5 август дар ММС «Аваза» - и шаҳри Туркманбошӣ, дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва бидуни роҳи баромад ба баҳр, ки дар Туркманистон идома дорад, мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Туркия Абдулқодир Уралоғлу баргузор гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва дурнамои рушди фаъолияти муштарак дар соҳаи нақлиёт ва логистика мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар асоси созишномаи дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ сурат мегирад. Танҳо соли 2025 байни ду кишвар барои интиқоли бор 3250 адад варақаҳои иҷозатдиҳӣ (рухсатномаҳо) табодул карда шуданд.
Дар айни замон, ҷонибҳо афзоиши шумораи иҷозатномаҳои шакли Р-3 ҷиҳати ҳамлу нақл аз/ба кишварҳои сеюм, ҷорӣ намудани имтиёзҳои раводид барои интиқолдиҳандагони тоҷик, инчунин масоили истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо»-ро баррасӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои созандагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.