Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори Раёсати ҳамкории СММ «Ҷануб-Ҷануб» мулоқот кард

Санаи нашр: 06-08-2025 Просмотрено: 3738

Дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии бидуни роҳи баромадан ба баҳр (LLDC3), ки дар Туркманистон  идома дорад,  дирӯз, 5 август Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар минтақаи сайёҳии "Аваза" бо Директори Раёсати  ҳамкории СММ «Ҷануб-Ҷануб» (UNOSSC) Дима ал-Хатиб мулоқот кард.

Ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNOSSC, аз ҷумла беҳтар намудани робитаҳои нақлиётӣ, соддагардонии расмиёти сарҳадӣ, рақамикунонӣ ва идоракунии устувори инфрасохторро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот дар бораи дастгирии лоиҳаҳо дар  самти долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, аз ҷумла рақамисозии равандҳо ва татбиқи   тадбирҳои «сабз», тавсеаи кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ консалтингӣ дар таҳияи стратегияҳои устувори логистика барои минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст, ташкили платформаи мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам байни кишварҳои LLDC, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ, аз ҷумла бо ҷалби бахши хусусӣ ва институтҳои минтақавӣ рушд  табодули афкор сурат гирифт.

 Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо  оид ба  таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар арсаи байналмилалӣ  ба мувофиқа расиданд.

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

Раёсати ҳзамкории «Ҷануб-Ҷануб»-и СММ (UNOSSC) мақоми махсуси сохтори Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки барои мусоидат, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии ҳамкорӣ байни кишварҳои рӯ ба инкишоф дар доираи модели «Ҷануб-Ҷануб» ва «Ҷануб-Шимол-Ҷануб» (ҳамкории сеҷониба) таъсис дода шудааст.

Вазифаи асосии UNOSSC мусоидат ба мубодилаи дониш, технология, сиёсат ва захираҳо байни кишварҳои Ҷануби ҷаҳон барои ноил шудан ба рушди устувор ва татбиқи Рӯзномаи СММ то соли 2030 мебошад.