Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ТУРКМАНИСТОН КОНФРОНСИ СММ ОИД БА КИШВАРҲОИ РӮ БА ИНКИШОФ, КИ РОҲИ БАРОМАДАН БА БАҲРРО НАДОРАНД, ОҒОЗ ЁФТ. Мушкилоти вобаста ба ҳамкории нақлиётию логистикии ин кишварҳо яке аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш мебошад

Санаи нашр: 05-08-2025 Просмотрено: 3380

5 август дар минтақаи миллии сайёҳии  «Аваза» дар шаҳри Туркманбошӣ, ки дар соҳили Баҳри  Хазар  ҷойгир аст, Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки роҳи баромадан ба баҳрро надоранд, ба кори худ оғоз бахшид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманисторн (TDN) ва дигар расонаҳои расмии ин кишвар, дар кори Конфронс Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Раиси иҷлосияи 79-уми  Маҷмаи Умумии СММ Филемон Янг, роҳбарон ва намояндагони беш аз 30 кишвар, аз ҷумла сарони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Сан-Томе ва Принсипи, Мали, Бутан, Непал, подшоҳии Эсватини, Раиси Шурои президентии Либия, инчунин намояндагони баландпояи Ботсван, Буркина Фасо, Боливия, Гамбия, Қирғизистон, Малави, Молдова, Муғулистон, Эрон, Покистон, Русия, Туркия ва дигар кишварҳо ширкат  доранд.

Конфронси СММ ба муҳокимаи масъалаҳои рушди устувор, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, экология ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Ин  ҳамоиши байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба 32 кишвари рӯ ба  инкишоф, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд ва аҳолии онҳо дар маҷмуъ тақрибан 600 миллион нафарро ташкил медиҳадд, мусоидат мекунад.

32 кишвар, аз ҷумла дар Аврупо (2), Африқо (16), Амрикои Ҷанубӣ (2) ва Осиё (12) дар ҳолате қарор доранд, ки СММ онро расман ҳамчун landlocked developing countries (LLDC), яъне «давлатҳои рушдёбандаи бидуни роҳи баромадан ба баҳр» муайян  кардааст.

Мавқеи онҳо на танҳо мушкилоти логистикӣ, балки омилест, ки бевосита ба ҷолибияти сармоягузорӣ, сохтори содирот ва динамикаи ММД таъсир мерасонад.

Дар давоми чор рӯз (5-8 август) меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронсро барномаи рангин интизор аст, ки робитаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ-логистикӣ ва ҷанбаҳои фарҳангӣ-гуманитариро  дарбар мегирад.