Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

КОНФРОНСИ СЕЮМИ СММ БАРОИ ДАВЛАТҲОИ БИДУНИ ДАСТРАСӢ БА БАҲР. Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирон ҳамраисӣ ва суханронӣ кард

Санаи нашр: 07-08-2025 Просмотрено: 4504

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар  нишасти вазирон, ки рӯзи чоршанбеи 6 август дар  ММС «Аваза» дар Туркманистон дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, ҳамраисӣ ва суханронӣ кард.

Дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба  тарақии    маҳсур дар хушкӣ, ки дар ММС «Аваза» дар шаҳри Туркмнанбошӣ (Туркманистон) ҷараён дорад, 6 август нишасти вазирон оид ба ҳамкории  «Ҷануб-Ҷануб» баргузор шуд.

 Нишасти мазкур ба табодули таҷрибаи пешқадам дар муайян сохтани иқтидори ҳамкории «Ҷануб-Ҷануб» ва ҳамкории сеҷониба барои рушди устувор, қобили иҷро ва таҳвилдиҳандаи   кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва бидуни роҳи баромадан ба баҳр (Landlocked Developing Countries — LLDC) бахшида шуд.

Нишасти вазиронро Директори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ҳамкории «Ҷануб-Ҷануб» Дима Ал-Хатиб  ифтитоҳ намуд.

Дар нишаст Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири савдо ва саноати Ҷумҳурии Руанда Пруденс Себахизи ҳамраисӣ ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни гуфтугузор дар мавзуи мавриди назар Роҳбари  Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид аа рушд (БАТР) дар Туркманистон Эрик Ливни, Директори генералии Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) Хун Ким, мутахассиси калон оид ба ҳамкории минтақавии Бонки Осиеии рушд (БОР) Доротея Лазаро, иқтисоддони калон оид ба нақлиёти Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) Александр Продан ва дигарон иштирок ва изҳори назар карданд.

Зикр карда шуд, ки Руанда як кишвари хурд дар Африқои Шарқӣ аст, ки мисли Тоҷикистон ва сойири давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рӯйхати СММ иборат 32 кишвари рӯ ба тараққӣ ва бидуни роҳи баромадан ба баҳр дохил мешавад.

Роҳҳои баҳрӣ то 80% гардиши молҳои ҷаҳонро таъмин мекунанд, аммо 32 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз дастрасии мустақим ба онҳо маҳрум мебошанд. Ин кишварҳо бо хароҷоти баланди нақлиёт ва логистикаи пароканда рӯ ба рӯ ҳастанд, ки онҳоро дар пасманзари иқтисоди ҷаҳонӣ нигоҳ медоранд. Гарчанде ин кишваҳо камтар аз 3% партовҳои глобалии газҳои гулхонаиро ташкил медиҳад, онҳо аз чунин таъсири иқлим ба таври номутаносиб азият мекашанд. Аз ин рӯ, ҳар даҳ сол СММ барои LLDC конфронси алоҳида (форум) ҷамъ меорад, то лоақал  муҳокима гардад, ки чӣ гуна талафоти ҷуғрофӣ  коҳиш дода шавад.

Кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошанд. Шумораи умумии аҳолии онҳо 570 миллион нафарро ташкил медиҳад. Пешрафти ин кишварҳо барои татбиқи Рӯзнома барои давраи то соли 2030 аҳамияти муҳим дорад.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт,  нишасти имрӯза таҷрибаи ғанӣ ва қудрати ташаббусҳои кишварҳои Ҷануби ҷаҳонро ба таври возеҳ нишон медиҳад.Таҷрибаи давлатҳое  амсоли Эфиопия, Руанда ва дигарон аз иқтидори баланди ҳамкорӣ дар хатти «Ҷануб-Ҷануб» (СЮЮ; SSC) ҳамчун воситаи муассири рушд шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, ӯ дар бораи рӯйкарди ҶТ дар расидагӣ ба ҳалли  масоили мавриди назар  сухан ронда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ба рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рақамикунонии онҳо ва такмили логистикаи минтақавӣ нигаронида шудааст.

«Мо пайваста тадбирҳоро оид ба навсозии инфрасохтори нақлиёт, рақамикунонии расмиёти транзитӣ ва ҳамоҳангсозии идоракунии сарҳадӣ амалӣ менамоем, зеро итминон дорем, ки маҳз ин самтҳо қодиранд маҳдудиятҳои сохтории мавҷударо бартараф созанд ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоянд», – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ки 5 август дар  ММС «Аваза» дар Туркманистон баргузор гардид, чунин изҳор намуданд: «Возеҳ аст, ки таъмини рушди устувор ва рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохтории кишварҳои маҳсур дар хушкӣ танҳо тавассути роҳандозии василаҳои муассир, имконпазир аст. Мо бар он назарем, ки ташаккул ва истифодаи самараноки иқтидори  долонҳои нақлиётиву транзитии ин кишварҳо дар ноил шудан ба ин ҳадафҳо   мусоидат хоҳад кард».