Tesla метавонанд мошинҳои худро ба ин шабака тавассути барномаи мобилӣ илова кунанд, вақте онҳо худашон мошинро истифода намебаранд, вале аз он пул кор мекунанд.

***

Ронандагони гирифтори афсурдагӣ (депрессия) метавонанд аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шаванд. Дар Русия дар соли 2025 чӣ тағирот ба амал хоҳад омад?

Дар ин кишвар мавҷудияти  афсурдагӣ метавонад боиси бекор кардани шаҳодатномаи ронандагӣ гардад, агар ҳангоми муоинаи тиббӣ ташхисҳои муайян ошкор карда шаванд. Дар ин бора ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмуриии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Маскав Турғунбой Зокиров ба агентии «Москва» нақл кард.

Вай зикр намуд, ки  шащодатномаи ронандагь бо се асос бекор карда мешавад: ба охир расидани мӯҳлати эътибор, мавҷудияти зиддиятҳои тиббӣ ё қарори суд. Дар масъалаи афсурдагӣ хулосаи тиббӣ  нақши  калидӣ хоҳад бозид.

***

Гузориши нав «афсонаҳо» дар бораи  мошинҳои барқиро  ботил месозанд: ботриҳо (батареяҳо) беш аз аз 20 сол хизмат мекунанд. Яке аз  фаҳмишҳои ғалат дар бораи ботриҳои «кӯтоҳмуддат»-и мошинҳои барқӣ ниҳоят рад карда шуд. Тибқи таҳқиқоти ширкати Geotab, ки ба маълумоти зиёда аз 10 000 мошини барқӣ асос ефтааст, батареяҳои муосир дар як сол танҳо 1,8% иқтидори худро аз даст медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки пас аз 20 соли истифода онҳо то 64% мустақилияти худро нигоҳ медоранд.

Гузашта аз ин, фоизи қатъи ҷиддии батарея камтар аз 0,5% — ро ташкил медиҳад, ки ин  нишон медищад вайроншавии фалокатбор хеле нодир аст.

Батареяҳои дорои химияи LFP махсусан устувор ҳастанд — онҳо захираро  камтар сарф мекунанд.  

Коршиносон зткр мекунанд, ки таназзули батарея нобаробар аст: аввал тезтар, баъд устувор. Ҳарорати баланд ва зуд-зуд пуркунии барқ метавонад фарсудашавии ботриро суръат бахшад, аз ин рӯ пешгирӣ аз гармӣ ва назорати режими пуркунии барқ муҳим аст.Ақидае, ки батареяро ҳар 5 сол иваз кардан лозим аст, чизе беш аз афсона нест.

Маълумоти нав исбот мекунад: мошинҳои барқии муосир қодиранд бидуни иваз кардани батарея 15-20 сол бе мушкилот кор кунанд.                                         

***

Дар соҳаи нақлиёт дар Русия 5 миллион нафар фаъолият мекунанд. 26 июни соли 2025 Вазири нақлиёти ФР Роман Саровойт дар суҳбат бо шабакаи телевизионии «Россия 24» изҳор дошт, ки дар соҳаи нақлиёти  кишвараш тақрибан 5 миллион нафар одамон кор мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони муассисаҳои нақлиетӣ ба ғайр аз бастаи иҷтимоии стандартӣ аз корфармоён имтиёзҳо мегиранд.

Вазири нақлиетт ФР қаблан хабар дода буд, ки пас аз се сол дар Русия ба шарофати Академияи ҳаракати баландсуръат 500 нафар мутахассисон барои идоракунӣ ва нигоҳдории шоҳроҳҳои баландсуръат  даст ба кор мешаванд.

***

Эрон ҳарими ҳавоии худро барои парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар болои манотиқи марказии ин кишвар ва бахше аз манотиқи ғарбии он боз кардааст. Дар ин бора Ассотсиатсияи операторони сайёҳии Русия хабар одааст.  

Парвозҳо бо сабаби низоъ дар Шарқи Наздик қатъ карда шуда буданд.

Росавиация низ манъи парвоз дар фазои ҳавоии Ироқ, Эрон ва Урдунро бекор кард.

Ба қарибӣ занҷирҳои логистикӣ барқарор карда мешаванд ва парвозҳо, аз ҷумла ба Аморот, тавассути хатсайрҳои маъмулӣ анҷом дода мешаванд, ки ба соҳаи сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонанд, гуфта мешавад дар хабар.

27 июн парвози аввали ширкати ҳавопаймоии Mahan Air-и Эрон аз Машҳад ба Маскав  сурат гирифт. Ширкати «Аэрофлот»  аз 4 июл фурӯши чиптаҳоро барои парвозҳо ба Теҳрон оғоз кард.