Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард

Санаи нашр: 22-08-2025 Просмотрено: 5447

20 август мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитзюн баргузор гардид.

Зимни мулоқот Вазири нақлиёти Тоҷикистон Го Жиҷунро бинобар таъйин шудан ба вазифаи нав табрик намуда, ҷиҳати таҳким ва густариш додани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбиҳо  орзу кард.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт ибрози назар карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар бунёди роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаҳои «Абай – А. Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров»,   буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» ва сохтмони пул аз болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А.Қаҳҳоров» дар пойтахт ба мувофиқа расиданд.

Мавриди зикр аст, ки таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои мазкур ба анҷом расонида шудааст ва раванди мувофиқанамоии он бо ҷониби  Чин идома дорад. Баъд аз мувофиқа намудан, таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва   интихоби пудратчӣ корҳои асосии сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Дар мулоқот масъалаҳои пешбурди долонҳои байналмилалии нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо», «Чин-Тоҷикистон-Афғонистон», тавассути ин кишварҳо дастрасӣ ба бандарҳои обии байналмилалии «Чобаҳор»-и Эрон ва  «Карочӣ-и Покистон, инчунин ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар  дар соҳаи нақлиёт   дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ гардида, интиқоли бемамонияти молу маҳсулот тариқи гузаргоҳи сарҳади давлатии «Кулма-Қаросу» дар доираи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории механизми муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Чин  сурат мегирад.

Ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи нақлиёт, бо назардошти манфиатҳои тарафҳо, дар доираи  созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии СҲШ, ЭСКАТО СММ ва барномаи  «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, ҲИМОМ» (The Central Asia Regional Economic Cooperation,CAREC) низ ба роҳ монда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» соли 2013 аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин пешниҳод шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сарварони давлатҳо аз аввалинҳо шуда, ин ташаббусро дастгирӣ намудданд. Маҳаки фалсафии «Як камарбанд, як роҳ» дар шароити буҳронии муосир зери як камарбанд ба ҳам омадан ва дар як роҳ равона шудан  ба сӯи рушду созандагӣ мебошад. Ин роҳ ба ташаккули долонҳо энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст.

Ташаббус се шакли роҳ — мошингард, роҳи оҳан ва роҳи баҳриро дар бар мегирад, ки онҳо боз ба се шоха — шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ ҷудо мешаванд. То имрӯз 130 созишномаи гуногун миёни беш аз 100 давлати ҷаҳон, ки ба масири «Як камарбанд, як роҳ» пайвастаанд, ба имзо расидаанд.

Ташаббуси мазкур метавонад барои Тоҷикистон манбаи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030» ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад.

Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи ин ташаббус лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон» мебошад, ки дар доираи он бунёди 93 км роҳ, 2 адад нақб бо дарозии умумии 5,2 км, 5 адад долони зидитармавӣ бо дарозии умумии 602 метр, 15 адад пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои ҳимоявӣ, 151 адад иншоотҳои сунъӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.