Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар амалиёти молиявии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, ба зиёда аз 82% расид.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», айни замон ҳисобу китоб ва дастрас намудани музди меҳнати кормандони вазорат (аз ҷумла пардохти рухсатӣ, сафархарҷӣ, кӯмакпулӣ, варақаи маъюбӣ ва ғайра), пардохти ҳама гуна андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ (барқ, об, партовҳо), алоқа ва интернет, инчунин хариди молу маводи канселярӣ ва кишоварзӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, чархҳои резинӣ, либос ва пойафзоли махсуси корӣ, муми моеъ ва аломатҳои роҳ пурра тариқи интернет бо истифода аз низоми ҳисоббарории электронӣ оид ба назорати молиявии давлатӣ дар Тоҷикистон TFMIS SGB.net (Tajikistan Financial Management Information System) амалӣ карда мешавад.
Алҳол беш аз 4 ҳазор корманди вазорат ва муассисаҳои тобеи он аз кортҳои пластикии бонкӣ, инчунин 23 адад рамзҳои QR, хизматрасониҳои 137 POS-терминалҳои бонкҳои ватанӣ, инчунин замимаҳои мобилии ташкилотҳои молиявии кишвар истифода мебаранд.
Дар терминалҳо, нуқтаҳои тарозуи мошинҳои боркаш ва корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми пардохти хизматрасниҳо тавассути интернет дар баробари кортҳои бонкӣ ҳамёнҳои электронӣ истифода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июли соли 2023 таҳти рақами 586 ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва молиявӣ супориш дода шудааст, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани рухсатномаю иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ ва ғайра, инчунин қабули маблағҳои пулӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатиро дар шакли ғайринақдӣ амалӣ намоянд.