Оид ба тарғиби Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои дар Паём омада, рузи 23 – декабр дар Вазорати нақлиёт таҳти раёсати вазир Азим Иброҳим ва иштироки роҳбарони идораву муассисаҳои Вазорат ҷаласаи корӣ доир гардид. Вазири нақлиёт нукоти муҳими Паёмро бори дигар ба чамъомадагон хотиррасон намуда, ба масъулини соҳа супориш дод, ки чиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо нақша – чорабинӣ таҳия ва аз руи он фаъолиятро роҳандозӣ кунанд.
Мутасаддиёни соҳа ҳамчунин супориш гирифтанд, ки маълумоти аниқро оид ба шумораи нақлиёт дар кишвар муйян ва пешниҳод намоянд.
Дар заминаи эълон кардани “Солҳои 2022 – 20026 – солҳои рушди саноат” дар Вазорати нақлиёт эълон кардани “Соли 2022 - соли роҳҳои маҳалии обод” – ро таҳия ва пешниҳод кунанд.
Масъулини соҳа ҳамчунин супориш гирифтанд, ки оид ба дасуру супоришҳои дар Паём ироагардида дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.