Дирӯз дар ММС «Аваза» дар Туркманистон, ки дар он ҷо Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва маҳсур дар хушкӣ идома дорад, ҷаласаи мувозӣ дар мавзӯи «Нақлиёти устувор барои LLDC: иқтидори ҳамкории “Ҷануб-Ҷануб”» баргузор шуд.
Ҷаласаро Директори Раёсати СММ оид ба ҳамкории «Ҷануб-Ҷануб» Дима Ал-Хатиб ифтитоҳ намуд.
Дар ҷаласа Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон, муовини Вазири нақлиёти Узбекистон, Президенти Бонки Осиёии сармоягузорӣ ва рушд, Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони намояндагиҳои минтақавии институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигарон шикат варзиданд.
Таваҷҷуҳи иштирокчиён ба аҳамияти муттаҳид сохтани талошҳо ва ҳамкорӣ барои таъмини рушди устувори Ҷануби ҷаҳонӣ равона карда шуд. Зикр гардид, ки сарфи назар аз як қатор мушкилоти мавҷуда, кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва бидуни роҳи баромадан ба баҳр (кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ, КТМХ; Landlocked Developing Countries, LLDC) дорои иқтидори устувори рушди иқтисодӣ, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ ва меҳнатӣ мебошанд. Ин таваҷҷӯҳи сармоягузоронро ҷалб менамояд ва барои ҳамгироии кишвапрҳои LLDC ба иқтисоди ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ҷаласа тазаккур дод, ки рушди низоми устувор, фарогир ва бехатари нақлиётӣ яке аз афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ин дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои давраи то соли 2030 ба таври возеҳ инъикос ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба баҳр дастрасӣ надорад, ки ин таъмини робитаи самараноки заминӣ дар саросари минтақаро тақозо менамояд. «Дар ин замина, – гуфт ӯ, – Тоҷикистон, ки дар васати Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, вазифаи баланд, вале иҷрошавандаро дар назди худ гузоштааст, ки ба як маркази боэътимоди транзитии минтақа табдил ёбад. Ин талош барои тақвияти робитаҳои миёни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб: аз баҳри Каспий то Чин ва Муғулистон, аз Русия то Афғонистон ва Эрон имкониятҳои назаррас фароҳам меорад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, бо як қатор мушкилоти ҷуғрофии худ, амсоли дурӣ аз бозорҳо, арзиши баланди савдо, муҳлати тӯлонии интиқол рӯ ба рӯ ҳастанд. Ҳамаи ин имконияти иқтисодиро бозмедорад ва ҳамгироиро ба занҷираҳои байналмилалии арзиши иловашуда маҳдуд месозад.
Дар робита ба ин ӯ авлавиятҳои аслиро барои кишварҳои гуруҳи КТМХ номбар кард. Ба ақидаи ӯ, ин кишварҳо ба тадбирҳои оқилонаи логистикӣ, рақамисозии равандҳо дар марз, дастгирӣ дар афзоиши сармоягузорӣ ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва шарикии наздиктар бо давлатҳои транзитӣ ниёз доранд.
Вазир аҳамияти ҷустуҷӯи хатсайрҳои алтернативиро, ки барои дастрасӣ ба бандарҳо ва бозорҳои ҷаҳонӣ бо хароҷоти камтар ва амнияти бештар имкон фароҳам меоранд, махсус таъкид кард.
«Чунин як ибораи маъмул вуҷуд дорад: making logistics simple in a complicated world, яъне содда кардани логистика дар ҷаҳони мураккаб. Дарвоқеъ, дар шароити иқтисоди ҷаҳонии серрақобат маҳз ҳамин чиз – содда кардани логистика ва беҳинасозии (отималикунонии) занҷираҳои логистикӣ яке аз омилҳои калидии муваффақият барои ҳамаи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ мебошад», – хулоса кард Вазири нақлиёти Тоҷикистон.