Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

САРҲАДҲО МОНЕА НЕ, БАЛКИ ПУЛ БАРОИ ҲАМКОРӢ МЕБОШАНД. Дар Туркманистон оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию нақлиётӣ мулоқот доир гардид

Санаи нашр: 05-08-2025 Просмотрено: 4755

5 август дар минтақаи сайёҳии «Аваза» дар Туркманистон, дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, мулоқоти мувозӣ дар мавзӯи «Мусоидат ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ тавассути густариши робитаҳои тиҷоратию нақлиётӣ» баргузор гардид.

Мулоқот таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.

Дар  мулоқот намояндагони Австрия, Непал, Эфиопия, инчунин созмонҳои байналмилалии  ЭСКАТО СММ,  КИА СММ ва СҲШ иштирок карданд.

Ширкаткунандагон нақши муҳими нақлиёт ва иртиботи мутақобил  дар ҳамлу нақлро дар  замони муосир  барои рушди устувори кишварҳо ва наздикшавии халқҳо таъкид намуданд. Тасодуфӣ нест, ки соли 2023  Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Таҳкими робитаҳо байни ҳамаи намудҳои нақлиёт барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор» - ро қабул кард. Ин санад 26 ноябрро Рӯзи ҷаҳонии нақлиёти устувор ва солҳои 2026-2035-ро  Даҳсолаи нақлиёти устувор эълон кард.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зимни суханронии худ зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар васати Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва ба баҳр дастрасӣ надорад,  мушкилоти сохториро дар тиҷорати ҷаҳонӣ, ки боиси гарон шудани логистика ва маҳдудияти дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мегардад, эҳсос мекунад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин мушкилот моро водор месозанд, ки бо ҳамсоягон ва шарикони байналмилалӣ боз ҳам наздиктар шавем ва фаъолияти якҷоя ба роҳ монем. Мушкилоти мазбур аҳамияти ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироии фаромарзӣ ва иртиботи мутақобили стратегиро дар ҳамлу нақл ҳамчун  омилҳои  асосии субот ва рушди устувор бозгӯ мекунанд.

«Мо бояд марзҳои  худро на ба унвони монеа, балки ҳамчун пулҳо барои баромадан ба  роҳҳои  нав, ки имкон медиҳанд бо ҷаҳони беруна  дар асосҳои  мутақобилан судманд ҳамкорӣ кунем,  таҷдиди назар намоем», -  хулоса кард Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Мулоқот дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва хоҳиши густариши ҳамкорӣ сурат гирифт.